Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси боз як оҷонси иттилоъотӣ


МИ

Таҳти унвони «Zarafshon Times» як оҷонсии иттилоъотӣ ахиран аз сӯи идораи адлияи вилояти Суғд сабти ном шуд.
Ба гуфтаи муассисон, оҷонсии мазкур барои расонидани иттилоъи дурусту воқеӣ ба сокинони минтақаи Зарафшони Тоҷикистон, ки се ноҳия: Панҷакент, Айнӣ ва кӯҳистони Мастчоҳро дарбар мегирад, оғоз ба фаъолият кардааст.
Ҷумъабой Толибов – мудир оҷонсии «Zarafshon Times» бо радиои Озодӣ гуфт, дар қадами аввал ҳадафи онҳо коҳиш додани халои иттилоъотӣ бо нашр ва паҳн кардани иттилоънома (булетенҳо) барои сокинони минтақаи Зарафшон аст.
Ӯ афзуд, дар ҳоли кунунӣ сокинони минтақаи Зарафшон ба хабарҳои дурусту воқеӣ ва сарвақтӣ дастрасӣ надоранд. Сокинони бархе аз маҳалҳо ҳатто аз дидани шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон маҳруманд.
XS
SM
MD
LG