Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлили солгарди сулҳ дар Рашту Бадахшон


ms

Мардуми Рашт ва Бадахшон ҳам, ки, бидуни шакк, дар натиҷаи ҷанги ахири шаҳрвандӣ зарари калони ҷониву моддӣ ва маънавиву равонӣ диданд, бо як дилгармиву умед ба фардои нек иди Рӯзи ваҳдатро хуш гузарониданд.


Аз ҷумла сокинони навоҳии водии Рашт, ки то соли 1997 ин сарзамини хурраму обод ба саҳнаи даргириҳои миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини он табдил ёфта буд, сулҳро беҳтарин неъмат хонда, даҳумин солгарди истиқрори бебозгашти онро таҷлил карданд.


Дар ҳамин ҳол, ҳамзамон бо ҷашнгирии ҷашни сулҳу ваҳдати миллӣ сокинони ин минтақа аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки дар шарқи Тоҷикистон бахшҳои саноеъ ва кишоварзӣ то ҳанӯз дар вазъи ногувор қарор дорад. Онҳо ҳамчунин аз он изҳори норизоят мекунанд, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ ва кишвар дар барчидани зиреҳпӯшҳои ҳанӯз замони ҷанги шаҳрвандӣ тахрибгаштаи дар водӣ ҳанӯз ҳам мавҷудбуда коҳилӣ мекунанд ва ин манзараҳои нохуш то кунун табъи мардуми ин диёрро мағшушу доғдор мекунанд.


Бисёре аз мардуми вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ 27-уми июн Рӯзи ваҳдати миллӣ ва даҳумин солгарди ба имзо расидани созишномаи ниҳоии сулҳро ҷашн гирифтанд.


Дар ин рӯз сокинони ин минтақа қабл аз ҳама аз онҳое ёдоварӣ карданд, ки ҳанӯз то шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар пойтахт ва навоҳии атрофи он фақат ба хотири бадахшӣ буданашон кушта шуда ва ё беному нишон ғайб задаанд.


Дар ҳамин ҳол, аъзои баъзе аз аҳзоби сиёсӣ ба нишони эътироз алайҳи арзёбии яктарафаи сулҳи тоҷикон, яъне нодида гирифтани саҳми Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик дар истиқрори сулҳ аз ширкат дар маросимҳои ҷашнӣ сарпечӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG