Пайвандҳои дастрасӣ

«Генплан»- и Девдара


Амирхон Миров, сокини маҳаллаи Девдараи ноҳияи Варзоб аст, ки ҳамакнун зери фишори ҳукумати ноҳия қарор дорад ва дар сурати адами расидагии додситонӣ ва дастгоҳи раъиси ҷумҳур ба қазияи ӯ, мегӯяд, маҷбур аст, манзили маскунии худро тарк кунад. Ӯ танҳо нест. Дар баробари оқои Миров, ҳудуди сӣ хонаводаи дигари ин маҳалла аз дастгоҳи раёсати ҷумҳур тақозо кардаанд, то ба доди онҳо бирасад. Аммо ҳанӯз ба номаҳои ирсолкардаи онҳо аз ҷониби додситонии кулл ва дастгоҳи президент Раҳмон посухе нарасидааст: «Ба Эмомалӣ Раҳмон ду бор нома навиштем. Номаҳои мо рафта расиданд ва боз ба оқиб, ба ҳукумати ноҳияи Варзоб, баргашта омаданд. Лекин аз дархостномаҳо ба мо ягон маълумот пешниҳод накардаанд. Ҳукумати ноҳия бошад, заминҳои моро ғайриқонунӣ медонад. Раъиси собиқи ҷамоатро, ки бо эҳтимоми ӯ мо соҳиби ин заминҳои наздиҳавлигӣ гардида будем, дар додгоҳ сафед карданд ва ин мо ҳастем, ки ҳанӯз саргарми ин мушкил мондаем ва намедонем чи кор кунем?»

Ҳукумати ноҳияи Варзоб шурӯъ аз моҳи ноябри соли гузашта аз тақрибан сӣ хонаводаи маҳаллаи Девдараи ин ноҳия талаб кардааст, то хонаҳои худро чаппагардон сохта, ба маҳалли дигар, замини холии Чорбоғ кӯч банданд. Бо вуҷуди он ки соҳибони хонаҳо мегӯянд, барои бунёди дубораи манзилҳои маскунӣ тавони молӣ надоранд, ҳукумат аз тасмими худ рӯ нагардонидааст.

Аммо маъмурони ҳукумати Варзоб дар тамоси телефонии радиои Озодӣ аз ташреҳи ин хабар даст кашиданд ва гуфтанд, ки онҳо мувофиқи қавонини ҷорӣ кор мекунанд. Ба суоли он ки дар ин теппа чӣ сохтмоне бунёд хоҳад ёфт, посухе надоданд.

Дар ҳамин ҳол аз Шӯҳрат Қудратов, як вакили дифоъ мепурсам, ки оё тибқи Қонуни асосии кишвар ҳукумат ҳақ дорад, ки иҷборан одамонро аз хонаҳои худ берун ва хонаҳои истиқоматии эшонро ба хок яксон намояд? Оқои Қудратов афзуд, дар сурати берун кардани мардум аз хонаҳояшон, ҳукумати ноҳияи Варзобро зарур аст, то барои онҳо ё хонаи нав бисозад, ё ҷуброни хонаҳои вайронкардаи онҳоро бидиҳад: «Мақомоти давлатие, ки мехоҳад шаҳрвандонашро аз ҷое ба ҷое бикӯчонад, бояд тибқи қонун арзиши манзили онҳоро муайян кунад ва ба онҳо маблағи онро бидиҳад. Ё дар ҷойи дигар манзилҳои истиқоматӣ сохта, шаҳрвандонро ба он ҷо кӯчонад. Агар мақомот чунин накунад ва шаҳрвандонро маҷбур созад, ки манзилҳои худро тарк кунанд, таъқиби рӯйирост ва нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони як кишвари демукросӣ хоҳад буд».

Ҳамзамон мувофиқи иттилои соҳибони манозили маскунӣ дар маҳаллаи Девдараи ноҳияи Варзоб, аксар сокинони он мавриди фишори кормандони ҳукумати ноҳиявӣ қарор гирифта, як нафар аз фишори баланди хунӣ фавтидааст. Хонум Саъодат Яъқубова, зане соҳиби се фарзанд аст ва шавҳараш ҳафт сол бад-ин сӯ дар Русия мардикорӣ мекунад. Вай гуфт, хушдомани ӯ баробари фаҳмидани хабари ин ки хонаи истиқоматии онҳоро ба замин яксон мекунанд, дарҳол ҷон додааст: «Хушдоманам баробари шунидани ин хабар мурд. Соҳиби се фарзандам ва имкони дубора сохтани хонаро надорам. Ҳар рӯз аз ҳукумат омада мегӯянд, ки хонаҳотонро канед. Агар омада хонаамро вайрон карданӣ шаванд, дар дохили хона ҳамроҳи фарзандон менишинам. Чи коре метавонанд, бикунанд».

Хонум Саъодат низ танҳо нест. Ба монанди ӯ занҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки шавҳару фарзандони онҳо дар Русия ба сар мебаранд. Онҳо низ сари мушкили худ зиёд меандешанд: «Ман дар хонаи писарам зиндагӣ мекунам. Писарам бо сад азобе ин хонаро дар баландие бунёд кардааст, ки об надорад. Ба сари бачаи ман ҳам омаданд. Ҳоҷатхонаашро вайрон карданду рафтанд. Гуфтанд, ки ин дафъа биёянд хонаашро вайрон мекунанд?»
Ин замине, ки ҳоло мавриди таваҷҷӯҳи ҳукумати ноҳияи Варзоб ва боъиси сарсонии сӣ хонавода гардидааст, ду ҳектор андоза дорад ва соли 2003 тибқи як қарордод ба шаҳрвандоне, ки тӯли ин муддат замини наздиҳавлигӣ надоштанд, дода шудааст. Аммо ҳоло соҳибони ин замин намедонанд, доди худро ба кӣ гӯянд ва аз кӣ имдод ҷӯянд.
XS
SM
MD
LG