Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Душанбе-1 - қаҳрамони волейболи Тоҷикистон - 2007


Мусобиқоти қаҳрамонии волейболи кишвар бо ширкати панҷ дастаи мунтахаби занона - дутимӣ аз вилояти Суғду шаҳри Душанбе ва дастаи мунтахаби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар толори нави варзишии «Чемпион»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор шуд.

Дастаи Душанбе-1, ки бар ҳамаи рақибони худ ғолиб омад, бо 8 имтиёз соҳиби ҷойи аввал гардид. Дастаи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо 7 имтиёз дар ҷойи дуввум қарор гирифт. Дастаи Суғд-1 бо 6 имтиёз ҷойи севвумро касб кард.

Элмурод Тағоев, масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт: «Мо ба рушди волейбол дар кишвар, бахусус миёни занон таваҷҷӯҳи зиёд дорем. Вале, мутаассифона, теъдоди дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқоти қаҳрамонии волейболи кишвар кам буд, ҳол он ки дар вилояти Хатлон, шаҳру навоҳии тобеъи марказ ва водии Рашт низ волейболбоздухтарони бомаҳорат бисёранд ва онҳоро метавон дар дастаҳои мунтахаби минтақавӣ ҷамъ овард.»

МУСОБИҚОТИ ФУТБОЛИ ЛИГАИ АВВАЛ

Бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқоти лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дастаи «Рангонгаз»-и Рӯдакӣ дар майдони худ бар тими «Ҳосилот»-и Фархор бо натиҷаи 5 бар 3 пирӯз шуд. Дидори дастаи «Хайр-Ваҳдат»-и Ваҳдат бо тими меҳмон - «Равшан»-и Кӯлоб бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт.

Бад-ин тартиб «Рангонгаз» бо 10 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифтааст. «Равшан» бо 7 имтиёз дар зинаи дуввум ва «Хайр-Ваҳдат» бо 4 имтиёз дар зинаи севвум ҷойгир шудаанд.
XS
SM
MD
LG