Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бӯҳронии амниятӣ" дар Бритониё


Ҳукумати Бритонё дар ин кишвар вазъи "буҳронии амниятӣ" эълон кардааст. Ин болотарин сатҳи тадобири амниятӣ дониста мешавад. Вазъи буҳронии амниятӣ дар Бритонё замоне элон шуд, ки пулиси ин кишвар ҳамлае дар фурудгоҳи Гласгоуро ба ду мошини бамгузоришудаи Лондон иртибот дод. Дар робита бо ин ду ҳодиса, ки онро коршиносон амали террористӣ арзёбӣ кардаанд, чаҳор нафар боздошт шудаанд. Дар робита бо ҳодисаи фурудгоҳи Гласгои Искотланд ё Шотландия ду нафар боздошт шудаанд ки яке аз онҳо шадидаан дучори сухтагӣ шудааст. Рузи шанбе мошине дар фурудгоҳи Гласго вориди терминоли аслӣ шуд ва ронанда онро мустақиман ба суи дарвозаи аслии вурудӣ ронд. Мошин ба дарвоза бархурд ва оташ гирифт. Касе дар ин ҳодиса кушта нашуд ва оташро ба зудӣ хомуш карданд. Вале пулис онро ҳодисаи террористӣ арзёбӣ кард. Бархурди мошин ба дарвозаи фурудгоҳи Гласгоу баъд аз 36 соъати кашфи ду мошини бамгузоришуда дар маркази лондон рух дод. Дар ин ду мошин маводи сухт, зарфҳои пур аз гоз ва мех пайдо шуд ва мошинҳоро барои мунфаҷир сохтан омода карда буданд. Виллӣ Рэ-пулиси Искотланд, ки расидагӣ ба ҳодисаи фурудгоҳи Гласгоро раҳбарӣ мекунад, мегуяд, ки ҳодисаҳои Лондон ва фурудгоҳи Гласгоу бо ҳам иртибот доранд: "Ман метавонам таъйид кунам, ки ба бовари мо ҳодисаи фурудгоҳи Гласгоу бо ҳодисаҳои рузи ҷумъаи Лондон иртибот доранд. Нишонаҳои онҳо ба таври рушан ба ҳам монанданд ва мо метавонем онро ҳодисаи террористӣ арзёбӣ кунем".
Пулис мегуяд, шаби шанбе ба якшанбе ду нафари дигарро дар робита бо ҳодисаи Лондон ва Искотланд боздошт кардаанд. Дар бораи ин боздошт пулис ҷузъиёти дигаре нашр накардааст. Гордон Браун-нахуствазири Бритонё, ки 27-уми июн ин мақомро аз Тонӣ Блэр қабул кард, аз мардуми Бритонё хост, ки ҳушёр бошанд. Вай ҳамчунин дар робита бо ин ҳодисаҳо аз эълони вазъи буҳронии амниятӣ дар Бритонё ҷонибдорӣ кард ва гуфт, дар чунин ҳолат вуқуъи ҳар гуна ҳамла имкон дорад: "Амнияти ҳамаи мардуми Бритонё нахустин вазифаи ҳукумат аст. Бинобар ин боло бурдани сатҳи амният дар фурудгоҳҳо ва ҷойҳои пуродам дар чунин вазъи таҳдидомез дуруст аст".

Моҳи июли соли 2005 дар нақлиёти Лондон чаҳор нафар тундравони исломӣ худро мунфаҷир сохтанд, ки дар натиҷа 52 нафар ба қатл расида буданд.
XS
SM
MD
LG