Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Панҷакент нӯшоба мебароранд


ШР

Барои нахустин бор дар водии Зарафшон корхонаи маҳаллии коркард ва тавлиди нӯшоба аз рустанӣ ва меваҷоти кӯҳӣ ба фаъолият оғоз кардааст.


Корхонаи мазкур бо ибтикор ва маблағгузории соҳибкорони минтақа дар маркази ноҳияи Панҷакент бунёд ва феълан ба истеҳсоли нӯшобаву консервҳои мухталиф аз мева ва рустаниҳои кӯҳӣ оғоз кардааст.Турсун Валиев роҳбари корхонаи навтаъсис дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт ҳадаф аз роҳандозии корхона ба роҳ мондани тавлиди нӯшоба ва консервҳои гуногун барои сокинони навоҳии водии Зарафшон ба ҳисоб меравад. Оқои Валиев афзуд вуҷуди табиати бойи рустанӣ ва меваҷоти минтақа ин имконро фароҳам меорад,ки иқтидори тавлидии корхона бо қимати нисбатан арзон дар оянда афзойиш ёбад.


Аз сӯи дигар,ба гуфтаи оқои Валиев таъминоти хуби фаннии корхона ҳамчунин имкон медиҳад, ки дар оянда маҳсулоти корхона ба бозорҳои берун низ роҳ ёбад. Дар ҳоли ҳозир иқтидори тавлидии корхонаи мазкур рӯзона то 2000 қуттӣ консерва ва нушобаро ташкил медиҳад. Дастандаркорони корхона мегӯянд қасд доранд аз роҳи ҷалби сармояи хориҷӣ тавлидоти онро боло бурда, ҳамзамон анвоъи маҳсулотро аз ҳисоби рустаниву меваҷоти шифобахши минтақа афзойиш диҳанд. Дар назар аст дар корхона беш аз 150 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор таъмин гарданд.

Шоҳини Равшан, Панҷакет
XS
SM
MD
LG