Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Тоҷикхимпром» ба фурӯш рафт


Ширкати бритониёии «Енҷик химикал» танҳо харидори корхонаи «Тоҷикхимпром» буд,ки дар ин музоядаи байналмилалӣ ширкат ва барандаи он эълом шудааст.


Муҳаммадшариф Нозимов - муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва раиси музоядаи мазкур гуфт бо ба фурӯш гузоштани «Тоҷикхимпром» барномаи хусусигардонии корхонаҳои азими саноатии кишвар шурӯъ шудааст, ки қарор аст то поёни соли 2009 ба анҷом бирасад. Оқои Нозимов афзуд ширкати бритониёии «Енҷик химикал» ба ҳама шарт ва шурути пешниҳод кардаи ҳукумати Тоҷикистон барои харидории корхонаи «Тоҷикхимпром» розӣ шуда, пардохти ҳудуди даҳ миллион сомонии баҳои онро таъйид кардааст. Муҳаммадшариф Нозимов афзуд, ки ҷониби харидор муваззаф шудааст то соли 2009 ҳамаи қарзҳои корхонаи «Тоҷикхимпром» дар назди идороти барқу гоз, молиёти кишвар ва музди маоши кормандони онро ба маблағи бештар аз 26 миллион сомонӣ бипардозад.






Яке дигар аз шартҳои ҳукумат ин аст, ки то соли 2009 харидор бояд ба маблағи 20 миллион доллар таҷҳизоти нав ба корхона ворид кунад, низ аз сӯи ширкати бритониёӣ пазируфта шудааст. Дар ҳамин ҳол Ризо Акбарӣ- намояндаи ширкати бритониёии «Енҷик химикал» гуфт шароити ҳатмии пешниҳодкардаи ҳукумат яъне бозгардони қарзҳои корхона барои ин ширкат ҳеҷ мушкилие пеш намеорад. Зеро ба таъйиди вай ин ширкат қабл аз он,ки дар музояда ширкат кунад аз ҳамаи ин мушкилот огаҳӣ дошт ва тавони пардохти ин маболиғро дорад. Аммо мушкилоте,ки бештари корхонаҷоти саноатии Тоҷикистон ба маҳзи он варшикаста ё иқтидори тавлидотии онҳо коҳиш ёфтааст,яъне таъминот бо барқу гоз дар ин музояда миёни ширкати бритониёӣ ва ҳукумати Тоҷикистон аз чӣ роҳ ҳалл шудааст.






Ризо Акбарӣ гуфт дар асоси қарордоди тендери мазкур таъмини барқу гози корхонаро ҳукумати Тоҷикистон ба ӯҳда гирифтааст. Ба ин тартиб барномаи хусусигардонии корхонаҳои бузурги саноатии Тоҷикистон, ки қарор аст тайи солҳои 2007-2009 амалӣ шавад, бо фурӯши корхонаи «Тоҷикхимпром» оғоз шуд. Гуфтанист, ки ҳар яке аз ин корхонаҷот ба шумули корхонаи арзизи тоҷик, ширкати ҳавопаймоӣ, идораи роҳи оҳан ва дар маҷмӯъ 37 адад дар асоси тарҳҳои инфиродӣ ва бо шарту шароити хос ба фурӯш гузошта хоҳанд шуд. «Тоҷикхимпром» танҳо корхонаи тавлиди маводи кимиёвӣ дар Тоҷикистон ва яке аз се корхонаи мушобеҳ дар қаламрави шӯравии пешин аст.Тавлидоти ин корхона дар замони шӯравӣ ба кишварҳои ҳамсоя ва хориҷа фурӯхта мешуд. Бо аз сар гирифтани фаъолияти ин корхона бештар аз дуним ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ фаро гирифта хоҳанд шуд.

Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG