Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Трейсери Ҷакобсон: ҷавонони тоҷик нируманданд


Наврасони тоҷик натанҳо аз фарҳанг ва маданияти кишвари дигар ошно гардида донишу ҷаҳонбинии худро мукаммал месозанд, балки онҳо оид ба таърих, фарҳанг ва маданияти тоҷикон ба ҳамсолони амрикоии худ итилоъ медиҳанд. Малика мегӯяд: «Ин барнома ба ман барои беҳтар кардани донишам бисёр кӯмак намуд, ба вижа омӯзиши биологияю химия дар ташхисгоҳҳои муҷаҳҳаз, ки имрӯз дар донишгоҳи тибби ба ман бисёр мадад мерасонад. Дар Амрико ман дар оилаи арабӣ зиндагӣ мекардам ва дар ҳамонҷо дар дили ман эҳтирому арҷгузорӣ нисбат ба дину фарҳангам пайдо шуд. Ба онҳое, ки ба Амрико барои таҳсил мераванд ман тавсия медиҳам, ки аз Амрико чизи бисёрро интизор набошанд. Яъне имрӯз бисёриҳо фикр мекунанд, ки дар Амрико ҳама сарватманданд. Ин тавр нест, дар он ҷо ҳам одамон тамоми рӯз кор мекунанд, барои дониш гирифтан корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд, ҳар чизе ки дар зиндагӣ насибашон мегардад, маҳсули меҳнати онҳо аст» .

Сафири Амрико дар Тоҷикистон хонум Трейсери Ҷакобсон, мегӯяд, ба ғайр аз барномаи Флекс барномаи Relief international ё худ табодули сарварони ҷавон мавҷуд аст, ки тибқи он дар мудати 3 ҳафта 21 ҷавон дар амрико кору зиндагӣ мекунанд. Барои донишҷӯен ва хатмкардаҳои донишгоҳо барномаҳои маски ва фулбреӣк амал мекунанд, ки баъд аз имтиҳони ҷидди таҳсили пурраи ҷавононро дар донишгоҳҳои иёлоти муттаҳидаи амрико маблағгузорӣ мекунанд.
Хонум Ҷакобсон мегӯяд: «Мо барои ҷавонон барномаҳои зиёд дорем, чунки мо бовар дорем, ки насли нав ояндаи ин кишвари зебо ҳаст. Бо ҷавонони шумо кор кардан ба кас ҳаловат мебахшад, онҳо хеле нируманданд ва барои омӯзиш, ба вижа омӯзиши забони англисӣ шавқи зиёд доранд. Соли оянда дар доираи барномаи ҷадид маблағгузории таҳсили ҷавонон дар донишгоҳи амрикоии шаҳри Бишкек оғоз мешавад. Ҳамчунин мо барои нахустин бор сафари ҷавононеро, ки бо роҳҳои хусусӣ роҳхати таҳсил дар амрикоро пайдо кардаанд, пардохт мекунем».

Бино ба итилои сафорати Амрико дар соли таҳсили ҷорӣ беш аз 300 ҷавони тоҷик барои таҳсил ба Амрико сафар кардааст. Хонум Трейсери Ҷакобсон меафзояд, онҳо дар риштаҳои сиёсатшиносӣ, иктисодиёт, ҷомеъашиносӣ молиёт, тиҷорат ва ғайра таҳсил мекунанд.
Ба гуфти баъзе аз ҷавононе, ки имкони таҳсил дар хориҷаро доштаанд, онҳо дар Тоҷикистон ба мушкили дарёфти ҷойи кори мувофик рӯ ба рӯ мешаванд ва аксари онҳо хоҳиши ду бора ба хориҷа баргаштанро пайдо мекунанд. Хонум Трейсери Ҷакобсон мегӯяд: «Қариб ҳамаи ширкатдорони барномаҳои мо ба Тоҷикистон бармегарданд, дар осиёи марказӣ оила нақши муҳим мебозад ва кариб ҳама хоҳиши бо оилаи худ зиндагӣ карданро дорад ва ҳамин чиз ҷавононро ба ватан бармегардонад, боз ин ҷавонон ватандӯст ҳастанд ва мегӯянд мехоҳанд донишҳои худро барои рушди Тоҷикистон истифода бубаранд. Мақсади асосии барномаи мо ҳам ҳамин аст, ки онхо баргарданд».

Трейсери Ҷакобсон мегӯяд дар Тоҷикистон ҷавонони дар Амрико таҳсил карда, созмони вижаи худро таъсис додаанд, ки барои дасгирии нафарони ниёзманд ва заъфпазири ҷомеъа равона шудааст
Хонум Трейсери Ҷакобсон мегӯяд миёни ҷавонони Тоҷикистон ва ҳамтоёни амрикоияшон монандиҳои зиёдеро мушоҳида кардааст. Ба гуфти ӯ ҷавонони тоҷик барои омӯзиш таваҷҷӯҳи зиёд дошта барои ҳамкорӣ ва табодули назар боз ҳастанд: «Барои ояндаи шахс боз будан хеле муҳим аст, зеро барои пешрафти ҳамдигар онҳо бояд табодули назар кунанд ва ба ҳарфи ҳамдигар гӯш кунанду сӯҳбат кунанд»

Сафорати Амрико барои нахустин бор барномаи табодули донишҷӯёни амрикоиро дар Точикистон ба роҳ мондааст.
Дар назар аст, ки дар тули як сол 15 ҷавони амрикоӣ барои омӯзиши забон, таърих ва фарханги тоҷикон шурӯъ аз соли ҷорӣ ба Тоҷикистон биоянд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG