Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳкорҳои нави Аврупо дар Осиёи Марказӣ


Пер Марел, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ эълом дошт, ки ин иттиҳодия стротегияи ҷадиди ҳамкориҳои худ бо кишварҳои Осиёи Марказиро таҳия кардааст. Ӯ зимни мулоқоти худ Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, стротегияи мазкур дар заминаи ҳамкориҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бо Осиёи Марказӣ, ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар сатҳи минтақавӣ тарҳрезӣ шудааст. Оқои Марел зимни таъкид кард, ки мо масоили ҳамкориҳои ин кишварҳо бо Иттиҳодияи Аврупо дар бахшҳои мухталиф, бо шумули масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқи инсон, таҳкими қонуният, амният ва маорифро дар шаҳри Остона дар сатҳи вазирони хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор дода будем. Ӯ мегӯяд: «Бар тибқи ин стротегия сармоягузории Кумиссиюни Иттиҳодияи Аврупо ба кишварҳои Осиёи Маркази ду баробар бештар дар қиёс ба чанд соли ахир хоҳад буд. Тақрибан барои шаш соли оянда Иттиҳодияи Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 750 миллион евро сармоягузорӣ мекунад, яъне ду баробар бештар аз шаш соли ахир. Аммо ин маблағ танҳо барои муассисаҳои аврупоӣ аст. Аммо бар ин бояд сармоягузорӣ аз тариқи барномаҳои миллии кишварҳои Аврупоӣ ба кишварҳои Осиёи Марказиро изофа кард».

Оқои Марел ҳамчунин афзуд, аммо ин маблағи ниҳоӣ нест ва дар сурати пеш омадани барномаҳои тоза Кумиссюни Иттиҳодияи Аврупо низ сармоягузорӣ ба барномаҳо дар ин кишварҳоро афзоиш хоҳад дод.
Вале Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои кӯчаки минтақа аст ва оқои Марел дар посух ба суоли аз маблағи 750 миллион евро чӣ қадар барои роҳандозии барномаҳо дар Тоҷикистон ихтисос хоҳад шуд, гуфт, ҳанӯз тартиби тахсиси ин маблағ мушаххас нашудааст.
Коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки стротегияи нави ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиддӣ ба назар мерасад ва аз кӯшишҳои мавқеъхоҳии ин кишварҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ дарак медиҳад.
Стротегияи ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо бо кишварҳои осиёи Марказӣ 30 июни соли ҷорӣ дар Берлин бо ширкати вузарои хориҷии ин кишварҳо муаррифӣ хоҳад шуд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG