Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳдиди ифротгароӣ ба амнияти Осиёи Марказӣ: аз эҳтимол то воқеъият


Ҳафт гузашта дар як нишасти минтақавӣ вазирони мудофиаи Тоҷикистону Узбакистон иброз доштанд, ки таҳдиду хатари гурӯҳҳои исломии ифротгаро афзоиш ёфтааст.
Дар ин робита шореҳон мустақил эътироф мекунанд, ки то ҳадде минтақаи Осиёи Марказӣ бо таҳдиди гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ мувоҷеҳ аст, вале онҳо меафзоянд, ки одатан раҳбарони кишварҳои минтақа хатари гурӯҳҳои ифротиро муболиға намуда, худро ҳамчун "муборизони хатти аввали ҷабҳаи зидди терроризм" намоиш медиҳанд. Ба гуфти ин шореҳон дар арафаи нишсати раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шангҳай, ки моҳи оянда дар Бешкек доир хоҳад шуд, ин қабил ҳушдорҳо бештар мешавад.
Раёсати амниятии миллии Афғонистон эълон кард, ки дар тӯли даҳ рӯзи ахир дар вилоятҳои шимолии Ҷавзҷону Форёб камаш ҳафт ҳафт пайрави Ҳаракати Исломии Узбакистонро дастгир кардааст. Дар Тоҷикистон ҳам моҳи гузашта даҳ нафар бо айни иттиҳомот ба ҳабс гирифта шуданд.
Дар нишасти минтақавии Бешкек вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев бо ишора ба наздикшавии замони ҷамъоварии ҳосили майдонҳои кишти маводи мухаддири Афғонистон гуфт, ки моҳҳои оянда таҳдиди гурӯҳҳои ифротгаро афзоиш меёбад: «Аснои сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Бешкек фармондеҳони низомии Тоҷикистоун Узбакистон иброз доштанд, ки барои ҷилавгирӣ аз вуруди ҷангҷӯёни Ҳаракати Исломии Узбакистон назорати марзҳои ду ҷумҳурии собиқ Шӯравии Осиёи Марказӣ бо Афғонистон таҳким меёбад».

Аммо сарфи назар аз изҳороти сершумори мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ аксари шореҳони мустақил мегӯянд, ки шаҳодати кофӣ барои тасдиқи иддаои афзоиши фаъолиятҳои ҷангҷӯёни исломӣ дар Осиёи Марказӣ мушоҳида намешавад. Ба қавли шореҳони мустақил ҳадаф аз ин иқдомҳо яке ҳақ баровардани таъқиби дигарандешӣ ва дигаре худнамоист, зеро мақомоти минтақа мехоҳанд худро ҳамчун бахши муҳимми мубориза бар зидди терроризм нишон диҳанд.
Майкл Ҳол раиси барномаи Гурӯҳи пажӯҳиши бӯҳронҳо дар Осиёи Марказӣ мегӯяд, дар арафаи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шангҳай, ки моҳи август дар шаҳри Бешкек барпо мешавад, ин гуна изҳорот бештар хоҳад шуд. Ҳол меафзояд, баъд аз оғози амалиёти зидди террористии зери раҳбарии ИМА дар Афғонистон нуфузу таъсири Ҳаракати Исломии Узбакистон коҳиш ёфтааст: "Эҳтимол имрӯз дар Осиёи Марказӣ фақат бахшҳои парокандаи Ҳаракати Исломии Узбакистон боқӣ монда бошад. Аммо то кадом ҳудуд онҳо бо боқимондаҳои Ҳаракати Исломии Узбакистон дар Покистон иртибот доранд ва то кадом ҳудуд оҳно ба роҳандозии амали террористӣ қудрат доранд, ба фикрам дар ин ҷабҳа ироа намудани изҳороти возеҳ хеле ҳам душвор аст. Ба фикрам дар ҳолатҳои бисёр миқёси ин таҳдид аз будаш зиёд нишон дода мешавад".

Дар ҳамин ҳол Метю Клеменс муҳаррири гурӯҳи иттилоотии Ҷейнси Британия мегӯяд, бузургтарин таҳдиди Осиёи Марказӣ ин таъқиби озодиҳои диниву сиёсӣ ва ҳамзамон бо он камбуди имконоти иқтисодиву иҷтимоии мардуми оддӣ мебошад, ки масъулияти ин вазъ бар дӯши мақомот аст: "Ман бар ин ақидаам, ки хатари ба ифрот рӯ овардани ин аносир қабл аз ҳама бо фаъолиятҳои ҳукумат иртибот дорад. Ин мардум фикр мекунанд, ки некӯаҳволии иҷтимоиву иқтисодиашон барои ҳукумат зиёд аҳамият надорад. Ҳамчунин онҳо эҳсос мекунанд, ки афкори сиёсияшон намояндагии воқеӣ надорад. Аз сӯе ҳам ҳукумат мардумро мавриди таъқиб қарор додааст ва ин амал зоҳиран боиси авҷ гирифтани эҳсоси ифротгароӣ мегардад".

Шореҳи тоҷик Ҳикматулло Сайфуллозода мегӯяд, дар миёни мардуми Осиёи Марказӣ пуштибонӣ аз гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ бузург нест, вале баъзан ҳукуматҳо бо ин баҳона озодиҳои динии мардумро зери фишор қарор медиҳанд. Ӯ мегӯяд, ин гурӯҳҳо камбудиҳои ҳукуматҳоро ба наъфи худ истифода мебаранд.
Шореҳони байналмиладиву маҳаллии Осиёи Марказӣ ҳамагӣ бар ин назаранд, ки шояд Ҳаракати Исломии Узбакистон ба роҳандозии ҳамлаҳои ҷудогонаи террористӣ қодир бошад, вале аз эҳтимол дур аст, ки гурӯҳи ёдшуда ба ноором намудани минтақа дар миқёси бузург тавоноӣ дошта бошад.
Шореҳон ба зарурати ислоҳоти демократӣ ва аз ҷумла тавсеаи озодиҳои диниву сиёсӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум аз роҳи мубориза бо фасод ва ташкили имконоти кории бештар ишора мекунанд.
Ба гуфти Метю Клементс феълан хатари аз ҳама зиёд нооромии иҷтимоии ин минтақаи дучори қашшоқӣ мебошад, ки метавон дар шакли мухталиф зуҳур намояд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG