Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи муҳоҷирони заҳролудшуда дар Маскав ба 314 нафар расид


Сарпизишки санитарии Русия, Геннадий Анишенку гуфтааст, шумораи муҳоҷирони заҳролудшуда дар Маскав ба 314 нафар расид, ки аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Туркия ва Укроин мебошанд. Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин миён дақиқ нашудааст. Ин ҳам дар ҳоле ки ҷамъан зиёда аз 1000 нафар ба пизишкон муроҷиат кардаанд.


Ба гуфтаи ҷаноби Анишенку дар вуҷуди аксари беморон ангалҳои сирояткунандаи салмонеллёз кашф шудааст.


Мақомоти давлатии Русия пойфишорӣ доранд, ки сарони ширкати туркии "Энка Иншаат ва Саноеъ Эноним" ба ҷаласаи ситоди изтирории рафъи паёмадҳои ҳодиса даъват шаванд. Онҳо ҳамчунин мегӯянд, заҳролудшавии бинокорони ин ширкат, ки асососан муҳоҷиронанд, бори дуввум рӯй медиҳад ва бояд иҷозаи кори ширкати мазкур бознигарӣ шавад.


Мақомоти Русия гуфтаанд, харҷи табобати заҳролудшудагонро бояд ширкати бинокории туркӣ бипардозад. Дар минтақаи кори муҳоҷирон карантин эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG