Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танҳо садост, ки мемонад...


Наздик ба як моҳ мешавад, ки барномаи "Ҳамнафас" садо намедиҳад ва ба зудӣ бояд рамзи он аз сомона бардошта шавад. Вале то ҳанӯз ба воситаи нишонии электронии Hamnafas@rferl.org ба мо номаҳо мерасанд. Бархе аз ҳамнафасони асили "Ҳамнафас" аз поёни умри ин барнома афсӯс мехӯранд, яке аз онҳо мавзӯъҳои нав пешниҳод мекунад ва дигаре менависад, гоҳе ба барномаҳои гузашта ворид мешавад ва онҳоро мехонад ва ё мешунавад, ҳатто ба барномаҳое, ки ду сол пеш пахш шуда буданд.

Аз ҳамаи ҳамнафасон самимона сипосгузорам ва дархости мо ин аст, ки дар оянда номаҳои худро ба нишонии Tajik@rferl.org фиристанд, зеро ба зудӣ суроғаи Hamnafas@rferl.org низ лағв хоҳад шуд. Аммо хабари хуш ин аст, ки барномаҳо дар сомонаи мо боқӣ хоҳанд монд ва агар ҳамнафасе рӯзе хост, саре ба онҳо бизанад, бо навиштани вожаи "ҳамнафас" дар гӯшаи "Ҷустуҷӯ" метавонад, ҳамаи барномаҳоро пайдо кунад.

Барномаи "Ҳамнафас" ба поён расид, аммо ҳамнафасии мову Шумо идома мекунад. Ин сомона меҳмонсарои мост ва ҳамеша дари он ба рӯи ҳар яки Шумо боз аст. Ҳамеша хуш омадед!

Ҳамнафаси Шумо
----------------------------------------------------------------------------------
P.S. Ба сифати изофа номгӯи бархе аз барномаҳои соли 2007-ро ёдраси Шумо мекунем:

Соли Байнулмилалии Мавлоно
Тоҷикистон Мартин Лютер Кинг дорад?
Рӯзи беҳтарин лабханд
Забони сиёсии тоҷикӣ
Тарҷумони фарҳангҳо
Помир пас аз миллионҳо сол
Тоҷикистони Борис Пилняк
"Надонистасухан"
Баҳс дар атрофи свастика
Ёде аз Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ
Наврӯз ба вақти Душанбе
Зиндагии бедевори Имомназари Холназар
Сӯҳбатҳо аз тазоҳурот
-истонҳои пой дар занҷир
Девори орзуҳо
XS
SM
MD
LG