Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди шадиди Карзай аз нерӯҳои НАТО


Раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай амалиёти нирӯҳои таҳти раҳбарии Амрико ва НАТО - ро, ки танҳо тайи як ҳафта 90 кушта ба ҷо гузоштааст, маҳкум кард. Оқои Карзай дар ин замина имрӯз дар Кобул чунин гуфт: "амалиёти мазкур ва паёмадҳои он дигар қобили таҳаммул нест ва мардуми афғон ҳам дигар онро таҳаммул карда наметавонад"



Изҳороти Карзай баъди он садо дод, ки рӯзи панҷшанбе дар вилояти Ҳилманд, ҷануби кишвар бар асари ҳамлаҳои мушакии нирӯҳои НАТО 25 мулкӣ ба ҳалокат расиданд. Яап Де Ҳуп Скеффер, Дабири кулли НАТО баъди ин ҳодиса гуфт, ки ҳама гуна таалафоти мулкӣ дар амалиёти ҳавоии НАТО "як иштибоҳ буд". Дар гузориши худ аз вилояти Ҳилманд хабарнигори радиои "Афғонистони Озод" Солеҳмуҳаммад Солеҳ гуфт, ки ҳамлаҳои ҳавойӣ гурӯҳи манзилҳои вулусволии Гиришкро ҳадаф қарор додааст. Дар ин минтақа толибон паноҳ бурда, алайҳи нирӯҳои хориҷиву артиши миллии ин кишвар оташ кушоданд. Дар пайи он ҳудудан 20 ҷангӣ ба ҳалокат расидаанд. Дар ҳамин ҳол, волии Пактико Акрам Хпалвак ба радиои Афғонистони Озод гуфт, ки НАТО ва артиши Афғонистон рӯзи ҷумъаи 22 - июн ҳудудан 80 муттаҳами толибонро ба ҳалокат расониданд. Ин гурӯҳҳо ба ҳамла болои вулусволии Бермели наздики марзи Покистон омодагӣ медиданд. Қабл аз ин НАТО гуфт, ки шумори қурбониҳо ба 60 нафар мерасад. Дар таҳаввулоти ҷудогона НАТО гуфт, ки сарбозони афғониву эътилофӣ дар вилояти ҷанубии Қандаҳор ҳудудан 20 размандаи толибонро ба ҳалокат расониданд. Ва инчунин имрӯз дар вулусволии Гирои вилояти Ғазнӣ, тибқи иттилои НАТО, 20 размандаи толибон дастгир шуданд.

Хиромон Бақозода, Прага
XS
SM
MD
LG