Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон талафот медиҳанд


Дар вилояти Қандаҳори Афғонистон бар асари як амалиёти муштараки нерӯҳои ҳукуматӣ ва низомиёни NATO алайҳи мусаллаҳони гурӯҳи «Толибон» 33 тан аз мухолифини ҳукумат кушта шуданд.


Волии Қандаҳор Асадуллоҳи Холид дар ин робита гуфт, ки шаби гузашта дар як амалиёт дар минтақаи Зарии вилоят ҳамчунин чаҳор нафари гумонбар ба узвият дар ҷунбиши «Толибон» боздошт гардидаанд ва дар ин амалиёт касе аз низомиёни афғон ва NАТО зиён надидааст. Ӯ афзуд, ки ин даргирӣ баъди он ба вуқӯъ пайвастааст, ки дирӯз дар ин мавзеъ бар асари инфиҷори як бомби канори роҳ 8 корманди пулиси Афғонистон ба ҳалокат расид.


Ин ҳам дар ҳолест, ки имрӯз дар шаҳри Рум, пойтахти Итолиё, як конфаронси вижаи байнулмилалӣ, ки ба мавзӯъи роҳҳои таъмини авлавияти қонун дар Афғонистон бахшида шуда буд, ба поён расид. Кишварҳои ширкаткунандаи ин ҳамоиш изҳор карданд, ки омодаанд дар ин самт ба Афғонистон ба миқдори 360 миллион доллари амрикоӣ кумак кунанд


Дар ин Дар нишаст ҳамчунин раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай, Дабири кулли Созмони милали муттаҳид Пан Ки Мун ва дабири кулли NАТО Яап Де Ҳуп Схеффер ширкат карданд.
XS
SM
MD
LG