Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳо дар масҷиди Лаъли Исломобод


Бар асари як задухӯрд дар шаҳри Исломообод, пойтахти Покистон, дар атрофи масҷиди Лаъл 11 нафар кушта ва дастикам 150 нафар захмӣ шуданд.


Гуфта мешавад, даргирӣ дар ин масҷид, ки дар канори он мадраса ҳам ҷойгир аст, чанд соат идома кардааст. Ба гуфтаи вазири умури дохилии Покистон Офтоб Аҳмадхон Шерпо пулис бар зидди тазоҳуроти толибилмон аз гази ашковар истифода кардааст. Дар посух донишҷӯён тир кушодаанд ва чанд нафарро куштаанд.


Дар ҳамин ҳол мақомоти ҳукумати Покистон устодон ва шогирдони ин мактаби мазҳабиро сабабгори даргириҳо мешуморанд ва мегӯянд, ки ходимони масҷид ва толибилмони мусаллаҳи мадраса чанд моҳ боз амрҳои мақомоти ҳукуматиро ошкоро нодида мегирифтаанд.


Вале имоми масҷиди Лаъл ё «масҷиди сурх» Қозӣ Абдуррашид мегӯяд, ки ҷангро толибилмон оғоз накардаанд, балки маҷбур шудаанд, аз худ дифоъ кунанд.


Тибқи ахбори охирин, дар ҳоле, ки рӯёрӯӣ ҳамоно идома дорад, нерӯи пулис масҷидро дар муҳосира гирифтааст ва дар шаҳр низ вазъи фавқулодаву қуюди шабгардӣ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG