Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Олмерт ва Аббос дар Шарм уш-Шайх


ll

Имрӯз дар фароғатгоҳи Шарм уш-Шайхи Миср мулоқоти сарвазири Исроил Яҳуд Олмерт ва раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос баргузор хоҳад шуд.


Ин нахустин мулоқоти Олмерт ва Аббос баъди даргириҳо дар минтақаи Ғаза ва таъсиси ҳукумати нави Фаластин аст.


Мақомоти Исроил гуфтанд, ки онҳо омодаанд 350 миллион доллари аз даромади андоз ҳосилшудаи муваққатан мунҷамидгаштаро ба ихтиёри ҳукумати нави Фаластин гузоранд.


Дар ҳамин ҳол, бар асари ҳамлаи мушакии ҳавопаймои низомии Исроил ба як мошин дар қисмати шарқии шаҳри Ғаза як узви гурӯҳи «Ҷиҳоди исломӣ» кушта ва ду фаластинии дигар маҷрӯҳ шуданд. «Ҷиҳоди исломӣ» таъйид кард, ки дар ин мошин фаъолонаш барои иҷрои вазифаи муқаддаси худ, яъне ҳамла ба Исроил, мерафтанд.


Баъд аз ба таҳти назорати комили гурӯҳи «Ҳамос» қарор гирифтани минтақаи Ғаза ин нахустин ҳамлаи артиши Исроил ба минтақкаи Ғаза аст.
XS
SM
MD
LG