Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон дар орзуи фатҳи Кобуланд


Рӯз то рӯз ҳамалоти нерӯҳои «Толибон» ба мавқеъҳои артиши ҳукумати Афғонистон бештару муассиртар мешавад.


Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳаракати «Толибон» ба родиюи «Афғонистони озод» гуфт, ҷангиёни толиб шеваи фаъолиятҳои худро тағйир дода, акнун ҳамалоти худро болои Кобул, пойтахти Афғонистон, мутамаркиз хоҳанд кард.


Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ҳамчунин гуфт, ҳамлаҳо ба Кобул аз муассиртарин амалиётҳои «Толибон» хоҳад шуд.


Вазорати дохилаи Афғонистон дар пайи ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои маргталабонаи мухолифини ҳукумат дар пойтахт тадобири амниятиро дар роҳҳои ба сӯи Кобул шадидтар кардаанд.


Дар робита ба ин иддаъои мухолифини ҳукумати худ Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, эҳтимоли ҳамлаи «Толибон» ба Кобулро рад карда гуфтааст: «Толибон беш аз мунфаҷир кардани бомб кори дигаре наметавонанд кард».


Паймони низомии NATO, ки фармондеҳии нерӯҳои байнулмилалии кумак ба амнияти Афғонистонро бар уҳда дорад, ахиран эълон кард, ки ҳамкориаш бо мақомоти амниятии Афғонистонро тавсиъа хоҳад дод, вале стротежии низомиаш дар ин кишварро тағйир доданӣ нест.


Дар ҳамин ҳол, Барномаи хорубори СММ ироъаи кумакҳояш ба бисёре аз вилояти хушунатзадаи Афғонистонро қатъ кардааст. Ричард Корсино, мудири ин барнома дар Афғонистон, гуфт, ин тасмим дар пайи ҳадафи ҳамалоти ҷангиён ва ё раҳзанон қарор гирифтани 85 мошини ин созмон гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG