Пайвандҳои дастрасӣ

Алан Ҷонстон - дар озодӣ


mm

Хабарнигори Би-Би-Си дар Ховари Миёна Алан Ҷонстон пас аз чор моҳи асорат ва таҳдидҳоои қатл ба озодӣ баромад. Ӯро рабояндагонаш субҳи имрӯз ба дасти намояндагони Ҳамос супурданд.


Раҳбари Ҳамос Холид Машъал аз ин иқдом истиқбол кард ва гуфт, фаластиниҳо аз рабуда шудани Ҷонстон андӯҳгин буданд. Ҷонстон ягона хабарнигори ғарбӣ буд, ки ба таври доимӣ дар Ғаза кор мекард. Вай рӯзи 12-ҳуми март бенишон шуд ва рабояндагонаш худро намояндагони Артиши Ислом меномиданд ва таҳдид мекарданд, ки ӯро хоҳанд кушт.


Гуфта мешавад, гаравгонгирон нахуст талаб пеш ниҳода буданд, ки ин хабарнигори инглисро танҳо баъди аз зиндонҳои Бритониё ва Урдӯн озод шудани маҳбусони фаластинӣ озод хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG