Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силоҳдорони собиқ бояд афв шаванд?


Маълумоти бештар ин ҷост.


Салом. Ҳамин коре президенти мо карда истодааст, ин хел бошад... касоне, ки он вақтҳо дар ҳамон ҷанги бародаркушӣ иштирок доштанд, турма кардан даркор. Ҳама хато мекунад, хайр, вақте сулҳ карданд, дутарафа афв кунанд ва ин хел хиёнаткорӣ накунанд.

Охир, ҳукумати моро ҳам мусалмонҳо пеш мебаранд.

Худо ҳофиз.
--------------------------------------

Ҷанг ва сулҳ, гуноҳ ва афв, гуреза ва муҳоҷир, бекорӣ ва ришва, нобаробарӣ ва ноадолатӣ - ин ҳама падидаҳои шармсоркунандаи моянд!

Олмонро бубинед, ки пас аз ҷанги Ҳитлер ва ду тақсим шудан (РДГ ва РФГ) имрӯз бо ваҳдате, ки дорад, ба чи дастовардҳое ноил шуд!

Аммо аз ваҳдати мо чи ҳосил? Бовар кунед, хеле шарм медорам, вақте имрӯз аз сулҳ ва ваҳдати тоҷикон ситоиш мекунанд.

Хеле нафрат мекунам аз он ҷанге, ки бар мо гузашт, ёдовар мешаванд. Охир, кай ману Шумо ба рӯзгори шоиставу сазоаор мерасем?

Агар имрӯз на, ба фардо бовар надорам. Пас боз ҳам кай? Кай?!

Манучеҳр.
--------------------------------------

Салом, дӯстони азиз!

Ман ҳамин ҳукуматро намефаҳмам, ки чаро мухолифини дар зиндон бударо озод намекунад. Охир, онҳо чандин сол боз дар зиндонанд. Пурсида мешавад, ки агар сулҳу оштӣ шуда бошад, пас чаро онҳо бояд дар зиндон бошанд? Ё ҷанги Тоҷикистон ҳоло ҳам тамом нашудааст? Боз мегӯянд, ки тамом шудааст, сулҳ шудааст. Одам ҳайрон мешавад аз ин ҳама чизҳои ғайри мантиқӣ.

Магар хуб нест, ин бачаҳоро, ки чандин сол боз аз озодӣ маҳруманд, аз зиндонҳо озод кунанд? Ба ҳукумат ё ба мардуми Тоҷикистон чи фоида мерасад, ки онҳо дар зиндон бошанд ва мисли дигарон дар озодӣ не? Охир, онҳо ҳам падару модар ва зану фарзанду хоҳару бародар доранд!!! Шарт аст, ки ин бегуноҳон дар зиндонҳо касал шуда, аз дунё бо хорӣ ва аз ҳамаи мо домангир гузаранд?!
Ман розӣ нестам ба ин!!!!!

Инсоф кунед, агар шуморо ҳам модар зодааст. Охир, чаро бояд танҳо силоҳдорони собиқи мухолифин аз озодӣ маҳрум шаванд: магар тарафдорони ҳукумат ҳам, ки одамҳои бегуноҳи зиёдеро куштаанд, бегуноҳанд? Лекин онҳо дар озодӣ гаштаанд. Майлаш, гарданд – ҷанг тамому сулҳ шудааст, ба гузашта салавот! Монед, ки инҳо ҳам дар озодӣ гарданд!!! Фикр мекунам, ки дар ин маврид фоидаашон ба ҷамъият бештар мерасад.

Илтимос ва талаб мекунам, ки ОНҲОРО ОЗОД КУНЕД!!!! ОНҲО ҲАМ ОДАМАНД ВА МИСЛИ МОВУ ШУМО ЯК БОР БА ДУНЁ МЕОЯНД!

Бо орзуи дидани ҳамаи онҳо дар озодӣ,
Фирдавс.
--------------------------------------

Дуруд, ҳамватанони азиз!

Нахуст, ҳамаи шумоёнро бо Иди Ваҳдати Миллӣ табрику муборакбод мегӯям. Бигзор, худованд ба миллати мо бештар хирадмандиву сабурӣ ато намояд ва кишвари мо ба рушду фаровониву оромии асил бирасад. Ба Эҳёи Аҷам!
--------------------------------------

Бале, силоҳдорони собиқ бояд авф шаванд, чун яке аз мақсадҳои асосии созишномаи ваҳдати миллӣ низ дар ҳамин буд.

Аммо, ман инҷо як фикри дигарро қайд карданӣ ҳастам, ки каме аз мавзӯъ берун аст, вале ба ҳар ҳол хуб мешуд, агар ягон кас ба ҳамон ҳамватане, ки ҳоло 3 сол боз дар Маскав боздошт гардидааст ва дар борааш сомонаи «Озодӣ» дирӯз навишта аст, ягон кумаке карда тавонад. Ин як икдоми хубе низ мешуд бахшида ба ҷашни ваҳдати миллӣ - яъне чи тавр тоҷикон ба якдигар - новобаста аз макону вазъият – дастгирӣ мекунанд ва дар асл ягонагии худро нишон медиҳанд.
--------------------------------------

Салом ба тамоми ҳамватанон.

Ман фикр мекунам, баъди чанд сол ин шароит ба он оварда мерасонад, ки афви тамоми «гунаҳкорон»-и бегуноҳ таъмин мегардад.

Аз ин рӯ аз ҳамаи ҳамватонону ҳамхунон сабру тоқатро хоҳонам.

Бо эҳтиром, Ардашер.
--------------------------------------

Чаро афв шаванд? Бояд ҳамаи онҳое, ки хуни ноҳақ рехтаанд, то ба охир ҷазои худро бикашанд ва ҳамчунин ҷинояткорон ҳоло ҳам дар озодӣ бидуни ҷазо мондаанд - онҳоро ҳам бояд зиндонӣ кард, ки имрӯз мо, миллати тоҷикро, мардикори дигарон карданд. Ин ҳама аз дасти мусаллаҳони собиқ.

Саломат бошед.
--------------------------------------

Ростӣ, дар бораи он мусаллаҳоне, ки акнун пайвандонашон бахшиши гуноҳ ва озодиашонро мехоҳанд, чизе гуфта наметавонам. Чунки, нахуст, мо дуруст намедонем, ки онҳо кӣ ҳастанд, шуморашон чи қадар аст ва чигцна дастгир шуданд.

Аслан, чандин бор аст, ки дар рӯзҳои ваҳдати миллӣ афв карда мешавад, пас магар онҳо кофӣ набуданд?

Диққати маро бештар он ҷалб мекунад, ки, аслан, ҷанги «дохилӣ» надоштем: вақте чархболҳои русӣ деҳаҳоро ба хок яксон мекунанд, ин ҷанг дигар ҷанги дохилӣ нест. Ва ё вақте ки танкҳои Узбакистон мардуми бегуноҳи тоҷикро тикка ва пора мекунад, ҷанг ҷанги дохилӣ нест (давлати Тоҷикистон он замон на танк дошту на нерӯҳои ҳавоӣ).

Албатта, тоҷикон ҳам ҳамроҳи инҳо буданд – шакке нест. Мо ҳоло ҳам дар хатар ҳастем, аммо, мутаасссифона, инро дарк намекунем. Ҳанӯз ҳам зери бори русҳо ҳастем, ҳам артиши Русия ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон пойгоҳ дорад. Режим ҳам бо кумаки бо кумаки русҳо барқарор шудааст ва бидуни Русия нафас ҳам наметавонад бигирад.

Бубинед, мақдуниҳову арабҳову муғулон омада... хуни моро рехтанд, вале мо бо пойдории забону фарҳангамон... сарбаланд шудем.

Вале русҳо омаданду заданд бар сарамон, вале ҳанӯз ҳам сарбаланд нашудем!
Магар ҳоло вазифаи мо ин нест, ки ҳамаро канор гузорем ва аз нав сарбаланд шавем?

Даврон.
--------------------------------------

Дуруд бар "Озодиён" ва озодагон!
Дар ҷанги мо гунаҳгор онҳое ҳастанд, ки натавонистанд озодии ба даст овардаро барои оромӣ ва ободии кишвар ба кор баранд. Гунаҳгор касоне ҳастанд, ки барои "тоҷу тахт" хонаи падарро сӯхтанду бародарро куштанду хоҳару модарро беваву бечора карданд. Гунаҳгор на касоне ҳастанд, ки барои пуштибонӣ аз зодбуму падару модару хоҳару бародарашон силоҳ ба даст гирифтанду ҷангиданд.

