Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилсардии аҳзоби Тоҷикистон аз интихоботи миёндаврӣ


Ин дар ҳолест,ки аҳзоби сиёсӣ ва намояндагони сомзонҳои хориҷӣ ва сафирони хориҷӣ аз баргузории интихоботи миёнадаврӣ дар бархе навоҳии ҷануб интиқод карда буданд. Муҳибулло Додоҷонов раиси дафтари Камисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳое, ки ба интихоботҳои гузашатаи миёндаврӣ назорат кардаву буданд, рӯзи 28 июн хулосаи комили худ аз назорат бар интихоботҳои гузаштаро ба КМИР ироа хоҳанд кард.



Аммо намояндагони аксар аҳзоби сиёсӣ мегӯянд ширкат дар интихоботи миёндаврӣ аҳамияти худро гум кардааст,мақомоти маҳалӣ ба сурати ошкор дар умури интихобот мудохила мекунанд ва имкони аҳзоби дигарро ба барои ширкат маҳдуд мекунанд. ҲНИТ дар интихоботи моҳи апрел худ дар шаҳри Душанбе ва Кулобро ба далели ҷорӣ шудани маҳдудият ва роҳ наёфтани намояндагони ин ҳизб ба ҳайатҳои раъйшуморӣ номзадҳои худро аз ширкат дар интихобот бозхонд кард. Ҳикматулло Сайфуллозода мудири дастгоҳи таҳлилии ҲНИТ мегӯяд ҳизбаш ширкат дар интихоботяро як амри беҳуда медонад, зеро мегӯяд ӯ ҳизби ҳоким бо истифода аз имконоти идорӣ шароити номзадҳои дигарро маҳдуд мекунад ва сарнавишти интихобот аз қабл таъйин шудааст.



Аммо Масъуд Собиров раиси ҷиноҳи сабти номшудаи ҲДТ иллати ширкат накардани ҳизбаш дар интихоботро аз як ҷониб агар маҳдудиятҳо ва мудохилаи мақомоти маҳалӣ дар умури интихобот унвон кунад, аз суи дигар мегӯяд, ки мехоҳад имконот ва нируи ҳизбро барои интихоботҳои даъвати дигар мунсаҷим кунад. Дар ҳамин ҳол Раҷаби Мирзо рӯзноманигори мустақили тоҷик муъатқид аст, ки аҳзоби сиёсӣ ба навъе дучори афсурдагӣ ва ноумедӣ шудаанд. Ва ин ҳол боис шудааст, ки аз ширкат дар интихоботҳои миёндаврӣ худдорӣ кунад. Аммо аз суи дигар дар ҳоли интизорӣ ба сар мебаранд.



Дар ҳама интихоботҳои миёндаврии гузашта ба ҷуз аз намояндагони ҳизби ҳоким номзади дигаре пирӯз нашудааст.Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иборат аз 63 курсӣ аст ва 46 курсии он ба намояндагони ҲХДТ таалуқ дорад. Танҳо чаҳор курсии порлумонро намояндагони коммунист ва ду курсиро ҳам намояндагони ҲНИТ ба худ ихтисос додаанд. 11 вакил ҳам вобастагии ҳизбӣ надорад.Интихоботи маҷлиси чорум дар соли 2010 доир мешавад.
XS
SM
MD
LG