Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

28 ҳазор довталаби курсии донишҷӯӣ


Нуриддин Саидов сардори раёсати мактабҳои олии вазорат мегӯяд, дар назар аст, ки дар 28 муассисаи таҳсилоти олии Тоҷикистон ҳудуди 28 ҳазор донишҷӯ қабул шавад: «Дар назар аст, ки дар яке аз донишгоҳҳо факултаи омори бонки таъсис ёбад. Гузашта аз ин факултаи забон ва адабиёти рус дар донишгоҳи давлатии милли Тоҷикистон ва донишгоҳи омузгорӣ таъсис ёфтааст. Илова бар ин намояндагии донишгоҳи омузгорӣ дар ноҳияи Рашт ба кор шурӯъ мекунад.»



Тибқи мушоҳида таваҷҷуҳи довталабон чун ҳамешагӣ ба факултаҳои омӯзиши забони хориҷӣ, ҳуқуқ, журналистика, муносибатҳои байналмилалӣ ва иктисодиёт афзун аст. Алишер Ҷураев котиби масъули комисия қабули донишгоҳи омузгорӣ мегӯяд, қабули ҳуҷҷатҳоро онҳо аз 20 июн оғоз кардаанд ва то имрӯз беш аз 100 нафар довталаб ҳуҷҷат супоридааст: «Дар байни 11 факулта ва 13 равияҳо талабгорони фпакултаҳои омузиши забонҳои хориҷӣ, таърих ва ҳуқуқ хеле зиёд аст.»



Дар ҳамин ҳол Алишер ва Мардонқул довталабони донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз ноҳияи Панҷакент дар мавриди шаффофияти имтиҳонот чунин мегӯянд: «Мо боварӣ дорем, ки бе восита ва бо дониши худ дохил мешавем.Соли гузашта гуфтанд, ки ҳама бачаҳои камбизоату босавод дохил шуданд, имсол ҳам умед дорем ки чунин шавад» .


Алишер Ҷураев котиби масъули комисияи қабули донишгоҳи омузгорӣ мегӯяд, нисбат ба солҳои қабли имсол, назорат шадид ва роҳҳои нави қабули имтиҳон ҷорӣ карда шудааст, ки аз низоми тестӣ кор гирифта мешавад ва ин имкони тақаллуб ҳангоми имтиҳонотро кам мекардааст: «Рақамгузорӣ мешавад ва устод зимни тафтиши иншо шахсияти довталабро намедонад. Ин барои пешгирии ришвахорӣ мусоидат мекунад.»


Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад тибқи қарори вазорати маориф мавсими супоридани ҳуҷатҳо ба донишгоҳҳои олии кишвар то охири ҳамин моҳ идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG