Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як майнрӯб бар асари инфиҷор кушта шуд


Бар асоси иттилои Маркази майнрӯбии Тоҷикистон Аъзам Абдусатторов майнрӯби 22 солаи тоҷик, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми хунсо кардани минтақаи майнкоришуда, дар натиҷаи инфиҷори майни зиддинафари кушта шудааст. Ҷонмаҳмад Раҷабов раиси Макази майнрӯбии Тоҷикистон дар ин бора гуфт: «Ин ҳодиса субҳи дирӯз тақрибан соатҳои шашу сии бомдод рух дод. Минрӯби кушташуда сарбоз набуд. Қаблан дар сафи артиши Тоҷикистон хидмат карда буд ва таҷрибаи хуби минрӯбӣ дошт. Дар маҷмӯъ гурӯҳе, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ минрубӣ мекунанд, нафароне ҳастанд, ки бо қарордод фаъолият доранд.Онҳо баъд аз хидмат дар сафи артиш низ бо хоҳиши худ минрӯбиро идома медиҳанд».

Оқои Раҷабов афзуд, феълан як кумиссиюни вижа таъсис шуда ва ҳодисаи кушта шудани майнрӯб дар ноҳияи Рӯдакиро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Ба гуфтаи ӯ дар ҳоли ҳозир майдони бештар аз якуним ҳазор метри мураббаъӣ майнкоришуда ва тақрибан 700 майн ва дигар муҳимоти ҷангӣ хунсо карда шудааст. Раиси Маркази майнрӯбии Тоҷикистон гуфт, тибқи иттилое, ки феълан мо дар даст дорем бештар аз 25 миллион метри мураббаъ дар қаламрави кишвар майнкорӣ шудааст. Ҳоли ҳозир дар кишвар се гурӯҳи минрубӣ бо шумули 70 нафар дар навоҳии Панҷ, Ҳамадонӣ, Рӯдакӣ, Рашт ва Дарвоз фаъол аст.
Ҷонмаҳмад Раҷабов гуфт, мушкили аслии поксозии манотиқи майнкоришуда дар Тоҷикистон адами сармоя мебошад. Барои мисол мо соли ҷорӣ аз сармоягузорон 5 миллион доллар маблағ дархост кардем, аммо феълан якуним миллион доллар дар ихтиёр дорем.
Аммо ба эътиқоди ӯ мӯҳлати аз майн поккорӣ шудани қаламрави кишвар соли 2010 таъин шудааст, вале мегӯяд бо ин шеваи сармоягузорӣ дар ин мӯҳлат анҷом додани поксози манотиқи минкоришуда зери суол қарор дорад.
Бар тибқи иттилои ин марказ соли ҷорӣ 7 нафар ба майн бархӯрда, чаҳор нафар ба ҳалокат расидаанд. Аммо шурӯъ аз соли 1992, шуръи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ҳудуди 600 нафар ба майн бархӯрда тақрибан нисфи онҳо ба ҳалокат расидаанд, ки ҳудуди 70 нафар аз ин теъдод дар марз бо Ӯзбакистон ҷони худро аз даст доданд.

Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG