Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба мулоқоти Буш рафт


Владимир Путин ва ҳамсари ӯ Людмила рӯзи якшанбе вориди манзили хонаводаии Буш, дар маҳалли Кеннебонкпорти аёлати шимолу шарқии Мэйн шуданд. Путин нахустин раҳбари хориҷие аст, ки ба ин хонаи тобистонаи хонаводаи Буш даъват мешавад. Хабарнигори радиои Озодӣ Юрий Жигалкин аз Кеннебонкпорт гузориш дод, ки раиси ҷумҳурии Русияро беш аз як ҳазор тазоҳургар бо шиору таронаҳои эътирозии зидди ҷанги Ироқ истиқбол гирифтанд. Мулоқоти Путин ва Буш бо музокироти дусоатаи ғайрирасмӣ шурӯъ шуд, ки аз назари вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар фазои дӯстона ва бо ҳазлу шӯхӣ ҷараён гирифт: "Онҳо роҷеъ ба вазъи воқейӣ, таҳаввулоти Русияву Иёлоти Муттаҳида ва тавсеаи низомҳои демократии ҳар ду кишвар радду бадал карданд. Ҳарду раиси ҷумҳурӣ хуб дарк мекунанд, ки таҳаввулоти мазкур набояд боиси эҷоди хусумат дар равобити миёни Маскаву Вашингтон шуда ба сиёсатҳои дохилии ин кишварҳо дар робита ба вазъи пешазинтихоботии онҳо таъсир расонад".

Имрӯз қарор аст, раҳбарони Амрикову Русия як нишасти дигаре баргузор карда баъдан ба саволҳои хабарнигорон ҳам посух гӯянд. Ҳарчанд гуфта мешавад, ки таҳаввулоти фавқулоддаро интизор набояд шуд. Чун ҳар ду ҷониб пеш аз пеш огаҳ кардаанд, ки дар итнтиҳои ин мулоқоти 24-соатаи раиси ҷумҳуриҳову мушовирони аршади онҳо, набояд интизори қабули кадом тавофуқномаҳои расмӣ шуд. Мулоқоти ду раҳбар дар шароити таниши афзояндаи миёни Амрикову Русия баргузор мешавад, ки пеш аз ҳама ба мухолифатҳои Маскав барои истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дар хоки Аврупои Шарқӣ робита мегирад. Ҷонибҳо инчунин дар масъалаи таъйини сарнавишти ояндаи Косово, як минтақаи ҷудоихоҳи Сербистон ихтилофи назар доранд. Вашингтон инчунин аз Маскав тақозо дорад, ки фишорро болои Эрон дар масъалаи барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии ин кишвар афзоиш диҳад.
XS
SM
MD
LG