Пайвандҳои дастрасӣ

Марги афсарони САҲУ дар Тоҷикистон


Мигел Ангел Моратинос - раиси Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ва вазири умури хориҷаи Испониё бо нашри як баёния аз даргузашти фоҷиавии ду корманди ин созмон дар Тоҷикистон ибрози таслият намудааст. Мортен Ладоен ва Арне Штейни - ду корманди Маркази САҲУ дар Тоҷикистон субҳи 22 - июни соли равон дар пайи як садамаи автомобилӣ дар Душанбе ҷони худро аз даст додаанд. Садамаи мазкур шабонгоҳ дар роҳи хиёбони марказии шаҳри Душанбе, наздики маҳалли зисти кормандони Маркази Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе рух додааст. Ҳар ду корманди Маркази Созмони амнияту ҳамкории Аврупо баъд аз интиқол ва анҷоми амали ҷарроҳӣ дар беморхонаи марказии пойтахти Тоҷикистон ба номи Дяков ҷони худро аз даст доданд. Бино ба иттилоъи Маркази САҲУ дар Душанбе ҳар ду корманди фавтида дар чаҳорчӯби тарҳи хунсосозии муҳимоти ҷангӣ дар Тоҷикистон,ки аз сӯи ин созмон иҷро мегардад,машғули фаъолият буданд.
XS
SM
MD
LG