Пайвандҳои дастрасӣ

Арзёбии кори ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон


Ожонси навтаъсиси мубориза бо фасоди назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон натоиҷи муқаддамотии кори худро дар як нишаст дар шаҳри Душанбе расманан эълом доштааст.



Муовини раиси Ожонси мазкур Абдураҳим Абдулҳасанов гуфт, тайи якуним моҳи фаъолияти расмии ин ниҳод беш аз 50 парвандаи ҷиноӣ бо далели ришватситонӣ боз гардида ва шуморе аз афроди мансабдор ҳам дар ин замина боздошт шудаанд:«Зарари моддии бо ин ҷиноятҳо ба давлат расонидашуда 2 миллиону 670 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки дар рафти тафтишот ва чораҳои аз сӯйи кормандони Ожонс андешидашуда зиёда аз 768 ҳазор сомонии он бо пули нақд барқарор карда шуд. Масалан, фақат бо парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба роҳбарони муассисаи давлатии «Телерадиоком» зараре, ки дар натиҷаи азхудкунии маблағҳо ба давлат расидааст, беш аз 700 ҳазор сомониро ташкил додааст. Маводири азхудкунии маболиғи давлатӣ аз сӯйи мақомоти шӯъбаҳои андозситонӣ ҳам зиёд мушоҳида мешавад, рӯзи гузашта мо масъули шӯъбаи андози ноҳияи Ҳисорро бо ин ҷурм боздошт кардем».



Ин дар ҳолест, ки рӯзноманигори мустақил Умаралии Сафаралӣ мегӯяд, хабаре оид ба боздошти мансабдорони баландпоя аз сӯйи Ожонси назорати молию мубориза бо фасод бо иттиҳоми ришватситонӣ ё ҷиноёти дигари молӣ дарёфт накардааст, ба ҷуз он ки ин ниҳод аз дастгир шудани чанд омӯзгор ва мақомҳои сатҳи поини давлатӣ иттилоъ пахш кардааст:«Тайи чанд муддате ки ин сохтор фаъолият дорад, мо ягон амалиёти чашмраси онро надидем, ягон вазир ё раиси корхонаю муассисоти азими давлатӣ дастгир нашудаанд то имрӯз. Ҳамин гуна ниҳод дар сохтори Прокуратураи генералӣ қаблан ҳам фаъолият мекард ва натоиҷи бад надошт, аммо фикр намекунам, ки Ожонси нави мубориза бо фасод аз ҳамон шӯъбаи прокуратура беҳтар кор кунад».


Бо ин вуҷуд ки мақомоти Ожонси назорати молию мубориза бо фасод иддао доранд, ки мизони фасодзадагӣ дар ниҳодҳои давлатӣ коҳиш ёфта ва аз мавориди ришватситонӣ дар Тоҷикистон ба шиддат ҷилавгирӣ мешавад, иддае аз коршиносони ҳозир дар нишаст мегӯянд, дар сурати тайи якуним соли оянда ба натоиҷи назаррас нарасидани кори Ожонси мазкур, зарурати вуҷуд доштани он зери суол меравад, чун дар Тоҷикистон мақомоти дигари интизомӣ ва назораткунандаи иҷроиши қонунҳо мавҷуданд. Саймуддин Дӯстов, масъули дафтари иттилоотию таҳлилии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон: «Бо надоштани стратегияи миллии пешгирӣ ва мубориза ба зидди фасоди миллӣ, бо он ки телефонии раиси ожонс аслан телефонии боварӣ аст, як гуна мулоим карда гӯем, нофарҳмиҳо дар ин сохтор ҳис мешавад. Ва ман фикр мекунам, ки ин ожонс аслан як корт-дланш дорад аз аҳли ҷомеаи тоҷикистон дар муддати як-якуним сол ва ҳамин гуна корт-бланш дорад дар назди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва он ҳам аз як-якуним сол зиёд давом карда наметавонад».


Ва аммо масъулини Ожонси назорати молию мубориза бо фасод мегӯянд, нисбат ба чанд мансабдори баландпояи давлатӣ низ бо ҷурми ришватситонӣ ва ҷиноёти молӣ парванда боз шудааст, аммо ба хотири нигаҳдории сирри тафтишот, ҳанӯз аз ироаи иттилоъи бештар барои расонаҳои хабарӣ худдорӣ меварзанд.
Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон эътироф мекунанд, ришваву фасод дар тамоми қишрҳои ҷомеа вуҷуд дорад, ахиран Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ва ё Transparency International дар гузориши худ имсол низ Тоҷикистонро дар миёни 10 кишвари фасодзадаи ҷаҳон ном бурдааст.

Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG