Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон аз марзҳои худ бо Тоҷикистон нигарон аст


Мақомоти Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир матни изҳороти ҳамтоёни узбакашонро мавриди шиносоӣ қарор додаанд ва пас аз омӯзиши ин баёния вокуниши расмии ҷониби Тоҷикистон ба бор хоҳад омад. Ҳамзамон як масъули сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба радиои Озодӣ гуфт, айни ҳол ҷараёни аломатгузории марзи Тоҷикистону Узбакистон идома дорад ва пахши ҳар гуна баёнияҳо барои анҷом додани ин раванд халал ворид мекунад. Манбаъ афзуд, моҳи январи соли равон мақомоти марзбонии Тоҷикистону Узбакистон ба чунин мувофиқа омаданд, ки ҳар гуна қазияву масъалаи вобаста ба марзи миёни ду кишварро танҳо бо роҳи мусолиҳа ва бидуни ширкати расонаҳои хабарӣ матраҳ хоҳанд кард.



Ва аммо дар баёнияи расмии Кумитаи марзбонии Узбакистон, ки дар расонаҳои хабарӣ интишор шудааст, омадааст, иддае аз марзбонони тоҷик қавоиди амал дар минтақаҳои марзиро мешикананд ва худсариҳо нишон медиҳанд. Сар аз соли 2006 бад-ин сӯ, ба гуфтаи мақомоти марзбонии Узбакистон, дар минтақаҳои марзии Тоҷикистон 96 мавриди ҳамла ба ҷони марзбонони узбак ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа марзбонон захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Ҳамзамон дар соли ҷорӣ марзбонони узбак дар сарҳади Тоҷикистону Узбакистон дуюним кило ва дар соли 2006 35 килограмм маводи мухаддар кашфу мусодира кардаанд, ки ин ҳам боиси нигаронии ҷониби Узбакистон шудааст.



Ва аммо Аваз Юлдошев, сухангӯи Ожонси назорат бар маводи мухаддари назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, бо ин далелҳо намешавад гуфт, муносиботи Узбакистону Тоҷикистон халалдор мегардад, чун мақомоти Тоҷикистон дар марзи Узбакистон ба миқдори бештар аз ин маводи мухаддар кашфу забт кардаанд: «Дуюним кило ҳероинро, ки гӯё марзбонони узбак аз шаҳрвандони Тоҷикистон гирифтаанд, инро беш аз ҳангома дигар чизе арзёбӣ кардан мумкин нест. Бояд бигӯям, ки танҳо дар шаш моҳи соли 2007 танҳо аз сӯйи кормандони Ожонси мо 12 шаҳрванди Ӯзбекистон бо ҷурми қочоқи маводи мухаддар дар қаламрави Тоҷикистон боздошт шуданд. Ҳамзамон дар марзи Ӯзбекистон кормандони Ожонси мо 300 кило маводи мухаддар кашфу мусодира кардаанд. Мо дар ягон ҷо даъво ҳам накардем, ки ин ба амнияти Тоҷикистон хатар эҷод мекунад. Худи ин изҳорот як ҳангомаро мемонад. Дар ин бора дигар чизе наметавонам бигӯям».




Ин дар ҳолест, ки коршиносон мегӯянд, ҷониби Узбакистон бо пахши баёнияҳо дар мавриди муташанниҷ гаштани авзоъ дар марзи худ бо Тоҷикистон мехоҳад, масъалаи бекор кардани низоми раводидро ба таъхир андозад. Узбакистон пас аз шомил шудан ба Созмони ҳамкориҳои иқтисодии АвруОсиё ваъда дода буд, ки давоми як соли баъд аз узвият мушкилоти низоми раводид бо кишварҳои узви ин созмонро ҳал хоҳад кард. Вале бо гузашти беш аз як сол ҳам ин ваъда иҷро нашуд. Маҳдӣ Собир, коршиноси масоили амниятӣ: «Ба қарибӣ моҳи октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон саммити сарони кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад, ки Тоҷикистону Узбакистон дар ҳайати ин саммит мебошанд. Ва яке аз масъалаҳои асосӣ, ки дар ин нишаст баррасӣ бояд шавад, ин кушодани сарҳадот, бардоштани нуктаҳои гумрукӣ аст. Ва ба ин хотир ки Узбакистон ин чизҳоро намехоҳад, бо пахши ин изҳоротҳои бепоя мехоҳад нишон диҳад, ки авзоъи Тоҷикистон ҳамоно нигаронкунанда аст ва намехоҳад низоми раводидро тибқи шартҳои Созмони ҳамкориҳои иқтисодии АвруОсиё бекор кунад».



Тоҷикистон бо Узбакистон ба дарозии 1363 километр марз дорад ва хабари марзшиканию ҷилавгирӣ аз қочоқи ҳар гуна молу маводи мамнӯъ ба назар чунин менамояд, ки дигар нав нест.
XS
SM
MD
LG