Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби нави рабояндагони хабарнигори ВВС


Як гурӯҳи ифротгарои фаластинӣ, ки ҳамоно хабарнигори ВВС Алан Ҷонстонро дар банд нигаҳ медорад, ахиран ба ивази раҳоии ӯ талаби нав пеш гузошт.


Ин гурӯҳ иддаъо дорад, ки, агар ҳамаи маҳбусони мусалмон аз зиндонҳои Бритониё ва Урдун озод карда нашаванд, Ҷонстонро ба қатл мерасонад. Изҳорот ба дунболи як навори видиюии бо намое аз хабарингори рабудашуда, ки камарбанди тарканда дар камар дорад, дар Интернет пахш гардид.


Дар он Алан Ҷонстон ҳушдор медиҳад, ки, агар ба хотири озод кардани ӯ ҳамлае сурат бигирад, одамрабоён камрабандро инфиҷор мекунанд.


Алан Ҷонстон ҳанӯз 12-уми март дар минтақаи Ғаза аз рабуда шуд.
XS
SM
MD
LG