Пайвандҳои дастрасӣ

Моҳи май: 15 ҳодисаи нақзи ҳуқуқи хабарнигорони тоҷик


ка

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар гузориши тозанашри худ аз афзоиши нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорони кишвар дар моҳи майи соли равон хабар додааст.


Абдуфаттоҳ Воҳидов, роҳбари гурӯҳи таҳқиқотӣ ё мониторинги ин анҷуман, мегӯяд, дар моҳи май понздаҳ ҳодисаи тавҳин ва поймол кардани ҳуқуқи рӯзноманигорон аз сӯи мақомоти расмӣ сабти ном шудаанд ва ин нисбат ба моҳи апрел зиёдтар мебошад. Ба қавли ӯ, мушкили дастарасӣ ба иттилоот ҳамоно мушкили аввалияи журналистон боқӣ мемонад.


Оқои Воҳидов таъкид кард, ки танҳо барои гирифтани маълумот роҷеъ ба сатҳи ҷинояткорӣ дар шаҳри Хуҷанд хабарнигори ожонсии иттилоотии «Варорӯд» Мадина Почоева муддати беш аз як ҳафта овора шудааст, вале, бо вуҷуди ин, талошҳои ин хабарнигор бенатиҷа анҷом ёфтааст.


Дар ин гузориш, аз ҷумла, дар мавриди ҷониби додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа поймолшавии ҳуқуқи гузоришгари родиюи «Озодӣ» Абӯбакри Файзалӣ низ изҳори ташвиш шудааст.


Ва ин ҳам дар ҳолест, ки ду моҳ пеш созмони «Фридом Ҳауз» аз коҳиш ёфтани озодии баён дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG