Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай амалиёти ахири НATO-ро маҳкум кард


Прага. Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай амалиёти нерӯҳои таҳти раҳбарии Амрико ва NATO-ро, ки танҳо дар таййи як ҳафта 90 кушта ба ҷо гузоштааст, маҳкум кард.

Карзай дар ин замина дар Кобул чунин гуфт: «Амалиёти мазкур ва паёмадҳои он дигар қобили таҳаммул нест ва мардуми афғон ҳам дигар онро таҳаммул карда наметавонад».

Изҳороти Карзай баъди он садо дод, ки дар вилояти ҷанубии Ҳилманд бар асари ҳамлаҳои мушакии нерӯҳои NATO 25 шаҳрванди мулкӣ ба ҳалокат расиданд.

Дар ҳамин ҳол, дабири кулли NATO Яап Де Ҳуп Скеффер баъди ин ҳодиса гуфтааст, ки ҳама гуна таалафоти мулкӣ дар амалиёти ҳавоии NATO «як иштибоҳ буд».

Мариа Карл, сухангӯи нерӯҳои байнулмилалии таҳти сарпарастии NATO, ин мавзеъгириро дубора таъкид кард ва дар суҳбат ба родиюи «Афғонистони озод» дар Кобул гуфт: «Мо дар ҷараёни амалиёти худ ба хотири кам кардани хатари талаф ёфтани афроди мулкӣ ҳама чораҳоро меандешем ва ин усул яке аз бахшҳои муҳимми амалиёти мо ва барномасозиҳои мо боқӣ мемонад».

Дар гузориши худ аз вилояти Ҳилманд хабарнигори родиюи «Афғонистони озод» Солеҳмуҳаммади Солеҳ ин нуктаро баён кардааст, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ гурӯҳи манзилҳои вулусволии Гиришкро ҳадаф қарор додаанд. Гуфта мешавад, дар ин минтақа толибон паноҳ бурда, алайҳи нерӯҳои хориҷиву артиши миллии ин кишвар оташ кушоданд, ки дар пайи он тақрибан 20 ҷангӣ кушта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, волии Пактико Акрам Хпалвак ба родиюи «Афғонистони озод» гуфтааст, ки NATO ва артиши Афғонистон 22-вуми июн наздики 80 муттаҳам ба гурӯҳи «Толибон»-ро куштаанд.

Қабл аз ин як намояндаи аршади артиши NATO дар Афғонистон изҳор карда буд, ки шумори қурбониҳо ба 60 нафар мерасад ва дар таҳаввулоти ҷудогона сарбозони афғониву эътилофӣ дар вилояти ҷанубии Қандаҳор ҳудудан 20 размандаи толибро ба ҳалокат расониданд.

Ва ахиран, тибқи иттилоъи NATO, дар вулусволии Гирои вилояти Ғазнӣ 20 размандаи як дастаи артиши «Толибон» дастгир шуданд.
XS
SM
MD
LG