Пайвандҳои дастрасӣ

Адами эътимод ба Ҷорҷ Буш афзудааст


KB

Дар аксари манотиқи ҷаҳон афзудани адами эътимод ба раиси ҷумҳурии ИМА Ҷорҷ Буш ва сиёсати хориҷии ӯ боиси поинравии мизони эътибор ва обурӯи ин давлат шудааст.


Чунин муносибат нисбати эътибори Амрикоро на танҳо дар кишварҳои мусалмоннишин, балки дар он давлатҳое ҳам мушоҳида кардан мумкин аст, ки аз қадим ҳамчун муттафиқи анъанавии Амрико маҳсуб мешаванд.


Бо ин вудуд, шаҳрвандони 25 мамлакат аз 47 кишвари пурсидашуда, гуфтаанд, ки нисбати ИМА дидгоҳҳои мусбат доранд. Чунин муносибати хушбинона ба Амрикоро ғолибан сокинони Африқо баён кардаанд.


Дар ҳамин ҳол, муҳаққиқони маркази таҳқиқотии "Pew" мегӯянд, чунин натиҷагириҳо ба он ишора мекунад, ки тамоюлҳои зиддиамрикоӣ амиқтар, вале на васеътар доман паҳн мекунад. Ин маркази назарсанҷӣ як созмони бетараф буда, таҳқиқоти худро дар 46 кишвари ҷаҳон ва инчунин манотиқи Фаластинӣ роҳандозӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG