Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳодҳои Зарифӣ ба NATO


Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, ҳангоми сафари худ ба ситоди Паймони Атлантики шимолӣ, воқеъ дар Бруксели Белжик, хостори ширкати он дар таҳкими зербиноҳои гумрукӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон шуд.


Ба иттилоъи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, вазир Ҳамроҳхон Зарифӣ ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки NATO дар таълими марзбонҳо ва кормандони гумруки Тоҷикистон саҳм бигирад.


Ин пешниҳодҳо дар ҷараёни дидору гуфтугӯи вазири хориҷаи Тоҷикистон бо Дабири кулли NATO Яап де Ҳуп Схефер дар Бруксел ироъа гардиданд.
XS
SM
MD
LG