Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як тоҷик дар зиндони Маскав аз ҳукумати кишвараш имдод мехоҳад


Дар тӯли ин се сол Ёқубовро ду дафъа ба мурофиаи додгоҳӣ кашонда, ҷониби айбдоркунанда тағозо кардааст, ки бори аввал ӯро барои 14 ва бори дигар ба 11 сол равонаи зиндон кунанд. Аммо ҳар ду дафъа қозии додгоҳ бино ба адами далелҳои эътимодбахши ҷинояти ин ҷавон аз содир кардани ҳукм даст кашидааст. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Наимҷон Ёқубов гуфт, ки ӯро дар интиқоли 10 грамм ҳероин муттаҳам мекунанд. Аммо ӯ дар ба бегуноҳии худ таъкид мекунад ва мегӯяд, дар ҳеҷ гунна интиқоли маводи мухаддир даст надорад.
Ӯ феълан дар зиндони шумораи чоруми шаҳри Подолски Русия ба сар мебарад.
Наимҷон Ёқубов мегӯяд, ки барои раҳоии худ аз зиндон ва исботи бегуноҳиаш ба созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав, консулгарӣ ва сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва додгоҳи Аврупоӣ воқеъ дар Страсбург хаттӣ муроҷиат кардааст. Аммо ба ҷуз як созмони ҷаамъиятии ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон дигар касе то ҳол ба аризаҳои ӯ посух надодааст.
Наимҷон Ёқубов ҳоло ба кӯмаки ҳуқуқӣ, як вакили мудофеъ ниёз дорад ва аз ҳукумати Тоҷикистон дар расидагӣ ба қазияи худ умед дорад. Ӯ мегӯяд: «Ман як бор вакили мудофеъ гирифтам. Вале ӯ милатчигӣ кард, ба ҷои тарафи маро гирифтан, тарафи суд ва прокурорро гирифт. Ман бори дигар вакил гирифтам, дар як мурофиа иштирок кард, аз сабабе, ки пул надоштем, ки хидмати ӯро пардохт кунем, дигар ӯ наомад».

Дар ҳамин ҳол котибаи додгоҳи шаҳри Подолски Русия дар мавриди ин парванда гуфт: «Қарор аст, муҳокимаи муқаддамотӣ 25 июл, соати 11 шурӯъ шавад. Вай аз рӯи банди 228/2 Қонуни ҷинойӣ, барои интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир муттаҳам мешавад».

Тоҳир Аҳмадов консули Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, ки дар марвиди муроҷиъати наимҷон Ёқубов ба бахши консулии сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар надорад: «Мо дар як рӯз 15-20 мактуб аз шаҳрвандони Тоҷикистон мегирем. Барои ҳамин шояд навишта бошад, шояд мактубаш марвиди баррасӣ қарор дошта бошад. Аммо агар ягон наздиконаш, хешу табораш дар дар Маскав бошад хоҳиш мекардам мустақиман ба мо мурҷиъат кунанд. Мо омодаем ба мақомоти марбута нома омода карда ирсол дорем».

Аммо Тоҳир Аҳмадов гуфт, консулгарии Тоҷикистон дар Маскав имкони гирифтани вакили мудоифа барои Наимҷон Ёқубовро надорад. Зеро мегӯяд вай вакилони мудофиаъа дар Русия пули калон тақозо мекунанд ва хоса барои парвандаҳои вобаста ба маводи мухаддир тақозои пул дучанду сечанд мешавад.
XS
SM
MD
LG