Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ҲНИТ иштибоҳоти сулҳро баррасӣ кард


Ҷанги шаҳрвандии беш аз панҷсолаи Тоҷикистон (солҳои 1992 - 1997) оқибатҳои сангини равониву иҷтимоъӣ ва иқтисодиву сиёсӣ ба ҷой гузошт. Ҳарчи ҳам буд, он баъди даррабудани ҷони тақрибан сад ҳазор ИНСОН, бехонаву дарбадар кардани теъдоди бештари мардум ва... бо заҳматҳои зиёде, билахира, бо сулҳи деринтизор анҷом ёфт.

Вале оё ин сулҳ ҳамон сулҳе буд, ки ҳамагон чунин диданаш мехостанд?

Ахиран дар як ҳамоише, ки дар қароргоҳи марказии ҲНИТ дар Душанбе баргузор гардид, иштирокдорони он иҷро нашудани баъзе бандҳои Созишномаи истиқрори сулҳ, аз ҷумла тахсиси саҳмияи 30-дарсадаи оппозитсиюн дар ҳукумати Тоҷикистонро яке аз иштибоҳҳои сулҳ унвон карданд.

Саидумар Ҳусайнӣ, ноиби раиси ҲНИТ, дар ин ҳамоиш гуфт, як иштибоҳи ҷониби мухолифини пешин ин буд, ки танҳо пас аз таъсиси Кумисиюни оштии миллӣ ва ба кор шурӯъ кардани он дар Тоҷикистон, масъалаи ҷудо кардани саҳмияи 30-дарсадаро ба миён гузошт: «Вале мо мегӯем, ки бояд беҳтараш Комиссияи оштии миллӣ ба кор шурӯъ накарда, маълум мекарданд, ки кадом вазорату ноҳия, ба истилоҳ, аз мост. Аммо баъдан бо вуҷуди ваъдаҳои ҷониби ҳукумат, аксари саҳмияи мо, бавижа дар сатҳи миёнаву поин, дода нашуд».

Ба гуфтаи оқои Ҳусайнӣ, агар дар мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ низ аъзои собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик таъйин мешуданд, ҳудуди се ҳазор намояндаи онҳо имрӯз соҳиби вазифаи давлатӣ мебуд.

Дар ҳамин ҳол, Акоша Кабирӣ, масъули бахши душанбегии ҲНИТ, бар ин назар аст, ки як иштибоҳи дигари замони то истиқрори сулҳ ва баъд аз он хусусигардонии моликияти давлатӣ буд: «Худи мардум вақте ки дар талоши амният буданд, дар ин давра иштибоҳоти иқтисодии зиёд роҳ дода шуд. Як гурӯҳе моликияти давлатиро, бо истифода аз вазъ, аз худ карданду гурӯҳи дигар танҳо дар пайи бехатарии худ буданд. Ин иштибоҳи калон буд...».

Ҳамзамон Таваралӣ Зиёев, таърихшинос ва муовини аввали раиси ҷиноҳи Собирови Ҳизби Демократи Тоҷикистон, иддаъо кард, ки таъсиси порлумони дупалатаӣ дар Тоҷикистон, ки ба гуфтаи ӯ, пешниҳоди ҷониби Кумисюни оштии миллӣ (КОМ) буд, иштибоҳ аст ва зарур нест дар як кишвари кӯчаке чун Тоҷикистон ду Маҷлис - миллӣ ва намояндагон - вуҷуд дошта бошад: «Ман ҳамчун муаллифи китоби таълимии «Асосҳои ҳуқуқ» ва нафаре, ки каму беш илми ҳуқуқро мефаҳмам, наметавонам дарк кунам, ки Маҷлиси миллӣ чи вазифаро иҷро мекунад. Онҷо танҳо мансабдорон ҳастанд ва гоҳ-гоҳ ҷамъ меоянд. Инҷо аз тарафи опозисюн пешниҳод шуд, ки Маҷлиси олӣ иборат аз ду палата - болоӣ ва поёнӣ - бошад. Шояд ҳадафашон ин буд, ки шумори курсиҳои вакилӣ зиёд мешавад ва барои онҳо ҳам ҷудо мешавад. Аммо ба назари банда, Маҷлиси миллӣ ҳамон интизориҳое, ки буд, бароварда насохт, ба ҳадафаш нарасид».

Дар нишасти мазкур инчунин аз таблиғи якҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун саҳими ягонаи сулҳ ва нодида гирифтани саҳми мухолифини собиқ дар расонаҳои расмии кишварро коршиносону аъзои Ҳизби Наҳзати исломииТоҷикистон интиқод ва онро як навъ таҳрифи дастовардҳои сулҳи тоҷикон арзёбӣ карданд.

Ҷалолиддин Маҳмудов, ноиби раиси ин ҳизб, гуфт, яке аз телевизионҳои давлатӣ бар ивази таблиғи саҳми собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин дар истиқрори сулҳ аз мақомоти ҲНИТ маблағ хостааст: «Нафаре восита шуда ва назди раҳбарияти ҲНИТ омада гуфтааст, ки агар 600 доллари амрикоӣ диҳед, мо метавонем барои шумо дар телевизион 20 дақиқа вақт ҷудо кунем, то шумо аз корҳои анҷомдодаатон тарғиб кунед. Раҳбари ҳизб марҳум Устод Нурӣ ҳам дар посух гуфт, ки ташаккури зиёд, мо ба сулҳе, ки ба меҳнату заҳмати зиёд расидем, агар пул дода намоиш диҳем, чи маънӣ дорад. Агар қадри кори мо ҳамин аст, ҳар коре мехоҳед, бо ҳамон телевизиону барномаҳоятон бикунед ...».

Ҳамзамон раёсати Ҳизби Наҳзати исломииТоҷикистон аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори он шуд, ки дар пешорӯи Рӯзи Ваҳдати Миллӣ ва дар қиболи ба тасвиб расидани қонуни афв, ҳамчунин парвандаҳои эҳтимолии ҷиноӣ, ки нисбат ба аъзои собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин боз шуда ва феълан рӯи дасти мақомоти қудратист, лағв гардад.

Аз замони истиқрори сулҳ дар кишвар 10 сол сипарӣ мегардад. 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба тасвиб расид, ки зери он раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Саййид Абдуллоҳи Нурӣ имзо карда буданд.

Бо ҳамин, ҷанги шаҳрвандие, ки беш аз панҷ сол идома дошт ва, ба гуфтаи муҳаққиқон, 7 миллиард доллари амрикоӣ хисорот овард, ҷони 100 ҳазор нафарро гирифту 25 ҳазор зани ҷавонро бешавҳар, 60 ҳазор кӯдакро бекасу бепарастор ва як миллион шаҳрванди Тоҷикистонро гуреза кард, хотима ёфт.

Он ба ҷуз аз авоқиби нангини нозудуданӣ ҳамчунин суъолҳоеро ба ҷой гузоштааст.

Суъолҳое, ки посух металабанд.

Кӣ ё киҳо бояд ба он посух бидиҳанд? Инҳам худ як суъоли дигар аст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG