Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қаҳрамонҳои варзиши сабуки Тоҷикистон


Дар рақобатҳои инфиродӣ варзишгарони пойтахти кишвар Александр Балатаев (100 м), Игор Хан (200м), Фирдавс Азизов (800м) ва Аҷмал Амиров (1500), намояндагони шаҳри Турсунзода - Сотиболдӣ Ҳаитов (500м) ва Соҳибҷон Шарифов (10 000 м), аъзои дастаи вилояти Суғд - Александр Базаев (400 м) ва Алберт Санников (110 м бо монеъаҳо) байни мардон ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Дар сабқати занон дар давидан ба масофаҳои гуногун душанбегиҳо Шоҳида Зиёева (200 м), Надима Мирзоева (800 м), Мавҷуда Ҳайдаралиева (100 м бо монеъаҳо), Олга Герасимова (400 м) ва Надежда Риоева (3000 м) соҳиби медалҳои тилло шуданд.

Шокирҷон Эрматов, аз шаҳри Турсунзода дар дави варзишӣ ба масофаи 20 км байни мардон дар ҷойи аввал қарор гирифт. Дар ин навъи рақобатҳо миёни занон Мадина Эргашева, аз Душанбе масофаи 10 километрро аз ҳама пеш тай намуд.

Варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар гурзандозӣ байни мардон натиҷаи беҳтарин - 78 метру 89 сантиметр ба даст овард.

Раҳбари мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ Гулмаҳмад Назаров ба радиои Озодӣ гуфт: «Дилшод Назаров рӯзи 22-юми июн ба Укроин сафар намуд. Вай дар шаҳри Новая Каховка тамрин карда, ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки ахири моҳи август дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор мешавад, омодагӣ мебинад. Ҳадафи аслии гурзандози маъруфи тоҷик ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин мебошад. Воқеъан, Дилшод Назаров соли 2004 дар Олимпиадаи Афина ширкат карда буд.»

Дар навъҳои дигари рақобатҳо варзишгарони Душанбе - Галина Митяева (гурзандозӣ), Дилафрӯз Додобоева (ҷаҳидан ба дарозӣ ва ҷаҳиши секарата) байни занон, Руслан Аҳмадов (партови вазна), Ҳусниддин Алиев (партови диск), Зоир Яҳёев (найзаандозӣ) ва Темур Бӯриев (ҷаҳидан ба дарозӣ ва ҷаҳиши секарата) байни мардон ғолиб шуданд.

Намояндагони вилояти Суғд - Татяна Борниченко (партови вазна), Наргис Бозорова (партови диск) ва Парвина Аҳмадова ( найзаандозӣ ва ҷаҳидан ба баландӣ) миёни занон дар мақоми аввал қарор гирифтанд.

Дар ҷаҳидан ба баландӣ Лоиқ Холиқназаров, аз вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ байни мардон ғолиб омад.
XS
SM
MD
LG