Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон аз мухолифини пешинаш тақдир кард


Рӯзи 26 июн ба муносибати 10 солагии имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, дар шаҳри Душанбе, ҳамоиши мутантане бо иштироки мақомоти давлатӣ, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва ақшори мухталифи ҷомеа ва инчунин шахсиятҳои хориҷие, ки ба раванди сулҳ кумак кардаанд, доир шуд. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ин ҳамоиш аз мухолифини собиқи худ ба манзури қатъи ҷанг ва мусиоидаташон ба раванди сулҳ ва ризояти миллӣ тақдир кард. Ӯ аз ҷумла гуфт: «Дар кори хайри сулҳи тоҷикон роҳбари Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ҳамсафони наздики ӯ ва собиқ қумандонҳои ин иттиҳод, саҳми арзанда доранд. Бинобарин ман ба онҳо миннатдории хешро иброз медорам».
Ин бори аввал аст, ки ба сурати расмӣ раиси ҷумҳури Тоҷикистон чунин суханонеро дар мавриди касе, ки бо ӯ Созишномаи сулҳро имзо кардааст, иброз медорад.
Дар ҳамин ҳол, коршиноси тоҷик Қосими Бекмуҳаммад бо истиқбол аз ин нукта дар суханронии президенти кишвар мегӯяд: «Ҳар боре, ки телевизион ва радиои давлатии Тоҷикистон дар мавриди сулҷу ваҳдати миллӣ суҳбат мекунад, ба кушишу талоши ҷонибҳо дар ин роҳ баҳои якҷониба медиҳад, аз нақши як ҷониб ёдовар мешаванд ва аз ҷониби дигар не, чунин бо эҳтиром ёдовар кардани талошҳои неруҳои мухолифин дар он замон аз ҷониби раиси ҷумҳур шояд наҳваи бархурди саронаҳои давлатӣ ва шеваи баррасии расидан ба сулҳ аз ҷониби онҳоро низ ислоҳ кунад».
Аммо Эмомалӣ Раҳмонов ин суханони қадршиносиро дар ҳоле иброз дошт, ки зимни ин маросими филми мустанаде аз таърихи сулҳи тоҷикон ба намоиш омад, аммо дар як саҳна ҳам роҳбари мухолифини пешин рӯи парда наомад.
Дар ҳар сурат бояд гуфт, ки рӯзе қабл низ раиси ҷумҳур зимни судури як фармон барои мусоидат ба раванди сулҳ ба Саид Абдуллоҳи Нурӣ нишони давлатии «Зарринтоҷ» ва барои Ааҳмадшоҳи Масъуд нишони Исмоили Сомонӣ эъто кард.
Сулҳи Тоҷикистон дар соли 1997 дар Маскав ба имзо расида буд. Русия, Ирон, Афғонистон ва СММ аз миёнҷиҳои аслии ин сулҳ буданд.
XS
SM
MD
LG