Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои додситонии Хатлон қонеъ карда мешавад?


af

Ахиран додситонии вилояти Хатлон аз маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Муъминобод тақозо кардааст, ки ваколатҳои вакили маҷлис Саъдуллоҳ Раҳимовро қатъ намояд.


Гуфта мешавад, Саъдуллоҳ Раҳимов, раиси хоҷагии «Навбаҳор»-и ноҳияи Муъминобод ва ҳамзамон вакили маҷлиси ноҳиявии вакилони халқ, ҳанӯз соли 1996 бо истифода аз силоҳи оташфишон (мусалсали Калашников) тракторрони хоҷагӣ Темур Шарифовро ба қатл расонида буд, вале то кунун барои ин амалаш дар назди қонун ҷавоб нагуфтааст.


Ба гуфтаи додситонии вилояти Хатлон, Саъдуллоҳ Раҳимов ҳамчунин дар таҳқири намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва содир кардани ҷиноятҳои молӣ муттаҳам дониста мешавад.


Ин ҳам дар ҳолест, ки додситонии минтақавии Кӯлоби вилояти Хатлон чанде пеш аз маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ қатъи ваколатҳои се нафар вакили ин маҷлисро, ки як нафари онҳо, ба қавли додситонии вилоят, муовини раъиси ноҳия аст, талаб карда буд, вале то ҳол он қонеъ гардонида нашудааст.


Абӯбакри Файзалӣ, шаҳри Қурғонтепа.
XS
SM
MD
LG