Пайвандҳои дастрасӣ

Навъи нави сонсур дар давлатҳои пасошӯравӣ


Cозмони Freedom House ё Хонаи озодӣ мегӯяд, дар кишварҳои Шӯравии собиқ навъи нави сонсури ахбор ба шеваи саркӯб кардани матбуоти мустақил табдил ёфтааст. Муаллифи гузориш ва мудири пажӯҳишоти Хонаи озодӣ, Кристофер Волкар ба радиои "Озодӣ" гуфт ҳолати нав аз давраи шӯравӣ танҳо шаклан фарқ мекунад:
"Сабки кӯҳнаи шӯравӣ ба гунае буд, ки онро метавон сабки давлатишуда номид. Яъне ҳамаи кори нашри хабар аз тарафи давлат назорат мешуд ва як низоми том ба миён меомад. Тафовут дар ин аст, ки акнун василаҳои гуногуне барои назорат бар матбуот истифода мешаванд ва ин фарқи асосист дар қиёс ба давраи шӯравӣ."


Ба пажӯҳишоти Хонаи озодӣ, ҳукуматҳо акнун фарқ мегузоранд, ки дар куҷо чӣ қадар фишор бояд дошта бошанд. Онҳо ба телевизион диққати бештар медиҳанд ва ба нашрияҳо диққати камтар, зеро нашрияҳоро танҳо доираи хурди мардум мутолиа мекунад. Тамоюли дигар таъсиси радио, телевизион ва нашрияҳои мустақил аст, ки дар асл хидмати ин ҳукуматҳоро мекунанд.


Ба ақидаи Волкар, интернет ҳамчун навтарин расонаи ахбори ом, низ таваҷҷӯҳи ҳукуматҳоро ба худ кашидааст, то роҳҳои назорати онро пайдо кунанд. Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" ин майли ҳукуматро дар Тоҷикистон тасдиқ кард.
XS
SM
MD
LG