Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фақат ба хотири СУЛҲ (Фасли 5)


Вижагуфторе бахшида ба 10-умин солгарди имзои созишномаи сулҳи Тоҷикистон

Аз гуфтушунидҳои Исломобод, Алмато, Бишкек, Кобул, Машҳад ва Ишқобод ҳамаи роҳҳо ба Маскав доман кашиданд. Бозгашти мухолифон ба ватан на танҳо зери оҳанги суруди миллӣ, балки бо садои тиру тӯп ба вуқӯъ пайваст.
--------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------
То Абдумалик Абдуллоҷонов Тоҷикистон дар таърихи худ сафири саркашро надида буд.

Вай ба талабҳои бозгашт ба Душанбе пузханд мезаду намехост, бо сарвари давлате, ки худ сафири он дар Русия буд, яъне бо Эмомалӣ Раҳмонов, телефонӣ сӯҳбат кунад.

Ниҳоят, худи Раҳмонов озими Маскав шуд ва мулоқоти сарвари давлат бо сафираш, мулоқоте шабеҳи гуфтушунидҳои сулҳ, рӯзи 17-уми августи соли 1994 дар яке аз бӯстонсароҳои Вазорати корҳои хориҷии Русия бо миёнаравии масъулони ин вазорат ба амал омад.

Абдуллоҷонов на танҳо сафири Раҳмонов, балки инчунин номзади олтернативи ӯ дар интихоботи президентӣ буд. Рақибе буд, ки бо талошҳои Раҳмонов дар поёни соли 1993 аз курсии сарвазир маҳрум гаштаву ҳоло шояд ниқор мехост.

Иброҳими Усмон, намояндаи давлат дар музокироти сулҳи Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумат он вақт онгуна заъиф буд, ки дар 1 сол чаҳор бор сарвазир иваз шуд: "Соли 1993 -- Абдуллоҷонов, 1994 -- Самадов, 1995 -- Каримов, 1996 -- Азимов. Яъне ҳар сол савразир иваз мешуд. Ин нишон медод, ки сарунӯги сохтори давлати мо муайян набуд."


Аммо иваз шудани Абдуллоҷонов чизи дигаре буд. Озар Мурсолиев, шореҳи “Коммерсант”, чопи Маскав он вақт навишт: "Абдуллоҷонов метавонист, ба як чеҳраи оштиовар ва тарозуӣ ҳам барои тарафҳои низоъи Тоҷикистон ва ҳам барои Русия ва Узбакистон табдил ёбад."

Таъвизи Раҳмонов бо Абдуллоҷонов, ба навиштаи Мурсолиев, чунин маънӣ дошта метавонист, ки ҳамаи иштибоҳҳои давраи ҷанг ва ҳамаи хоку хун ба номи Раҳмонов сабт мегардад ва акнун шахсе меояд, ки гӯё дар ин ҳама дасти мустақим надошт. Ва оппозисюн, ки ҳоло аз хориҷ ин ҳамаро бодиққат мушоҳида мекунад, аз аспи хашм поин меояд. Хоса, ки ба гуфтаи Абдулмаҷид Достиев, муовини аввали Раҳмонов дар Шӯрои олии соли 1994, Абдуллоҷонов ба оппозисюн "бегона" набуд: "Ҳамон вақт ҳам мегуфтам ва имрӯз ҳам мегӯям, ки Абдумалик Абдуллоҷонов сарвазири ҳукумати мухолифин буд. Асноди зиёде кашф шудааст, ки бо фармони ӯ барои ташкили дастаҳои мусаллаҳ аз буҷаи давлат пул ҷудо шудааст. Вай интихобкарда ва таъинкардаи оппозисюн буд."

Матбуоти Русия он вақт навишт, ҳарчанд Раҳмонов ва Абдуллоҷонов аз ҳам фарқи кам доранд, эҳтимол, норозигии мардум аз вазъи кишвар, аз зӯроварӣ ва бераҳмии пирӯзшудагони ҷанг, махсусан шербачаҳои Фронти халқии Кӯлоб, аз ишғоли мансабҳои ҳатто хурдтарин бо зӯри силоҳ ва ҳамту дар ҳасрати давраҳои осоиштаи ҳукумати хуҷандиҳо ба тарафдорӣ аз Абдуллоҷонов раъй диҳанд. Худи Абдуллоҷонов батакрор мегӯяд, вай дарвоқеъ ғолиби ин интихобот буд: "Мо сазовори боварии 79 дарсади интихобкунандагон гардидем. Вале режими имрӯза бо найрангҳои сиёсӣ овози интихобкунандагонро 52 дарсад ба фоидаи худ ва 48 дарсадро гӯё ба мо ҳадия кард. Мо ба хотири сулҳу салоҳ дар ҷумҳурӣ аз гирдиҳамоии эътирозӣ худдорӣ кардем. Вале худро ҳамоно нисбати ҳукумат дар мавқеи оппозитсияи конструктивӣ эълон доштем."

Шикасти Абдуллоҷонов дар интихобот тавре шарҳ дода шуд, ки гӯё Русия ба рағми талошҳои Узбакистон тасмим гирифт, ба Раҳмонов такия кунад. Ба нишони эътироз аз онки тарафи ҳукумат интихобот ва референдумро бе ширкати оппозисюн барпо кард, фаъолиятҳои низомии Иттиҳоди оппозисюни тоҷик тақрибан дар ҳамаи ҷабҳаҳояш бештар шуд ва нахустин бор пойгоҳи он дар дохили кишвар, дар Тавилдара зуҳур кард. Дар бораи ҳамла ба Тавилдара ва ишғоли он оппозисюн филми мустанаде ба навор гирифт, ки дар он як артиши муназзаму мусаллаҳ ва садҳо муҷоҳиде бо ангезаи қавӣ намоиш дода мешуд.

Дар ин байн Абдуллоҷонов Ҷунбиши эҳёи миллиро таъсис дод, ки ду сарвазир собиқи дигар, Абдуҷалил Самадов ва Ҷамшед Каримов, ҳарду ҳам аз шимол, низ ба он аъзо шуданд: "Ҳоло чун сухан аз Ҳаракати Эҳёи Миллӣ равад, аксаран аз номи се тан собиқ сарвазирони ҷумҳурӣ ёд мекунанд, вале бояд қайд кард, ки ба ин ҳаракат дигар қувваҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, ба мисли Иттиҳоди қувваҳои прогрессивии Тоҷикистон, Бунёди дастгирӣ аз ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, Ҷамъияти тоҷикони муқими Маскав ва созмонҳои сиёсию ҷамъиятӣ аз Вилояти кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Ҳисор низ шомиланд. Мақсади мо ҳам ҳарчи зудтар ҳал шудани қазияи Тоҷикистон аст."

Дар ҳоле ки гуфтушуниди ҳукумат ва оппозисюн ба бунбаст расидаву дармонда буд ва як "нирӯи сеюм" мехост, рӯи саҳна ояд, рӯзи 3-юми апрели соли 1995 дар Тошканд мулоқоти президенти Узбакистон Ислом Каримов бо ҳайъате аз оппозисюни тоҷик барпо шуд. Дар он Каримов пешниҳод кард, даври чаҳоруми гуфтушуниди сулҳи тоҷикон дар Тошканд баргузор шавад. Чанде нагузашта дар Кобул мулоқоти ғайриодии сарони ду ҷониб -- Эмомалӣ Раҳмонов ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба вуқӯъ пайваст.

Ба гуфтаи пажӯҳандаи сулҳи тоҷикон, Иброҳими Усмон ин мулоқот роҳро ба идомаи гуфтушунид боз кард: "Дар мулоқоти 19-20-уми май дар Кобул созишномаи байни президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва раиси Иттиҳоди нирӯҳои оппозисюн Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба имзо расид. Дар он таъкид шудааст, ки ҷонибҳо хоҳони идомаи музокирот ҳастанд, хоҳони ҳалли проблемаи Тоҷикистон бо роҳи сулҳ ҳастанд ва ба ҳайъатҳои худ супориш медиҳанд, ки ҳарчи зудтар дар Алмато вохӯрӣ кунанд ва муҳимтарин масъалаи музокироти сулҳи Тоҷикистон -- масъалаи иштироки нирӯҳои оппозисюн ва мардуми гурезашударо дар идоракунии давлати Тоҷикистон баррасӣ намоянд. Тибқи ҳамин супориш баъд аз як ҳафта дар Алмато даври чаҳоруми музокироти сулҳи Тоҷикистон шурӯъ шуд, яъне ба туфайли вохӯрии Кобул музокирот аз бумбаст баромад."

