Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаҳистон Аврупоро такон дод


Хабаргузориҳо мегӯянд, дар баҳси миёни Лаҳистон ва Иттиҳоди Аврупо дар дар нишасти сарон дар Бруссел пешрафте ба даст омад. Барои бурунрафт аз бӯҳрон як пешниҳоди муросоомез ба миён гузошта шуд, ки Иттиҳоди Аврупо ислоҳи низоми раъйдиҳиро, ки Лаҳистон онро зарар ба худ мехонд, ба таъвиқ мегузорад ва дар ивази ин Лаҳистон аз эътироз даст мекашад.

То ин дам сарвазири Лаҳистон Ярослав Качински мегуфт, кишвараш мумкин аст, ба тарҳи ислоҳоти низомномаи Иттиҳоди Аврупо вето эълон кунад, зеро он ба суди кишварҳои бузург ва бар зарари кишварҳои хурдтару навтари ин иттиҳод аст.

Ангела Меркел, президенти феълии Иттиҳоди Аврупо пешниҳод кард, низоми феълӣ бетағйир боқӣ бимонад ва ислоҳоти он дар соли 2017 ба амал ояд. Лаҳистон ин пешниҳодро пазируфт. Пас то соли 2017 Лаҳистон соҳиби 27 раъй хоҳад монд, дар ҳоле ки Олмон 29 раъй дорад. Мақсад аз ислоҳот ин буд, тақсими раъйҳо бояд бо назардошти нуфус ва нуфузи ҳар кишвар сурат гирад. Качински посух медод, ки агар саршумори аҳолӣ дар Лаҳистон камтар аст, дар ин ҳам Олмон гунаҳкор аст, ки дар Ҷанги ҷаҳонии дуввум ин аҳолиро нобуд кард. Вай ҳамчунин Меркелро ба он айбдор кард, ки аз Русия бештар пуштибонӣ мекунад, то аз аъзои Иттиҳоди Аврупо.

Ин аввалин баҳси ҷиддӣ дар Иттиҳоди Аврупо буд, ки сарони онро нигарон кард. Онҳо гуфтанд, чунин талошҳо ба манфиати онҳоест, ки дар орзуи фурӯпошии ин иттиҳоданд.
XS
SM
MD
LG