Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фақат ба хотири СУЛҲ (Гуфтори шашум)


Поёни кори Кумисюни оштии миллӣ.
Истифодаҳои гуногун аз дастовардҳои сулҳ.
Хулосаҳои фалсафӣ ва сиёсӣ аз
10 соли сулҳи Тоҷикистон.

----------------------------------------------------
Раиси Кумисюни оштии миллӣ Саид Абдуллоҳи Нурӣ мегӯяд: "Дар ибтидо, вақте ин мақому вазоратҳоро гирифтем, ман бо ҳамаи шахсиятҳои сиёсӣ ва фармондеҳони ҷиҳодӣ сӯҳбат кардам. Ҳеч яки онҳо ҳозир набуд, ин ё он мақомро бигирад. Онҳо мегуфтанд, мо фақат барои ризои худо кор кардем ва омадему ба сулҳ расидем, ҳамин барои мо ба аст. Ман аз онҳо хоҳиш мекардам, ки ин ё он вазифаро бар дӯш бигиранд, онҳо рад мекарданд. Вале баъд аз чанд вақт, он одамоне ки аз хориҷ бо нияти сулҳ, бо орзу ва ҳаваси сулҳ бозгашта буданд, бо ёру дӯсти худ ва ҳамдиёрони худ дар Тоҷикистон омехта шуданд, ман он вақт донистам, ки дар ин байн дар Тоҷикистон нирӯи маҳалгароӣ чӣ андоза қавӣ шудааст. Вақте мо Тоҷикистонро тарк карда будем, гароиш ба маҳалҳо дар кишвар ин гуна сахту ваҳшатангез набуд. Мо гӯё ба як Тоҷикистони комилан дигар бозгашта будем. Ва чӣ андоза бад будани нирӯи маҳалро ман то он вақт дарк накарда будам. Масалан, вахёчиҳош сари вахёчиҳое ки дар ҷиҳод буданд, фишор оварданд, ғармиҳо дар ғармиҳо, шимолиҳо дар шимолиҳо, ҷанубиҳо дар ҷанубиҳо. Аз ин ҳама як ҳолате ба вуҷуд омад, ки дигар барои гирифтани вазифа мусобиқа сар шуд, аз мусобиқа гузаштем ба ҷанҷол, аз он ҳам гузаштем ба фишороварӣ ва ҷаласаҳои тӯлонӣ, ҳамааш барои дарёфти вазифа.

То он вақт ҳеч кас аз лиҳози маҳал ба ман нигоҳ намекард. Вале аз он ба баъд дигар аз лиҳози маҳал ба ман нигоҳ мекарданд. Ин дарвоқеъ аввалин аломати пош хӯрдани оппозитсия буд. Охир вақте ки ман сулҳ мекунам бо ҷаноби оқои Раҳмонов ва агар иззат надошта бошам, эътибор надошта бошам, масалан, ҳамон эҳтироми қаблиро надошта бошам, чӣ хел сулҳ мекунам. Модоме ки инҳо ҳар сулҳе ки ман кунам, мухолиф хоҳанд буд, зеро вазифа барояшон нарасид ва ё талабашон иҷро нашуд. Барои ҳамин хатар дошт ин. Хатараш дар ҳамин буд. Саҳмия боиси эҷоди сабқату нафрату фишороварию тафриқа шуда, нобовариҳоеро миёни раҳбар ва пайравон ба вуҷуд овард. Баъд дигар вақте шуд, ки агар ман дар оғоз барои гирифтани ҷойҳо озод будам, акнун талаб пайдо шуд, ки бояд кадом ҷойро бигирам ва барои кӣ. Ва мебоист як вазифаро дар байни чаҳор гурӯҳ тақсим мекардам, ба шакле ки ҳамаи онҳо розӣ боқӣ монанд. Дар ин байн гирифтани ин ё он мақом аз тарафи ҳукумат низ мушкил шуд. Ин ду мушкил бо ҳам тамоми раванди гирифтани саҳм ва пур кардани онро ба омили ҷудоиву таҳдиду тафриқа табдил дод."

Шакли комили барномаро бо "ангушт" задани ин ҷумлаи сабз метавон шунид.


БАХШҲОИ ПЕШИНАИ БАРНОМА:

Гуфтори аввал
Гуфтори дуввум
Гуфтори саввум
Гуфтори чаҳорум
Гуфтори панҷум
-------------------------------
Фасли 1
Фасли 2
Фасли 3
Фасли 4
Фасли 5
XS
SM
MD
LG