Пайвандҳои дастрасӣ

Озмоиши ғайримунтазираи мушаки ҳастаӣ


Кореяи шимолӣ ахиран даст ба озмоиши нави мушакӣ зад.


Ба иттилоъи мақомоти Кореяи ҷанубӣ, радарҳои кишвар аз соҳили шарқии Кореяи Шимолӣ партоб шудани мушаки имкони парвозаш 100 километрро ба навор сабт кардаанд.


Озмоиши нав дар ҳоле сурат гирифт, ки нозирони таслиҳотии Созмони милали муттаҳид ба хотири назорат аз шурӯъи қатъи реактори ҳастаии Ёнбони Кореяи шимолӣ феълан дар ин кишвар ба сар мебаранд.


Пхенян моҳи феврали соли равон розӣ шуда буд, ки бар ивази баргардонидани 25 миллион доллари дар бонки Макао мунҷамидшудаи кишвар ва кумаки ҷомиъаи байнулмилалӣ кори ин реакторро қатъ кунад
XS
SM
MD
LG