Ҷанг ҷанг аст. Дар ҷанг ё мекушӣ, ё мекушандат.
Дар ин ҷанг мо худ ба дасти хештан худро куштем. Акнун бояд худро бахшем, ҳамдигарро бахшем, тоҷик бояд тоҷикро бахшад ва аз гуноҳаш гузарад, зеро ҳамхуну ҳаммеҳану ҳамдин ҳастем. Аммо бегонагонро набояд бахшид.

Аз Худованд хосторам, ки моро бахшаду аз гуноҳамон бигзарад ва кишврамонро ҳамеша озоду орому обод нигаҳ дорад!

Умед Ҷайҳонӣ
-------------------------------------
Барои ман тантанаи Рӯзи Ваҳдат ёде аз ҷавонмардони содаи кӯҳистонӣ, асилу нексиришту бебок, ёде аз онҳое ки ҷони худро барои сулҳ аз даст доданд ва дар охир аз дасти номардони мансабталош ва дасисабозу ҳангомаҷӯ, чи аз тарафи ҳукумат ва чи аз тарафи мухолифин ба қатл расиданд. Онҳое ки ба фиреби ду-се ҳангомаҷӯ ба дасти хеш силоҳ гирифтанд ва оқибат баъзеашон ҷони худро аз даст дод, баъзеашон имрӯз пушти панҷара хомӯш ва маҳрум ҳастанд.

Яке аз ин ҷавонмардон, фармондеҳи мухолифон Маҷнун буд, ки дар охир нафароне ӯро заҳр доданд, зеро метарсиданд, ки онҳоро аз мансабу мол маҳрум накунад. Маҷнун орзуи сулҳро дошт ва барои он ҷони худро бохт. Даҳҳо нафари дигар ба мисли ӯ қурбони дасисаҳо шуданд, то ба сулҳ бирасем. Замоне ки ҷасади ӯро ба гӯр мебурданд, ҳофизе ин байти Лоиқро аз пасаш месуруд:

Бузургон ҳар куҷо овора миранд.
Батадбиранд, вале бечора миранд.
Ҷавонмарганд мардони ҳунарманд
Валекин нокасон садсола пиранд...

Гумон мекунам, ҳар нафаре ки дар расми дафн ҳузур дошт аз шунидани ин суруд дили реш ва чашми гирён дошт. Агар сарони ҳукумат ва мухолифин аз чунин лаҳзаҳои давраи ҷанг ёд кунанд, бояд ҳатман, онҳоеро, ки дар паси панҷара ҳастанд, озод намоянд.

Олимп
------------------------------------
Дуруд бар ҳамватанони азиз!

Нахуст, Иди Ваҳдати Миллиро ба ҳамаи шумо табрику муборакбод мегуям. Бигзор худованд ба миллати мо бештар хирадмандиву сабурӣ ато намояд ва кишвари мо ба рушду фаровониву оромии асил бирасад. Эҳёи Аҷам зинда бод!

Бале, силоҳдорони собиқ бояд авф шаванд, чун яке аз мақсадҳои асосии созишномаи ваҳдати миллӣ низ дар ҳамин буд.

Аммо, ман инчо як фикри дигарро қайд карданӣ ҳастам, ки каме аз мавзӯъ берун аст, вале ба ҳар ҳол хуб мешуд агар ягон кас ба ҳамон ҳамватане, ки холо 3 сол боз дар Москав боздошт гардидааст ва дар борааш сомонаи Озодӣ дирӯз навишта аст, ягон кӯмаке карда тавонад. Ин як иқдоми хубе низ мешуд бахшида ба ҷашни ваҳдати миллӣ - яъне чи тавр Тоҷикон ба якдигар новобаста аз макону вазъият дастгирӣ мекунанд ва дар асл ягонагии худро нишон медиҳанд.

Ман аз интернет як қатор ташкилотҳои диаспораи Тоҷикро дар Маскав дарёфт кардам, вале телефонҳои онҳо ҷавоб намедод, то хоҳиш намоям барояш кумаке бикунанд. Мумкин ин кори нек ба якеи шумо имконпазир гардад.

Зинда бошед!

Ботур Қосимӣ
--------------------------------------
Ба номи Худо салом
Ба назари ман коре, ки ҳукумати Тоҷикистон анҷом дод ва он ин ки силоҳбадастони оппозисиюнро зиндонӣ кард, кори хеле иштибоҳеро муртакиб шуд. Онҳо ҳеч гуноҳе накардан фақат дифоъ аз ватни худ ва Исломи азиз буд.Дар воқеъ нобахирадона онҳо зиндони шуданд. Ба бародар Абдулоҳ гуфтани хастам, ки иштибохи шумо дар номаатон ин аст, ки шумо ҳукумати точикистонро дар чои хазрати Али(к) қарор додед ва размандагони Исломро дар чои Ибни Мулчами палид ба назраи ман таъбири шумо баръакс мешуд хуб буд.
Бо эҳтиром
Абдусамади Карим
--------------------------------------
Бояд озод шаванд.
Мусофир.
--------------------------------------

Ин як иштибоҳе буд,ки ҳар ду тараф карданд. Бояд мухолифин озод шаванд.

Шамc
---------------------------------------

Салом ба кормандони родиюи «Озодӣ» ва аҳли «Майдони баҳс».

Ман фақат ба Комили Кӯҳистонӣ гуфтаниам, ки баъди хондани матлаби ту хеле гиристам ва таассуф мехурам, ки миллати тоҷик ту барин фарзандони бесавод,... ва ҷоҳилро парвариш додаааст.

Масъалаи ҳукуматдорони ҳозир ва мухолифини собиқ ошкор аст, факат сензура, тарс, зулм, даҳшат ва ситемаи диктатории Тоҷикистон аст, ки муваққатан намегузорад масъала ошкор шавад ва баъди сари ҳокимони феълӣ хоҳӣ фаҳмид, ки чиқадар нофаҳм ва аз оламу одам бехабар будаӣ!

Таърихро дигар кардан муҳол аст, ҳатто мумкин нест!!! Беҳуда нагуфтаанд, ки «Поёни шаби сияҳ сафед аст». Ё «Офтобро бо доман намешавад пӯшонд. Фақат мунтазир бош... Рӯзе мерасад, ки тамоми наворҳои аслии ҷанг дастрас ва китобҳо навишта хоҳад шуд.

Абдуллоҳи Абдураҳмон.
--------------------------------------

Салом бар ҳама.

Мутаассифона, ман имрӯз наметавонам ҳамаи мардуми тоҷикро бо Рӯзи ваҳдат табрик кунам. Мутаассифона - барои онки маҳз дар ҳамин рӯз, яъне 27-уми июни соли 1997, мухолифини ҳукумати вақт аз тарафи ин давлати худкома бебозгашт фиреб дода шуд. Агар равшану возеҳ бигӯям, ба ҷониби онҳо 30 дарсади вазифаҳои роҳбарикунандаро дар ҳама сатҳҳои ҳукумат ваъда карда, онҳоро розӣ карданд, ки ба созишномаи сулҳ имзо гузоранд, вале ҳамаги тақрибан 4-5 фоизи вазоифро доданду халос!!!

Ман дар бораи интихоботҳҳои ҳама сатҳ ва интихоботи президентӣ дар кишвар инҷо чизе намегӯям, ки то имрӯз ягонтояшон аз рӯи адолат ва шаффофу пок нагузаштанд.

Дигар инки, охир, чи хел мешавад, вақте садҳо нафар бародарони мо, ки дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бар зидди душманони худ, ки, мутаассифона, аксарашон ҳамватанони онҳо буданд, ҷангида (аслан бигирем, он вақт ҷанг буд ва ҷанг қонунҳои худро дорад ва ин бачаҳо афсар буданду бояд амру фармони сардоронашонро иҷро мекарданд), осудагиро тамоман надида буданд, боз имрӯз ҳам дар кунҷи зиндонҳои ҳукумат азобу уқубат бикашанд, мо беғамона ба кӯча бароему ид кунему (чиро?!) ҳамроҳи аҳли хонаводаамон кабобхурӣ кунем (заҳр хӯрем, беҳтар аст)?!!!!!

