Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза барои Ҷоми футболи Тоҷикистон идома дорад


«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар меҳмонӣ «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппаро бо натиҷаи бузурги 5 бар 0 ва «Динамо»-и Душанбе дар майдони худ CSKA «Помир»-и Душанберо бо натиҷаи 5 бар 2
шикаст дода, барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниманиҳоӣ заминаи устувор гузоштанд.

Вале «Саройкамар»-и Панҷ аз рақобат бо тими мизбон - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров даст кашид. Бинобар ин «Парвоз» ба давраи ниманиҳоӣ роҳхат гирифт.

Бозии аввали чаҳорякниҳоӣ байни ҷуфти охирин - «ХИМА»-и Душанбе ва «Энергетик»-и Душанбе баргузор мешавад.


Ҳамзамон дастаҳои лигаи олӣ барои дарёфти Ҷоми Федеросиюни футболи Тоҷикистон талош доранд.

«Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки дар ду бозии навбатӣ дар майдони худ бар CSКА «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи 2 бар 0 ва бар «Гвардия»-и Душанбе бо натиҷаи 2 бар 1 пирӯз шуд, бо 12 имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳи «А» қарор гирифтааст. «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки дар меҳмонӣ CSКА «Помир»-и Душанберо бо натиҷаи 3 бар 1 мағлуб сохт, бо 10 имтиёз дар зинаи дуввум ҷойгир шудааст. Вале «Регар» ТадАЗ нисбат ба «Вахш» як бозӣ камтар анҷом додааст.

Дар гурӯҳи «Б» пас аз ҷамъбасти се даври бозиҳо «ХИМА»-и Душанбе бо 9 имтиёз пешсаф мебошад.


Мусобиқоти қаҳрамонии волейболи Тоҷикистон байни дастаҳои занона дар толори нави «Чемпион»-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ҷараён дорад.

Дастаи мунтахаби вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ, ки бар тимҳои Суғд-1 ва Душанбе-2 бо натиҷаи якхелаи 3 бар 0 ғолиб омад, ҳоло дар садри ҷадвал қарор гирифтааст.

Ин мусобиқот то рӯзи 30-юми июн идома хоҳад кард.


Беҳтарин шатранҷбозони ҷавони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни наврасон, ки дар шаҳри Тошканди Узбакистон шурӯъ шуд, ширкат доранд.

Ёқуб Раҳимов, муовини сардовари ин мусобиқот аз шаҳри Душанбе ба радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистонро дар сабқати қитъавӣ панҷ нафар - Икром Илҳомзода ва Меҳрангез Раҳматова байни шатранҷбозони то 16-сола, Темур Гадоев, Игор Нуриддинов ва Шаҳноза Умарова байни шатранҷбозони то 18-сола таҳти раҳбарии мураббӣ Неъмат Зиёев намояндагӣ мекунанд.

Мусобиқоти мазкур то рӯзи 8-уми июл идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG