Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваҷҷӯҳи НАТО ба Тоҷикистон


Созмони қарордоди атлантикаи шимолӣ - НАТО имкони маблағгузории тарҳҳои минрубӣ дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ин матлаб дар пайи мулоқоти ахири Ҳамрохон Зарифӣ - вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар қароргоҳи ин созмон дар шаҳри Брюссел бо дабири кулли ин созмон Яап де Хооп Схеффер баён шудааст.


Бино ба иттилоъи сомонаи интернетии вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, дар ин мулоқот дар канори баррасии маҷмӯъи масоили равобити Тоҷикистону НАТО, ҳамчунин масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дабири кулли НАТО зимни ин дидор аз нақши Тоҷикистон дар бозсозӣ ва истиқрори амнияту субот дар Афғонистон қадрдонӣ кардааст.


Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба навбаи худ таъкид намуд,ки кишвараш омода дар бозсозии кишвари ҷангзадаи Афғонистон аз ин ба баъд низ саҳм бигирад.Дар ҷараёни мулоқоти анҷом шуда ҳамчунин оқои Зарифӣ ва Яап де Хооп Схеффер - дабири кулли НАТО дар мавриди вазъияти Ироқ ва барномаи ҳаставии Ирон аст низ табодули афкор намуданд
XS
SM
MD
LG