Модарону падарон ва наздикони ин зиндониҳо имрӯзҳо дар орзуи озодии онҳо ашк мерезанду мо бешарафона рӯзи найранги миллиро ҳамчун рӯзи ваҳдат (дурустараш - ваҳшат) ҷашн мегирем.

Ҳой мардум! Шумо дил доред? Хайр, ҳукумат надорад, ақаллан шумо инсоф доред?!

Ҳеч набошад, тасаввур кунед, ки он ҷангандаҳои мухолифини ҳоло дар зиндон буда фарзандон ё бародарону хешу табори шумоанд.

Як чизи дигар. Дар вақташ, вақте ки сулҳ шуд, ҳукумат расман намояндагони мухолифини худро афв кард ва на як бор. Охир, ин чигуна мешавад, ки равоншод устод Нурӣ, Тӯраҷонзода, Ҳимматзода ва дигарон афв шуда, ҳатто баъзеашон вазифаи давлатӣ ҳам гирифтанд, вале мухолифони қаторӣ, ки умуман фармони ин роҳбарони худро дар давраи ҷанг иҷро мекарданд, бахшидаву афв намешудаанд?!

Инҷо бо сароҳат метавон дид, ки ҷониби ҳукумат аслан самимона сулҳ накардааст, балки гургоштӣ кардааст! Беҳуда намегӯянд, ки гург ҳеч гоҳ оштӣ намекунад ва одами баддилу бадният ҳам.

Ман намехоҳам, ки онҳо аслан афв шаванд, балки бе чунучаро озод шаванд ва аз эшон расман маъзарат хоҳанд ва ҷуброни ин кадар сол нодуруст аз озодӣ маҳрум карданашонро бипардозанд.

Ман талаб мекунам, ки ҳамаи мухолифини собиқи ҳукумат, ки имрӯз дар зиндонҳо ҳастанд, фавран озод карда шаванд ва бояд ба зону зада, аз онҳо узр пурсанд. Дар акси ҳол на ҳукумат ва на касе дигар ҳақ надорад, ки «сулҳ кардем» гӯяд! Тамом.

Сайдалӣ, ноҳияи Кофарниҳон.
----------------------------------------

Афв кардан ин як бузургӣ аст, яъне бахшидан кори воло аст, ба ин қудрати ҳукумат фақат мерасад.Мо тарафдори сулҳ будем ва афвро ҳам як узви сулҳ мешуморем. Ба фикри ман дар зиндонҳо 80 дар сад бегуноҳ аст, чунки суди мо мустақил нест, барои ҳамин раҳми модарону кӯдаконро кардан даркор аст, ки ранги солҳои 50-60 уми асри гузашта нашавад. Баъди вафоти Сталин халқи бегунҳ озод шуд.
АФВ КУНЕД ҶАНОБОН, ИЛТИМОС ИН БА ФОИДАИ ШУМО АСТ.
---------------------------------------

Албатта, бояд афв шаванд, зеро онҳое, ки имрӯз дар пушти панҷара нишастаанд, силоҳбадастони воқеъӣ нестанд. Инҳо бо ҷурми ҳамон силоҳбадастоне нишастаанд, ки онҳо бо додани сарватҳои ғораткардаи худ имрӯз дар озодиянд.
--------------------------------------

Ассалом дӯстони азиз.

Ман фикр мекунам, ки, агар дар ҳақиқат гунаҳгор бошанд, бояд ҷазо бинанд. Вале шояд он бечораҳоеро, ки бозичаи дасисагарҳои айём буданд, давлат афв кунад, на онҳоеро ки бо иродаи хеш ба чунин ваҳшоният даст задаанд.

Бо эҳтиром, Ғариб.
--------------------------------------

Дуруд ба ҳамаи онҳое, ки ин сафҳаро мехонанд ва бо он кор мекунанд!

Ман бо он ақидае, ки Кӯҳистонӣ иброз доштааст, розӣ ҳастам. Воқиъан, ин шахсон, ки одамкушӣ намуданд, магар модарони он кушташудагон ашк нарехтанд ва ё онҳо ғам надоштанд? Қисмате аз онҳо ҳоло ҳам он ғаму андӯҳро дар дил мепарваранд ва магар озод кардани қотили фарзанд, падар ва ё дигар шахси наздикашон аз рӯи адолат аст? НЕ!

Барои ҳамин ҳам бояд онҳое афв шаванд, ки ҷинояти ғайри куштор содир намуданд.

Бо эҳтиром, Ориёи Шуғнӣ.
--------------------------------------

...Ман аз ҷавонмарди ғайюр Салими Аюбзод пурсиданиям, ки... оё хуни ҳазорон писари ҷавони тоҷик дар гардани ин «бобои миллат» (яъне И. Каримов) нест? Агар ҳаст, чаро шумо ҳамонҷо кор карда, ба ин ... роҳ медиҳед, ки ҷаллодонро дар саҳифаи радиои писандидаи мардуми тоҷик «Озодӣ» реклама кунанд.

Хоҳари шумо Симин!
--------------------------------------

Салом ба ҳамаи дастандаркорони радиои «Озодӣ» ва ҳамватанон.

Бо таваҷҷуҳ ба шинохте, ки ман аз дини ислом дорам ва инки мо ҳама мусалмонем, ба макомоти давлатамон гуфтаниям, ки ба назари ман ҳатто силоҳдорон ҳам бояд мавриди афв қарор гиранд, чаро ки ислом дине аст, ки амал кардан ба таълими он ба манфаъати ҷомиъа аст. Ва яке аз таъолиме, ки мо дар тарихи ислом мебинем ва мехонем, аз халифаи чаҳорум Ҳазрати Ал аст, ки вақте ибни Мулҷам, қотили он ҳазрат, ба шамшер дар фарқи сари ҳазрати Алӣ зад, вақте ки хун аз сари он ҳазрат ҷорӣ мешуд, аммо вай ба фарзандонаш насиҳат кард, ки ӯро накушед ва ба ӯ ғизову хӯрок диҳед, то вай набояд аз гуруснагӣ бимирад, ва шумо фақат ҳақ доред, ки як зарбаи шамшер ба ӯ занед...

Ҳоло ҳамин зиндониҳои силоҳдори собиқ, ки ҳамин ҳоло дар зиндонҳо ҳастанд, ба андозаи на танҳо як зарбаи шамшер, балки ба андозаи чанд зарба дар зиндонҳо азобҳои гуногунро таҳаммул кардаанд.

Ва ман аз мақомоти давлатӣ мехоҳам, ки магар беҳтар нест, ки мо ҳам аз ин таълими ислом ибрат гирем ва онҳоро афв кунем? Ва ин ба маслаҳат ва ба манфаъати Тоҷикистони азизи мо хоҳад буд ва, иншоаллоҳ, Тоҷикистони азизи мо рӯз ба рӯз сулҳу амният ва обод хоҳад шуд.

Бо ташаккур аз шумо, донишҷӯи таърихи Ислом дар Мисри арабӣ
Абдуллоҳ.
--------------------------------------

Ба «Озодӣ» ҳам дигар бовар надорам, чунки масоилеро бештар мебардоранд, ки аз он нисбати якдигар ҳисси бадбинӣ бедор мешавад.

Бас аст, то кай якдигарамонро бад мекунем!?

Ин «Озодӣ» моли Амрико аст ва ҳеч вақт манфиъати моро намехоҳад!!!!!!!

Суғдӣ.
--------------------------------------

Дар сарқонун ҳам омадааст, ки ҳуқуқу озодии шахс барои таъмини озодии дигарон поймол мешавад. Эмомалии Раҳмон барои таъмини сулҳу субот ва оромии ҷомиъа кор карда истодааст.

Ягонтаи онҳоро бе гуноҳ ҳабс накардаанд - бигзор ҷазояшонро гиранд.
--------------------------------------

Салом ба ҳавордорон ва кормандони родиои Озодӣ!

Ба Комили Кӯҳистонии гиромӣ гуфтанӣ ҳастам, ки ман назари шуморо хеле хуб мефаҳмам. Вале ин ҷо масъала дар сари он аст, ки аз рӯйи Созишномаи истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ ҳамаи онҳое, ки дар ҷанги дохилӣ ширкат кардаанд бояд афв шаванд. Ман мутмаъинам, ки онҳое, ки дар тарафи ҷабҳаи мардумӣ ин қадар хунрезию ҷиноёт содир карданд, муҷозоте нагирифтанд. Албатта ба ғайр аз он "фармондеҳоне", ки барои амнияти миллӣ ва ҳукумат хатар доштанд. Вале онҷо ҳам на ба иттиҳоми ҷиноёти ҷанги дохилӣ,
балки барои кӯшиши ба сар овардани табаддулоти давлатӣ.

Бо эҳтиром, Ҳодизода
--------------------------------------

Разманда дар ҷанг чи кор ҳам мекунад, чумчуқ намекушад-ку, одам мекушад, агар афв барои сулҳ ва қатъи ҷанг аст, бояд онҳое, ки ҷангиданд, афв шаванд.

Симин
----------------------------------------

Салом ба тамоми кормандони родиои Аврупои Озод!

Рости гузориши оқои Маъмурзода ба назар хеле ҷолиб менамояд, ки фикри ин тудаи занҳоро гирифтааст. Ин занҳо бо супориш ё ташкили кадом қувва ё касе аст, ки ба тазоҳурот баромаданд. Касоне, ки дар он солҳо ҷанг карданд ва одамкушӣ намуданд бояд ҷазо гиранд. Дар пахши чунин намоишҳо ман ҷонибдори кумитаи амният ҳастам, зеро ин шахсон он солҳо одамкушӣ карданд ва инро суд исбот намудааст, пас чаро ҳамаи онҳо авф шаванд. Президент Эмомалӣ Раҳмон барои ояндаи ҳар яки мо кор мекунад ва ӯ нағз медонад, ки киро бояд авф кунад. Ҷои қотил дар маҳбас аст, бародарон!

Комили Кӯҳистонӣ
---------------------------------------

Оре, бояд афв бишаванд онҳое ки барои ҳаққи виҷдону номус ва мақому манзили худ яроқ ба даст гирифтанд. Чаро ки онҳо дигар чора надоштанд то худро дифоъ кунанд дар баробарир нирӯҳои ҳукумате ки имрӯз қаҳрамон аст. Оре, қаҳрамон ба ном аст, вале на ба ком. Қаҳрамоне ки ними халқаш дар ғурбат, беҳтарин ҷавонмардонро номардвор зиндонӣ ва қатл намуд, қаҳрамон нест. Рӯзе меояд, таърих ҳукми худро мебарорад. Вале бояд афв бишаванд онҳое ки имрӯз дар шиканҷа ҳастанд.

Олимп
---------------------------------------

Сулҳ дар Тоҷикистон набуду намешавад. Фақат ба хотири хуни инсонро нарезонидан мухолифин аз баҳри ҷанг баромад. Бигузор Раҳмонови "президент" фахр ҳам накунаду худро ҳомии сулҳ нашуморад ва балегӯёнаш низ. Офарин ба қудрату номуси қувваҳои мухолиф бо роҳбарони донишманду баномусашон.

Хайри Хуталонӣ (н.Восеъ).
--------------------------------------

Ба номи худованд.

Яке аз шартҳо ва ормонҳои асосии сулҳ ҳамин буд, ки афви сартосарӣ бояд сурат бигирад. Аммо имрӯз иддаи зиёде аз силоҳбадастони собиқ бо ҷурми андак ё тӯҳмат дар паси панҷара ба сар мебаранд. Табъан, зану фарзандони онҳо дар ин рӯзгори сангин вазъи баде доранд ва худи онҳо низ бо гузашти вақт пушаймон шудаанд. Раиси ҷумҳур бояд лаҳзае оби чашми модарон ва тифлонро ба назар гирад ва ба озодии маҳбусон иқдом кунад ва ин иқдом таърихӣ хоҳад буд. Дар акси ҳол чунин рафтор ба таҳкими сулҳу тафоҳум дар ҷомеа мусоъадат нахоҳад кард.

Бо эҳтиром,Б. Мусофир
--------------------------------------
Албатта афв шаванд!

Шах
--------------------------------------

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаъор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG