Пайвандҳои дастрасӣ

"Аз нашъа олудаи СПИД шудам"


Мард: "Соли 2000-ум ба ҳамин касали бад гирифтор шудам. Ман нашъаманд будам ва аз нофаҳмиҳои худам ҳамин хел шуд. Агар ман оқибатҳои онро медонистам… Ман ба як касал гирифтор шудам ва ба духтур рафтам, ҳамон вақт фаҳмиданд, ки ман ҳамин хел касали сироятӣ шудаам".

Озодӣ: "Шумо аз сӯзандоруи олуда сироят гирифтед?"

Мард: "Рости гап, ман аз аввал сӯзан намезадам. Аммо баъд нафаҳмидам, ки чӣ гуна ба сӯзан гузаштам. Аммо ман медонам, ки аз роҳи дигар, аз бероҳагӣ олуда нашудам, аз нашъа шудам".

Озодӣ: "Шумо намедонед, он нафароне, ки ҳамроҳи шумо нашъаро истеъмол мекарданд, олудаи СПИД нашуданд?"

Мард: "Рости гап, аз он солҳо ба ин солҳо акнун бисёр чиз дар ёдам нест. Ман ҳатто намедонам, ки онҳо мурдаанд-зиндаанд… Ман онҳоро акнун намедонам, ва донистан ҳам намехоҳам. Агар дар кӯча бинам, ба роҳи дигар меравам".

Озодӣ: "Шумо чанд сол нашъаманд будед?"

Мард: "Як сол, аз соли 1999 то 2000".

Озодӣ: "Ҳероин истеъмол мекардед?"

Мард: "Ҳероин".

Озодӣ: "Чӣ шуд, ки ба нашъамандӣ рӯ овардед? Мушкил доштед? Бекор, бепул будед?"

Мард: "Э не, ин дар як вақте шуд, ки пул доштаму кор доштам. Намедонам, ки чӣ хел ман ба ин касал гирифтор шудам".

Озодӣ: "Яъне аз вақти хуш?"

Мард: "Аз вақти хуш шояд… Ин кор як сол давом кард, баъд бемор шудам. Қафаси синаам дард кард ва маро ба амалиёт бурданд, хунамро озмоиш карданд. Ана ҳамон вақт духтурҳо гуфтанд, ки ман ҳамин гуна сироят дорам".

Озодӣ: "Нишонаҳои ин беморӣ чӣ гуна аст? Шумо дар ҷисми худ чӣ тағйиротеро эҳсос мекунед?"

Мард: "Ин касалӣ ба як ҳолате меорад, ки аъзои баданат, дасту поят беҳаракат мешавад, ҳаракатат кам мешавад, умрат кам мешавад. Насиби мо ҳамин будааст, мо, шукри худо, чор фарзанд дорем, хонаи обод дорем".

Озодӣ: "Бо ҳамсаратон зиндагӣ мекунед?

Мард: "Худоро шукр, бо ҳамсарам зиндагӣ мекунам. Ҳамдигарро мефаҳмем. Хайр, зиндагиамонро идома медиҳем"

Озодӣ: "Аммо ҳамсаратонро ҳатман эҳтиёт мекунед, ки ба СПИД олуда нашавад?"

Мард: "Хайр, магар бас нест, ки худат бемор ҳастӣ, боз каси дигарро ба ин бало гирифтор кунӣ? Ҳаминаш кифоя аст"

Озодӣ: "Вақте шумо ба ҳамсаратон, ба оилаатон гуфтед, ки ба ҳамин гуна як дард гирифтор ҳастед, вокуниши онҳо чӣ буд?

Мард: "Вақте ба ҳамсарам гуфтам, вай аввал бовар накард ба ман. Ва вақте мо рафта озмоиши хунро гузаштем, табибон ба ман машварат доданд, ки шумо ба ин касал гирифторед ва бояд ҳамсари худро эҳтиёт кунед. Хайр, худоро шукр, то имрӯз ҳамдигарфаҳмӣ дорем ва зиндагиамонро идома медиҳем. Байни мо, худоро шукр, ҳеҷ гапи бад нест"

Озодӣ: "Аммо фарзандони шумо дар ин бора медонанд?"

Мард: "Худам медонаму оилаам, дигар ҳеҷ кас намедонад, ба ғайр аз ҳамин ташкилоти "Гули сурх". Тамом".

Озодӣ: "Фарзандонатон чанд сол доранд?"

Мард: "Фарзанди калониам ба 17 қадам монд, дуюмаш 14-сола, сеюмаш 11-сола, чорумаш 8-сола. Ду писару ду духтар дорам".

Озодӣ: "Чӣ муддат аст, ки ба ин беморӣ гирифторед?"

Мард: "7 сол"
Озодӣ: "Чӣ кӯмаки тиббӣ дарёфт мекунед ва аз куҷо?"

Мард: "Аз ташкилоти "Гули сурх". Онҳо ба мо нигоҳу бин мекунанд, ёрӣ медиҳанд. Раҳмат ба ин одамҳо, ки моро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд, дар ҳақи мо ғамхорӣ мекунанд".

Озодӣ: "Яъне шумо ҳар рӯз ройгон дору истеъмол мекунед?"

Мард: "Бале. Шукри худо, ба мо гуфтанд, ки то вақте ҳастем, аз мо кӯмаки худро дареғ намедоранд. Ва мо ҳам то ҳозир аз гапи онҳо набаромадем. Онҳо моро раҳнамоӣ мекунанд, ки чӣ хӯрок хӯрем, чӣ гуна рафтор кунем"

Озодӣ: "Дар ин ҳафт сол шумо чӣ эҳсос кардед: ҳолатон беҳтар мешавад, бадтар мешавад ё мӯътадил аст?"

Мард: "Чӣ хел гӯям? Зиндагӣ баъзан мушкилоти худро дорад, кор нест… Шукр, ки гоҳо ба мо аз ин ташкилот кӯмак медиҳанд, ба семинарҳо даъват мекунанд, кам-кам пул медиҳанд. Нафақа медиҳанд. Гоҳо ҳис мекунӣ, ки ин касал рӯ мезанад: сурх мешавӣ, ё фишори хунат паст мешавад. Дар ин гуна ҳолатҳо каме азоб мекашӣ, аммо дар рӯзҳои маъмулӣ ҳеҷ азоб надорем"

Озодӣ: "Шумо гуфтед, ки бекор ҳастед: шумо бо сабаби беморӣ бекор шудед, ё пеш аз ин ҳам кор надоштед?"

Мард: "Не, ман бекор набудам, савдову тиҷорат мекардам, пеш аз он кори давлатро ҳам карда будам".

Озодӣ: "Шумо гуфтед, ки ба ғайр аз шумову ҳамсаратон ва табибони ин созмон, дигар касе аз дарди шумо огаҳ нест. Аммо агар ба дӯстону наздикони дигаратон дар ин бора гӯед, ба фикратон онҳо чӣ вокуниш нишон хоҳанд дод?

Мард: "Хайр, ният дорам, ки ба ёру дӯстон нею лекин ба фарзандони падар бояд бигӯям. То ҳозир нагуфтаам ба ягон кас. Умедворам, ки маро дастгирӣ мекунанд, чӣ илоҷ?"

Озодӣ: "Шумо бо дигар олудаҳои СПИД робита доред?"

Мард: "Агар аз роҳи ҳамин ташкилот ягон ҳамоиш шавад, меравам. Семинарро мегузаронем, тамом мекунем, ҳамроҳ нишаст таъом мехӯрем, лекин бо ҳамдигар ин гапҳоро намезанем. Ростӣ, намедонам, аммо бо ҳамдигар наздик нестем. Хайр, акнун ин кори худо аст. Ман агар умри дубора медидам, кӯшиш мекардам, барои ободии зиндагии худ, ба хотири модарам, ки ба ман ҷон додааст, зиндагии хуб пеш барам. Ман аз ҷавонҳо илтимос дорам, ки ба ҳамин роҳи бад нараванд, аз мо як ибрат гиранд, хулоса бардоранду ба ин роҳ нараванд. Худо, ҳаргиз ба сари Тоҷикистони мо аз ин балоҳо наорад!"

Озодӣ: "Дар дил орзу доред?"

Мард: "Орзу дорам, чаро надорам? Магар одам беорзу мешавад? Орзу дорам фарзандонам ва ҳамсарамро ба вақти хуш бубинам. Ҳамеша дар лабонашон ханда бошад. Мехоҳам ақаллан тӯи фарзанди авваламро бубинам, баобурӯ…"


СПИД беморие нест, ки дар муоширати маъмулӣ, тавассути тамоси пӯст ва ё оби даҳан мунтақил шавад. Он танҳо аз роҳи хун, истифодаи сӯзандоруи олуда ва аз роҳи алоқаи ҷинсӣ ба каси дигар сироят мекунад.
Тавре ин мард гуфт, зиндагӣ идома дорад ва ӯву дигар ҳамқисматонаш ба ояндаи худ боумед менигаранд ва аз наздикону азизони худ танҳо ҳамдигарфаҳмиву меҳрубониро интизор доранд.
XS
SM
MD
LG