Пайвандҳои дастрасӣ

Нархи семент дар Тоҷикистон 100% зиёд шуд


FB

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, муддати як моҳи ахир дар бозорҳои кишвар болоравии арзиши маводи сохтмонӣ, аз ҷумлаи симон ё семент, мушоҳида мешавад.


Гуфта мешавад, агар қаблан як тонна семент 450 сомонӣ нарх дошт, ҳоло он ба 900 сомонӣ, муодили тақрибан сесад доллари амрикоӣ, фурӯхта мешавад. Аз ин рӯ вазорати мазкур тасмим гирифтааст, ки бо таъсиси як комисюни вижа вазъи пешомадаро таҳқиқ ва барои поён бурдани арзиши семент мусоидат кунад.


Таҳлилгарони маҳаллӣ иллати болоравии нархи маводи сохтмониро дар оғози корҳои бунёдии манозили маскунӣ ва иншооти бузург, минҳайси нерӯгоҳҳо ва меҳмонхонаҳо, медонанд. Аммо бархе аз фурӯшандаҳои ин маводи сохтмонӣ иллати аслиро дар фаъолияти ками корхонаи «Тоҷиксемент» медонанд.
XS
SM
MD
LG