Баъд аз чандин сол Раҳмонов дар ҳамон толоре, ки бо Нурӣ мулоқот карда буд, ин тавр гуфт: "Ман худам омадам. Агар ба ёд дoшта бошед, дигарашро намегӯед, ки дар ҳамон вақт чӣ гуна ҳукумат қарор дошт. Дар ҳамин ҷо як ҳукумати вай буд, як фисади ҳукумат, вай сарвазираш Ҳикматёр 25 километр дуртар ва ҳар рӯз 12 ракета Кобулро мезад. Қасре ки маро ҷо карданд, валангор буд, як ҷои ҳамааш тирзада ва хароб буд. Мо натарсида, наҳаросида, аввалан ки мақсади ниҳоии ман барои музoкирот, барои гуфтушунид, барои вохӯрӣ, барои ҳамбастагию гӯем, ки муттаҳидии миллати тоҷик, сарҷамъ намудани он буд."

Дар рӯзҳое ки Раҳмонов ин суханонро мегуфт, Нурӣ дар бемористони Мюнхен таҳти назари пизишкон буд ва низ гуфт, аз он мулоқот таассуроти хуш дорад: "Воқеан, мулоқоте ки аввалин бор мо бо оқои Раҳмонов дар Кобул доштем, агарчи як мулоқоти сода буд ва тавре намудор мешуд, ки гӯё ягон натиҷа надошт, зербинои сулҳи Тоҷикистон шуд, зеро ҳама чизи баъдӣ бар пояи он тавофуқоти шифоҳии байни мо сурат гирифт. Он вақт мо бо ҳам қавл додем, ки кӯшиш мекунем, сулҳ ба натиҷа расад, мардум ба Тоҷикистон баргарданд ва ин ҷангу мусибатҳое, ки ҳастанд, аз байн бираванд."

Даври навбатии гуфтушунид дар Тошканд барпо нашуд. Ба назар расид, ки таъсири Узбакистон ба Раҳмонов ба маротиб коҳиш ёфта ва ҳатто ба нестӣ расидааст, ҳол он ки Раҳмонов соле пеш Ислом Каримовро "падари миллати тоҷик" меномид. Ва Каримов ҳам дигар пинҳон намекард, ки машваратҳои ӯ ба Кремлин ва тонку зиреҳпӯшу афсарони вай Раҳмоновро ба қудрат расонданд ва ӯ буд, ки аввалин шуда, бо номаи вижа ба унвони Дабири кулли Созмони Милал ҳанӯз дар соли 1992 таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба низоъи Тоҷикистон ҷалб карда буд. Аммо бояд гуфт, он вақт, номаи Каримов бар зидди оппозисюн ва бахусус Тӯраҷонзода буд. Акнун Каримов Раҳмоновро танқид мекард: "Раҳмонов ҳанӯз пурра дарк накардааст, ки фақат бо гуфтугӯи сиёсӣ ва мусолаҳа метавонад, вазъро ором кунад. Гуфтушунид то ҳоло чизе надод, ба ғайр аз такрори дастоварди Теҳрон. Агар ҳамин тавр равад, мавқеъи Раҳмонов аз имрӯз ҳам дида заъифтар хоҳад шуд."

Миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид дар ин музокирот имкон дода буд, ки вазъи Тоҷикистон ҳар шаш моҳ дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал мавриди баррасӣ қарор гирад. Иёлоти Муттаҳида, ки дар ибтидо бештар бо вазъи Югославии собиқ саргарм буд, бори аввал дар оғози соли 1995 сабабҳои ҷанги Тоҷикистон ва вазъи феълии раванди сулҳро дар Конгресс баррасӣ кард. Моҳи марти ҳамин сол ду раҳбари оппозисюн Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ба Иёлоти Муттаҳида даъват шуданд.

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида инро ҳам медонистанд, ки созмони Конфаронси Дартмут ҳанӯз дар моҳи марти соли 1993 аввалин бор муколамаи давомдори бархе аз намояндагони ҳукумат ва мухолифонро сар карда буд. Созмони мазкур аз соли 1960 ба ин тараф бо мақсади табодули афкор гуфтушуниди шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Шӯравиро барпо мекард. Аз муассис ва раҳбари ин гуфтугӯҳо, сенатори собиқ Ҳол Сандерс мепурсам, аз чӣ Конфаронси Дартмут аз миёни чандин низоъе, ки дар қаламрави шӯравии собиқ иттифоқ афтода буд, Тоҷикистонро интихоб кард:

"Ба се сабаб. Якум аҳамияти стратегии Тоҷикистон барои амнияти Русия ва Амрико. Кишваре дар марзи Чину Афғонистон ва Эрон. Дуввум, мо мушоҳида кардем, ки бо вуҷуди ҷанги хунин дар Тоҷикистон ҳеч яке аз созмонҳои ғайридавлатӣ ба ин кишвар таваҷҷӯҳ намекард. Мо хостем ин холигоҳро пур кунем. Ва саввум, ҳамкорони руси мо гуфтанд, онҳо метавонанд, ба Тоҷикистон сафар кунанд ва афродеро, ки битавонанд, дар сатҳи дувуму саввум аз тарафҳои даргир намояндагӣ кунанд, ба муколама ҷалб намоянд."

Ин муколамаи ғайрирасмӣ шояд ду ҳадафи асосӣ дошт. Аввал инки дар бораи низоъ дар Тоҷикистон иттилоъи дасти аввал ҷамъ оварда мешуд ва сониян, ба воситаи ин афрод андеша ва назарияҳои эҷоди сулҳ шакл гирифта, ба афкори ҷамъиятии ҷомеаи тоҷик ва аз он роҳ ба гуфтушунидҳои сулҳ ворид мегашт. Ҷаноби Сандерс гуфт, чанде аз ширкаткунандагони муколама узви ҳайъатҳои музокиракунандаи тарафҳо шуданд ва чандин андешаи бурунрафт аз бӯҳрон баъдан дар гуфтушунидҳои расмӣ рӯ заданд ва ҳатто амалӣ гаштанд.

Ҳанӯз дар даври саввуми музокирот дар Исломобод, Иёлоти Муттаҳида изҳор дошта буд, мехоҳад, дар онҳо ба ҳайси нозир ширкат кунад. Иттиҳоди оппозисюни тоҷик ба чунин ширкат ризоият дод, вале тарафи ҳукумат рад кард. Ҳарчанд бархе аз аъзои бонуфузи ҳайъати давлат дар гуфтушуниди сулҳ, ин раддияро як иштибоҳи сиёсӣ хонданд, иқрор карданд, ки Русия ширкати Амрикоро дар гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистон намехоҳад. Вале дар аксари нишастҳои баъдӣ намояндагони Амрико ба ҳайси меҳмон дар гуфтушунид ширкат мекарданд.

Ҳамзамон бо густариши нозирони гуфтушунид омилҳои таъсир ба ҷараёни он низ афзоиш меёфт. Ва боз ҳам ҳамзамон асабонияти Маскав ва ҳароси он аз раҳо шудани раванд аз дасташ эҳсос мешуд. Дар даври дигари гуфтушунид дар Алмато, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев шахсан ба баҳси тарафҳо дахл кард ва андешаи даъвати Форуми халқҳои Тоҷикистонро, ки қаблан Ислом Каримов ба миён гузошта буд, пуштибонӣ намуд. Дар Ишқобод, президенти Туркманистон Сафармурод Ниёзов шахсан ба Эмомалӣ Раҳмонов занг зада, тақозо мекард, нозирони ҳарбӣ ба Тавилдара ва Шӯробод фиристода шаванд, то муайян шавад, ки нақзи оташбас идома дорад ё на. Дар Бишкек, президенти Қирғизистон Аскар Оқоев ошкоро нишон дод, ки бештар бо оппозисюни тоҷик ҳамақида аст, то бо ҳукумати Тоҷикистон.

Вале мисли пешина муҳимтарин тасмимгириҳои марбут ба сулҳ дар Маскав гирифта мешуд. Сарвари ҳайъати оппозисюн дар гуфтушуниди сулҳ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода боре аз толори сӯҳбатҳои сангин берун омада, гуфта буд, ҳарчанд музокирот бо миёнаравии Созмони Милал ҷараён дорад, дар асл тарафҳо маҷбуранд, ҳамеша тасмимҳои Маскавро амалӣ кунанд. Ва узви дигари ҳайъати музокиракунандаи оппозисюн, собиқ маҳбуси сиёсӣ Ҷумъабой Ниёзов, ки баъд аз даври Исломобод ва бо талошҳои фидокоронаи сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ дар қатори 57 нафари ду ҷониб ба озодӣ расида буд, мегӯяд: "Дар вохӯрии Алмато ду тараф соати дуи шаб ба ифоқа омадем, ки ҳалли пайдокардаи мо ҳарду ҷонибро қаноат медиҳад ва пагоҳаш мебоист созишномаро расман ба имзо мерасондем. Лекин то субҳ ҳама чиз тағйир кард. Баъди шабона парида омадани ноиби вазири корҳои хориҷии Русия Алберт Чернишов вазъият дигар шуд ва пагоҳаш тарафи ҳукумат аз имзо кардани санади омодашуда даст кашид."

Омилҳои зиёде Русияро водор карданд, сиёсаташро нисбат ба вазъи Тоҷикистон тағйир диҳад. Бар замми зуҳури "нирӯи сеюм"-и Абдуллоҷонов аввалин шӯриши Маҳмуд Худойбердиев бо талаби истеъфои атрофиёни Раҳмонов ва ҷудо кардани Қӯрғонтеппа аз Кӯлоб барои дипломатҳои Русия дарди саре эҷод карда буд. Талошҳои афзояндаи Узбакистон ва Иёлоти Муттаҳида ба таъсири бештар дар сулҳи Тоҷикистон, дар ҳоле ки Тошканд то рафт аз Маскав дуртар мелағжиду ба Вошингтон наздиктар мешуд ва дар ҳоле ки Русия дар баҳси Балкан аз Амрико шикаст хӯрда буду акнун ҷанги наве дар Чеченистони худаш оташ гирифта буд, дидгоҳи наверо тақозо мекард. Ба ҳамаи ин ҳаракати босуръати ҷумбиши Толибони афғон ба сӯи марзҳое идома дошт, ки Русия онҳоро марзи худ меномид. Мушовирони Елтсин ошкоро ба ӯ мегуфтанд, ки бо ин ҳол дар Тоҷикистон низ Русияро шикасте интизор аст, ки маҷбураш хоҳад кард, дар як шаб марзи худро ба Урал кӯч диҳад.

Президенти Русия Борис Елтсин 19-уми январи соли 1996 дар мулоқоти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ дар Маскав асабиёна ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов хитоб кард, ки то кай Русия ӯро рӯи даст гирифта гардад? То кай нирӯҳои Русия ҳукумати ӯро муҳофизат кунанд? Раҳмонов гуфт, пешравиҳо ҳаст ва ӯ мустақиман бо раҳбари оппозисюн дар гуфтушунид аст. Аммо президенти Узбакистон Ислом Каримов ин ҳарфи Раҳмоновро бепоя хонд ва гуфт, тибқи иттилоъе ки вай аз сарони оппозисюн дорад, Раҳмонов сидқан сулҳ карданӣ нест. Президенти Туркманистон Сафармурод Ниёзов низ гуфт, ҳамчун мизбони даври панҷуми гуфтушунид, аз ҳеч пешрафте хабар надорад. Сарони кишварҳои ҳамсуд ба Раҳмонов шаш моҳ мӯҳлат доданд, бо мухолифони худ забони муштарак пайдо кунад.

Ин гардиши куллие буд, ки суръати гуфтушунидҳоро афзуд. Мулоқотҳои Раҳмонову Нурӣ бештар шуданд. Роҳи ҳалли низоъ рӯшантар гашт. Аммо вақти зиёде аз даст рафта буд ва тарафҳо дигар фурсати кофӣ надоштанд, ҷузъиёти низомномаи Кумисюни Оштии Миллӣ, тақсими дақиқи саҳми оппозисюн дар ҳукумат ва масъалаҳои муҳими дигареро ҳал кунанд. Нақзи оташбас ин ҷову он ҷо идома дошт ва эътимоди тарафҳо ба ҳамдигар ба дараҷаи кофӣ қавӣ набуд.

Дар нимаҳои моҳи сентябри соли 1996 ҳукумат як қадами дигаре гузошт, ки оппозисюнро дарҳам занад. Дар Ғарм миёни бархе аз фармондеҳони оппозисюн ва намояндагони ниҳодҳои қудратии давлат созишномаи алоҳида ба имзо расид. Соҳиби яке аз имзоҳои зери ин санад, фармондеҳи Ғарм Мирзохуҷа Низомов мегӯяд, ин на иштибоҳ, балки кӯмак ба раванди сулҳ буд. Вай мегӯяд: "Дар ҳақиқат вақте ки мо созишномаи оташбаси Ғармро имзо мекардем, ман розигии раҳбариятро нагирифта будам. Зеро фикр мекардам, ки дар ҳамон лаҳзаҳо мумкин аст, ки онҳо барои гуфтушунид розӣ нашаванд ва пештар ҳам дар ин масъалаҳо баъзан аз тариқи мухобира бо онҳо сӯҳбат мекардам, мегуфтанд, ки вазифаи фармондеҳ музокирот нест, балки ҷанг аст. Ман аз он нуқтаи назаре, ки мумкин дуруст карда будам ё нодуруст, ба ин фикр мекардам ва мефаҳмидам, ки оқибати ҳамаи ин ҷангҳо сулҳ аст."

Ҳукумат бо фармондеҳон вориди гуфтушунид шуд, аммо ширкати гурӯҳи Абдуллоҷоновро дар гуфтушунид нахост. Иброҳими Усмон: "Охири соли 1996 ба Созмони Милали Муттаҳид ариза навишт, ки ба мо ҳам рухсат диҳед, дар музокироти сулҳи тоҷикон иштирок кунем. Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷавоб дод, ки музокироти сулҳи тоҷикон дар асоси ризоияти ҳарду тараф шурӯъ шудааст ва танҳо ризоияти ҳарду тараф метавонад, муайян кунад, ки ширкати қувваи дигаре дар он даркор аст ё не. Дар мулоқотҳои моҳи январи ҳамон сол тарафи мухолифин чандин дафъа пешниҳод карданд, ки бояд гурӯҳи Абдуллоҷонов ҳам дар музокирот иштирок кунад. Ин гурӯҳ роҳҳои ҳамкорӣ бо Иттиҳоди оппозисюн суроғ дошт ва мехост ба ин восита ба ҳукумат баргардад."

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегуфт, ба эътибор нагирифтани манфиати сарварони Кӯлоб дар соли 1992 сабаби фурӯпошии Ҳукумати муросои миллӣ шуд, биноан бояд манфиати ҳамаи гурӯҳҳо, ба ҷумлаи гурӯҳи Абдуллоҷонов, ба назар гирифта шавад, то кишвар ба сулҳи устувор, фарогир ва дорои пояи васеъ даст ёбад. Аммо Русия, тарафи ҳукумат ва ҳатто Созмони Милали Муттаҳид сулҳеро мақсад гузошта буданд, ки на бештар аз поёни ҷанг бошад.

Пас аз чаҳор даври дигари гуфтушунид ва чаҳор мулоқоти Раҳмонову Нурӣ дар 27-уми июни соли 1997, билоохира Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Тибқи он Кумисюни оштии миллӣ таъсис ёфт, аввалин ҷаласаашро дар Маскав баргузор кард ва аммо вуруди он ба Тоҷикистон боиси баҳсе шуд, ки низ аз дидгоҳи тарафайн гувоҳӣ медиҳад. Ҳукумат ба бозгашти Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар як ҳавопаймо бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ монеъ шуд. Шоми он рӯз ҷаноби Нурӣ чунин гуфт:

"Мутаассифона, чун ҳарвақта боз ҳам душманони ин миллат, душманони сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон дар арафаи бозгашти мо дасисаҷӯӣ карданд ва эъломияе пахш карданд ё аниқтараш, овозаҳoе паҳн карданд, ки устод Тӯраҷонзода, ки дар тамоми даврони муборизаи сиёсӣ ҳамроҳи мо буданд ва дар тамоми муборизаҳои ҷиҳодӣ ҳам бо мо буданд ва дарвоқеъ беҳтарин ва умдатарин санадҳои оштии миллӣ бо дасти ҳамин шахс ба имзо расидаанд ва метавонам, бигӯям, ки аввалин ва асоситарин шахсе, ки ҳамаро тарғиб ба сулҳу оштӣ кард, ҳамин шахсият буданд, онҳо гӯё ин ки наметавонанд, ба ватан баргарданд. Гӯё танҳо аъзои Кумисюни оштии миллӣ метавонанд, ба ватан баргарданд. Бо тамосҳое, ки бо ҷаноби Достиев доштем, ба чунин тавофуқ раcидем, ки ин ҳама овоза аст ва гапҳои кӯчагӣ аст ва аз ҷумла он суханҳое ки аз номи ҷаноби Достиев пахш карда буданд, ки монеъи бозгашти ҷаноби оқои Тӯраҷонзода мешуд, онҳоро рад кард ва мо ҳам чун ба ин тавофуқ расидем, омода ҳастем, иншоаллоҳ ба хости худованди таборак ва таоло, бо вуҷуди мушкилоте, ки дар дохили кишвар дида мешавад, фардо озими ватан хоҳем шуд."

Ба ақидаи коршиносон, Тӯраҷонзода барои пойфишорӣ ва сахтравиҳояш дар гуфтушунидҳои сулҳ мавриди бадбинии тарафи ҳукумат қарор ёфта буд. Вале аз сӯи дигар, кӯшиш мешуд, таассуроте эҷод шавад, ки Нурӣ бо Тӯраҷонзода аз ҳам фарқи зиёд доранд, яке хоҳони сулҳ асту дигаре на ва дар байни онҳо рақобат барои қудрат вуҷуд дорад. Дар эҷоди чунин фазо ҳавохоҳони тундрави ҳарду сарвар низ саҳми муайян доштанд. Аммо Оливер Руа, ховаршиноси фаронсавӣ мегӯяд, чун ҳукумат натавонист, дар байни сарони оппозисюн ихтилофи сиёсӣ ба вуҷуд орад аз ин рақобатҳои хурд истифода кард: "Тӯраҷонзода бештар раҳбари сиёсӣ буд ва Нурӣ бештар раҳбари идолужик. Мумкин як рақобати шахсӣ вуҷуд дошт, аммо кори сиёсӣ бештар бар зиммаи Тӯраҷонзода буд."

Ба қавли ҷаноби Руа бисёре аз бӯҳронҳои баъдина дар марзи Афғонистон, Кофарниҳон, Тавилдара ва атрофи Душанбе бо ҳадафе эҷод шуданд, ки дар миёни раҳбарону фармондеҳони оппозисюн ҳаддиақал нобоварӣ ва ҳаддиаксар хусумат ба миён ояд. Чунин ҳол метавонист, ба ҳукумат кӯмак кунад, ки созишҳои сулҳро ба манфиати худ амалӣ намояд. Раиси Кумисюни оштии миллии Тоҷикистон ва раҳбари Иттиҳоди оппозисюн Саид Абдуллоҳи Нурӣ аз бӯҳрони марбут ба бозгашти 300 размандаи оппозисюн ёд кард, ки аввал муддати дароз марзбонҳои рус онҳоро нагузоштанд, аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шаванд ва сипас аз зери киштие, ки мебоист онҳоро ба соҳили ватан интиқол медод, бомбаи бузурге кашф шуд: "Дар охирин лаҳзаҳо ин бомбро кашф карданд ва агар он метаркиду ин қадар размандаҳои мо кушта мешуд, худо медонад, оё раванди сулҳ идома мекард ё на. Дарвоқеъ ин ҳам дар ҳамон чанд рӯзи баъд аз қатли Латифӣ буд ва агар фоҷиа ба амал меомад, назорати гурӯҳҳои мусаллаҳ аз дасти оппозитсия берун мешуд ва дигар онҳоро ҷамъ овардану ба сулҳ мутақоъид кардан даргумон буд, даст медод."

Дар ҳамин ҳол қатли афроди саршинос дар Тоҷикистон идома дошт ва хабари куштори намояндагони СММ, созмоне ки ба сулҳи Тоҷикистон кӯмак мекард, ҳамагонро ба ваҳшат оварда буд, онгуна ки ҳуқуқшиноси тоҷик Қимат Ризоева ёд мекард: "Куштори афроди саршиносе, ки барои Тоҷикистон азиз буданд, як мақсад дошт ва ин ҳам баҳам задани авзоъ. Ё қатли чаҳор намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар минтақае, ки аҳолии онро ин созмон бо маводи ғизоӣ таъмин мекард, бисёр аламовар буд ва мисли доғе ба рӯи миллат боқӣ монд. Ба назари ман, ин қатлҳо фармоишӣ буданд."

Баъд аз як задухӯрди байниҳамии гурӯҳҳои оппозисюн дар назди дафтари Кумисюни оштиии миллӣ ноиби раиси ин кумисюн аз тарафи ҳукумат Абдулмаҷид Достиев чунин гуфта буд: "Талаби ҷониби ҳукуматӣ дар Комиссияи оштии миллӣ ин буд, ки ИНОТ бояд нирӯҳои худро назорат карда тавонад ва гунаҳкорони ҳодисаро боздошт карда, тибқи қонун ба мақомоти интизомӣ таслим кунад."

Яке аз бӯҳронҳои шадид дар моҳи марти соли 1998 зимни рӯйдодҳои Кофарниҳон ба вуқӯъ пайваст. Он вақт ҷаноби Тӯраҷонзода ба хабарнигори радиои Озодӣ дар Душанбе, Соҷидаи Мирзо чунин гуфт: "Дар тӯли ду-се соли ахир ҳамеша мехостанд, бо роҳи эҷоди ихтилоф дар байни сарони оппозисюн, хусусан сарони Наҳзати исломӣ дар байни устод Нурӣ ва банда як фарқеро қоил бошанд ва ба дунё бигӯянд, ки ин яке сулхоҳ аст ва дигаре сулҳхоҳ нест, вале то имрӯз муваффақ нашуданд. Биноан баъд аз бозгашт ин тавтеъаҳоро эҷод карданд, то ба мардуми дохилу хориҷ бигӯянд, ки бубинед, фалонӣ омад, боз ҷанҷолҳо шурӯъ шуд, ки албатта, инҳо тӯҳматҳои ошкороянд. Вақте дар телевизион гуфтам, ки асирон дар дасти муҷоҳидони моянд, баъзе аз бародарони мо суол карданд, ки чаро ин ҳарфро задед, Ман аз онҳо пурсиданиям, ки магар муҷоҳидон муҷоҳидони мо нестанд? Чаро роҳбарҳо дар бораи онҳо дар шахси сеюм сӯҳбат мекунанд? Ду тарафро ба сулҳу салоҳ даъват мекунанд. Кадом тарафанд ин ду тараф? Магар як тараф худи раҳбарияти наҳзат, раҳбарияти оппозисюн нест? Тарафи дигар оё ҳукумат нест? Агар инҳо сеюм тараф бошанд, пас он ду тарафи киҳостанд? Оё ба сари худ ҳастанд он муҷоҳидони мо? Ман ба ин сиёсат мувофиқ нестам. Ман агарчанде имрӯз ба ҳайси муовини аввали нахуствазир дар ҳукумат кор мекунам, ҳамчун намояндаи онҳо ба ин ҷо омадаам, президент маро на барои ақлу инсоф ё чизҳои дигаре ба ин мақом даъват кардааст, балки ҳамчун намояндаи онҳо. Ман намояндаи онҳо дар ҳукумат ҳастам."

Шакли радиоии барнома ин ҷост.
XS
SM
MD
LG