Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон: Имкони пора шудани Тоҷикистон вуҷуд дошт


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамоише ба муносибати даҳумин солгарди имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон таъкид кард, дар ҳоле ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ идома мекард, имкони порча шудани кишвар пеш омада буд. Ӯ гуфт бархе аз кишварҳо ба ин манзур пиҳонӣ музокира пеш мебурданд. Ӯ гуфт: «Аллакай базъе кишварҳо барои проча-порча кардани Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гуфтушунид пеш мебурданд. Вақташ мерасад ва ман менависам. Собиқ базъе вазирони корҳои хориҷии кишварҳои абарқудрат, ин корҳоро мебурданд, сӯҳбатҳои сепаратистӣ мерафт. Аммо он замон ҳама чизро на ба мардум гуфта мешуд ва на ба мухолифин».

Оқои Раҳмон ҳамзон афзуд, имзои Созишномаи Хосдеҳи афғонистон дар декабри соли 1996, ки таҳти шароити сангине доир шуд, нуқтаи сарнавиштсоз дар раванди сулҳи тоҷикон буд. Тибқи созишномаи Хосдеҳ амалиёҳои ҷангӣ дар саросари Тоҷикистон бидуни қайду шарт қатъ шуд ва кумиссиюни оштии миллӣ таъсис шуд.
Аммо дар ҳамин ҳол Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, раҳбари собиқи ҳайаъати музокирокунандаи иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик ҳамзамон бо арҷгузорӣ ба нақши раҳбари ин иттиҳод марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар сулҳи бадастомада гуфт, дар ин раванд ҳамчунин созмонҳои байналмилаливу кишварҳои хориҷӣ саҳми назаррас доштанд.
Оқои Тураҷонзода ҳамзамон таъкид кард, ҳама афроди ширкаткунандаи раванди сулҳи тоҷикон, сарфи назар аз он ки бархе онҳо феълан дар саҳнаи сиёсат нестанд, аммо муваззафанд, ки ҳамеша мардуми моро ба сулҳу ваҳдат даъват намоянд ва ин фарҳанги сулҳофаринии миллати тоҷикро ба наслҳои баъдӣ боқӣ гузоранд.

Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG