Пайвандҳои дастрасӣ

Сулҳи Тоҷикистон: Мусбат ё манфӣ?


Гуфтугӯ бо файласуфи машҳури тоҷик Акбари Турсонзод, ки беш аз 15 соли охир дар Амрико ба сар мебарад, ҳамеша шабеҳи боз кардани даричае ба боғистони сарсабз аст. Ҳар гиёҳу дарахти ин ҳаёт, ки ҳарчанд дар назари аввал ба бешазори беохир мемонад, дар асл дақиқан дар ҷои муайян ва мушаххас мерӯяд ва таъиноти дақиқи заминию кайҳонӣ дорад. Фаҳмидани маъниҳои ошкору пинҳони рустаниҳои афкори ӯ осон нест ва гоҳе бо бардоштани баргҳои зуф ё шохаи ёс, дар зери онҳо наргис ё қорчҳоеро кашф хоҳед кард. Биноан, фақат шунидани суханони ӯ дар ҷараёни барнома кофӣ нест, балки бояд ин ҳуруфро бозу боз батакрор хонд ва сари онҳо фикр кард. Агар дар ибтидо суханони ӯ сахт илмию хушк ба назар расанд, дар интиҳо қоил хоҳед шуд, ки чӣ гуна арзишдиҳии дақиқ доранд, манзараро қабат ба қабат боз мекунанд ва аз мантиқи фӯлодии онҳо ҷои гурез нест. Дар оғози сӯҳбат барои вижабарномаи "Фақат ба хотири сулҳ" аз ӯ пурсидам, нигоҳи фалсафӣ ба сулҳи Тоҷикистон оё чӣ андеша ва ҷамъбандиҳоеро ба миён меорад?

Акбари Турсонзод: Саволатон айни муддаост. Фалсафа бо вуҷуди он ҳама тоқагурезиву кулпарастиҳояш зода ва идомаи ақли салим аст. Ин нирӯи ақлонӣ зотан пайвандгарост, яъне миёни ҷинсҳо, чизҳо ва фикрҳои зоҳиран пароканда алоқаву иртиботро меҷӯяд, то онҳоро ба ҷумлагӣ тамомияти ваҳдонӣ бахшад.

Сулҳ -- фақат пули равобити сиёсӣ нест, ки ду тарафи даргир ва ё ду гурӯҳи ҷангзадаро ба созишу осоиш меоварад; вай омили маънавӣ ҳам мебошад, ки барои ба гирди як дастархони муштаракулманофеъ ҷамъ шудани мухолифону муқобилон ҳам шарту шароити мусоид фароҳам меоварад. Аз назари фалсафа сулҳ як навъ гузаргоҳест миёни ду марҳилаи таърихӣ -- харобкорӣ ва ободонӣ. Ба ин маънӣ сулҳ дар баробари анҷоми иқдоми гузашта будан оғози кори оянда низ мебошад, ки самту равандаш на танҳо ба иродаи сиёсии дастандаркорон, балки ба дараҷаи масъулиятшинохтии иҷтимоии онон низ сахт вобаста будаст.

Ғояти тааҷҷуб аст ё таассуф, ки тоифаи инқилобгарони ҷумла макону замонҳо, ки ҷидду ҷаҳди ифротишон ба хотири беҳбудии халқу кишвар будаст, як чизи оддиро ба некӣ дарк накардаанд ва дар оянда ҳам гумон аст, ки дарк намоянд: роҳи касби қудрат ва рушди миллат аз масири созандагӣ мегузарад, на вайронгарӣ. Ҳарчанд ки ҳама медонад: чизи бударо шикастан аз бунёд кардани чизи набуда ба маротиб душвортар аст. Вақте ки баҳори соли 1992 мо, се нафар аз аҳли илму фарҳанг (Отахон Латифӣ, Лоиқ Шералӣ ва банда) ба миёнҷигарии сиёсӣ пардохта будем, силоҳамон айнан ҳамин сабақу ҳикмати таърих буд.

Ҳангоми омода кардани матни созишномаи расмӣ дар бобати ба ҳайъати ҳукумат пайвастани намояндагони мухолифин ману Лоиқ то бевақтии шаби 6-ми майи соли 1992 дар бӯстонсарои давлатӣ баҳс доштем. Ман талқину таъкид мекардам, ки аз "мусолиҳа" дида "муросо"-ро кор фармудан салоҳтар аст. Баҳси мо ба сурат луғатшинохтӣ буд, аммо ба сират културологӣ ва политологӣ.

Салими Аюбзод: Ин баҳси сари мафҳумҳо оё ба ҷангу сулҳи Тоҷикистон, махсусан сулҳ, ки акнун даҳсола шудааст, рабте дорад?

Акбари Турсонзод: Оре, иртиботи мустақим дорад. Дар илми ҷомеашиносии Ғарб як бахши мустақили тадқиқот ташаккул ёфтааст, ки онро конфликтология гӯянд. Созмони Милали Муттаҳид, ки таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ бар дӯши ӯст, дар раванди ҷустуҷӯи роҳҳойи мувофиқу муассири иҷройи ин вазифаи назифа ба бозёфтҳо ва дарёфтҳои ҷолибе ноил шудаст. Маркази ақлонии ин созмони бонуфуз мавсум ба ЮНЕСКО таъмину таҳкими сулҳу осоишро дар байни давлатҳо ва ё миёни нирӯҳои бо ҳам ҷангидаи як ҷомеа аз се зина иборат медонад, ки сулҳофаринӣ, сулҳнигаҳдорӣ ва эътимодфарооварӣ унвон мекунад. Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон айнан ҳамин барномаи оштии миллиро ба амал баровард, ки бояд мавриди шукру сипоси насли ҳозира ва наслҳои ояндаи тоҷик қарор гирад.

Ман бошам ба даҳ соле, ки гузашт, аз айнаки се мафҳуми дигар -- муросо, мусолиҳа ва муоҳида нигаристаниам. Ба гумонам дар оинаи онҳо махсусиятҳои ваъи пешазҷангӣ ва пасоҷангии кишварамон барҷастатар ва мушаххастар ҷилвагар мешаванд.

Муросо (тоҷикишудаи лафзи арабии «мувосо») -- зинаи аввали тавофуқи миллист, ки дар оғози кашмакаши иҷтимоӣ амал мепазирад. Он амру амалест, ки хударзиши бармалои ахлоқиро дорост: чаро ки муросо дар чаҳорчӯби гузашту бахшоиши тарафайн ва ҳусни тафоҳуми онҳо сурат мегирад.

Сулҳномаи соли 1997 оштии ду тарафи даргир буд, ки аз оташбас оғоз шуда, ҷумлатан бо тақсими мансабҳои давлатӣ ва ҷудокунии соҳаҳои нуфузи сиёсӣ анҷом пазируфт.

Дар шарҳи ин боз ба фалсафа рӯ меоварам. Ҳукамо сулҳро ба ду навъ ҷудо кардаанд: манфӣ ва мусбат. Ҳолатеро сулҳи манфӣ хонанд, ки фақат аз қатъи ҷанг иборат аст; онро наметавон ба маънии пурраи истилоҳ оштии тарафайн донист, чаро ки ҷонибҳои мухолифу муқобил ба ғайр аз оташбас ба ягон мувофиқаи дигар нарасидаанд. Ҳадафи умдаи сулҳи мусбат бошад, барҳам додан ва ё ҳеч набуд, хунсо кардани омилҳои иҷтимоию сиёсиест, ки ба задухӯрд сабаб шудаанд.

Таъкид мекунам: задухӯрд, чунки на ҳамаи ихтилоф ё бархӯрд задухӯрди мусаллаҳонаро ба амал меоварад. Аз ихтилофи назар ва бархӯрди манфиатҳо то хунрезӣ фарсахҳо роҳ аст, ки онро фақат гурӯҳҳои маънан ноболиғи иҷтимоию сиёсӣ бо асби ҷаҳлу ситез ба зудӣ тай карда метавонанд.

Салими Аюбзод: Пас, метавон гуфт, ки оштии тоҷикона як намунаи сулҳи манфӣ буд?

Акбари Турсонзод: Не, созишномаи наваду ҳафтум сулҳи манфӣ набуд, вале то сатҳи маънавии сулҳи мусбат ҳам нарасид. Асл инҷост, ки сулҳномаи мазкур барои ҳамоиши ояндаи миллат заминаи куллӣ фароҳам овард, ки дастоварди назарраси иҷтимоист. Ба шарофати он аст, ки чаҳорчӯби сиёсию ҳуқуқие тарҳрезӣ шуд ва минбаьд мебоист ҷумла масъалаҳои ихтилофомезро андаруни он мусолиҳатомезона ҳаллу фасл кардан.

Мутаассифона, баъди ба ватан баргаштани мухолифин ва муҳоҷирон дар роҳи барқарор намудани боварии самимӣ дар байни ҷонибҳои ҳангида ё ба қавли ЮНЕСКО эътимодофаринӣ, иқдоми назаррасе ба амал бароварда нашуд, ҳарчанд ки Созмони Милали Муттаҳид ба иҷрои ин кори сарнавиштсоз то тавонист, мусоидат кард. Аз ин ҷиҳат дар ҷараёни татбиқи оштинома ба маънии куллии истилоҳ мусолиҳаи миллие сурат нагирифт, ки ба ҳусни тафоҳум тавъам бошад; тарафайни даргир охир ба тавофуқ расиданд, аммо таваҳҳум бартараф нашуд.

Салими Аюбзод: Оё мешавад гуфтаи фалсафиатонро ба забони ҳикмати мардумӣ гардонда, чунин хулоса баровард: давидани гӯсола то каҳдон буд? Яъне кор то ҷое расонда шуд, ки зӯр мерасид?

Акбари Турсонзод: Дар бораи то чӣ андоза амалӣ шудани мусолиҳаи соли наваду ҳафтум бигузор онҳое мушаххасан изҳори назар кунанд, ки тайи даҳ соли ахир шоҳиди бевоситаи ҷараёни воқеъот буданд. Ман бошам, дар идомаи суханам якбора ба тавсифи зинаи саввуми тавофуқи иҷтимоӣ мегузарам. Манзурам марҳилаест, ки онро муоҳидаи миллӣ унвон мекунам

Муоҳидаи миллӣ тавофуқи нирӯҳои иҷтимоист андар сирату самти рушди миллӣ. Ҳадафи умдааш - ташаккули идеолҳои иҷтимоист, ки битавонанд тоҷикони ҷумла вилояту қитъаҳои ҷумҳуриро дар атрофии Қонуни Асосӣ, Парчами Миллӣ ва Рамзу Нишони Давлатӣ муттаҳид намоянд. Ин кори муҳим бо шиору даъватҳо анҷом намепазирад; онро таҳкурсии қавию фарохе мебояд, хусусан дар ҷомеае, ки ҳанӯз аз осори заҳри ҷангу кин чандон холӣ нест.

Ин таҳкурсии сиёсию маънавиро ман консенсуси регионалӣ унвон мекунам. Он як қатор масъалаҳои басе муҳиму мубрамро дарбар мегирад: аз сиришти давлати миллӣ ва худи тариқи давлатдорӣ кашида, то барномаи тараққиёти ҷомеа ва роҳҳои воридшавии кишвар ба ҷавомеи ҷаҳонӣ. Ва фақат ҳаллу фасли оқилонаю одилонаи ин масъалаҳо замина ва гарави ваҳдати миллӣ буда метавонад. Лекин ба ҳаллу фасли мусломатомези масъалаҳои мазкур фақат дар фазое шурӯъ кардан мумкин мегардад, ки на танҳо озод аст, балки хайрхоҳ низ ҳаст.

Масалан, масъалаи иқтисодиётро гирем. Ҷумҳури Тоҷикистон ба кадом роҳ пеш рафтанист? Дар ин маврид моро набоястӣ фурсати таърихиро барои аз нав ихтироъ кардани шайтонароба исроф намудан. Ду шоҳроҳи мухталиф ва мухолифи азнавсозии ҷомеайи пасокоммунистӣ дар пеши назарамон ҷилвагар аст: яке тариқи русист, дигаре тариқи чинӣ. Яке роҳи харобкориву ҳаромхӯрист, ки ба сари русиягиҳо Елтсини худкому худфурӯш бор карда буд ва имрӯз Путин бо як азоб ислоҳ мекунад. Тариқи елтсинии кор, ки ба шаъни як халқу кишвари бузург рост намеомад, ба қашшоқии аксарият ва ба якборагӣ сарватманд шудани аққалият оварда расонд.

Роҳи чинӣ бошад, тариқи ҳадафмандона ва оҳиставу пайваста пеш рафтан аст. Давлат ҳанӯз коммунистист, вале як ба тарзи зиндагии нави кишвар, ба некӯаҳволии халқи якмиллиарда бингаред, ки саросар бо кору бор таъмин шудасту аз амнияти иҷтимоӣ ҳам баҳравар. Роҳбарони Чин, бархилофи иқдоми кӯрназаронаи Горбачев ном як музофотии худдонам, иқтисоди бозаргониро бо низоми сиёсии коммунистӣ чунон оқилона созиш дода тавонистанд, ки ҳатто бозори Амрико аз моли чинӣ пур шудаст -- аз мошину ҳавопаймо ё кампутари ҳозиразамон не, балки аз маснуъоти дастӣ! Ва низ моли чинӣ чунон бозоргир аст, ки амрикоиҳо аз чиниҳо як триллион доллар қарздор шудаанд!

Ин ҳама нишони балоғати таърихии халқ, натиҷаи давлатдории оқилона ва зуҳуроти масъулиятшинохтии ашрофи ҳумрон аст, ки аз тақлиди кӯр-кӯрона ба дигарон худдорӣ менамояд, таҷрибаи рӯзгори гузаштаи халқу кишварарашро инкор намекунад ва аз ҳама муҳимаш суннатҳои куҳани миллиро бо дастовардҳои тамаддуни навин сириштан ба ҳам пайваста метавонад.

Ҳангоми таҳия намудани муоҳидаи миллӣ, яъне тарҳрезӣ намудани дурнамойи рушди халқу кишвар, моро ҳам фарзу ҳам қарз аст, ки ба оинаи дигарон бингарем. Вале сарчашмаҳои хиради мардуми худамонро ҳам нодида гирифтан нашояд. Дар хирадкадаи халқи мо бошад, камолоти маънавӣ дар мадди назар буд, ки ба фарду ҷомеа баробар тааллуқ дорад. Ин ҳикмати сеҳазорсоларо як байти Ҳоҷӣ Ҳусайн ба барҷастагӣ ифода мекунад, ки шояд гуфтаҳоямро ҳусни анҷом бахшад:

Шикоят аз замону шиква аз бахти нагун то кай?
Ки неку бад ҳама аз кардаву атвор дарёбӣ!
XS
SM
MD
LG