Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Низоми раводиди байни Узбакистону Тоҷикистон: Оё он лағв мешавад?


Зери ин муроҷиатнома ба раиси ҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов беш аз 50 сокини узбактабори ҷамоатҳои мухталифи марзии шаҳри Турсунзода имзо гузошта ва изҳори умедворӣ кардаанд, ки оқои Каримов дар пешорӯи интихоботи раёсати ҷумҳури Узбакистон низоми раводидро бекор кунад. Онҳо мегӯянд, аксари пайвандонашон дар навоҳии наздимарзии Узбакистон, бахусус устони Сурхондарё, ба сар мебаранд, вале мушкили раводид ва муносибати гоҳе ғайриахлоқонаи марзбонони узбак ҳангоми убур мушкил эҷод кардааст. Холбибӣ Назарова, раиси ҷамоати мавсум ба «Ғаров»-и шаҳри Турсунзода, ки қариб 600 хонавода дорад, гуфт: «Вазъ то андозае аз низом баромадааст, ки шаҳрвандони мо ҳарчанд раводид доранд, аммо дар посгоҳи марзӣ соатҳо мунтазири убур мешаванд, баъзан нафароне, ки раводид надоранд, то як муддат боздошт мешаванд ва ё аз онҳо маблағ меситонанд. Дар ҳоле ки сокинони навоҳии наздимарзӣ ҳуқуқ доранд, то панҷ шабонарӯз бидуни раводид ба қаламрави кишварҳои ҳамдигар равуо кунанд. Вақти он аст, ки ба ин ҳама бедодгариҳо нуқта гузошта шавад».



Дар ҳамин ҳол хонуме, ки худро Мукаррама ва сокини деҳаи ба номи Ҷӯрақул Раҳмонови Турсунзода муаррифӣ кард, гуфт, ӯ марзбонони узбакро бинобар худсарӣ ва ғайриқонунӣ мусодира кардани ҷавоҳироташ дар посгоҳи марзӣ ба додгоҳ кашидааст ва қарор аст рӯзи ҷумъаи 22-юми июн мурофиаи додгоҳӣ дар ин посгоҳ шурӯъ шавад. Хонум Мукаррама афзуд: «Бо ин вуҷуд ки мо тариқи раводид ба марзи Узбакистон ворид шудем ва ҳуҷҷате барои ҳамроҳ гирифтани маблағу ашёи гаронбаҳо рӯйи даст доштам, марзбонони узбак ҷавоҳироти маро бидуни асос мусодира карданд. Ҳарчанд узбактаборем, аммо ҳангоми убури марз моро шаҳрванди хориҷӣ гуфта, зиёд азият медиҳанд».



Ва аммо аз сокинони деҳаҳои наздимарзии Турсунзода пурсидам, ки чаро онҳо дархости мусоидат ба бекор кардани низоми раводидро аз раиси ҷумҳур Тоҷикистон намекунанд, балки аз раиси ҷумҳури Узбакистон хостаанд, то ба ин масъала расидагӣ намояд. Бобоназар Ҳусайнов, сокини ҷамоати «Ғаров» гуфт, борҳо бо ин мазмун ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат шудааст, аммо ин масъала танҳо ба сурати мувофиқаи ҳукуматҳои ҳар ду кишвар ҳалли худро хоҳад ёфт. Бобоназар Ҳусайнов: «Мо аз кӯмакҳои Ислом Каримов дар давраи низоъҳои дохилӣ дар Тоҷикистон ва саҳми ӯ дар истиқрори сулҳ дар ин кишвар фаромӯш накардаем ва умед дорем, ки имрӯз ҳам пас аз чанд соли анҷоми ҷанг ӯ муруввате мекунад ва роҳҳоро барои бародарони тоҷикистонӣ боз менамояд. Мо танҳо ҳаминро аз Каримов хоҳиш мекунем».



Дар ҳамин ҳол мақомоти сафоратхонаи Узбакистон дар шаҳри Душанбе гуфтанд, ки нусхаи ин муроҷиатномаи сокинони Турсунзодаро дар сомонаи интернетӣ дидаанд ва феълан дар пайи таҳқиқи он мебошанд. Ва аммо масъулини ин намояндагии диплумосӣ нагуфтанд, ки оё ин мактуб ба раиси ҷумҳури Узбакистон расидааст ё на.
Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон низ мегӯянд, дар бекор кардани низоми равуои тариқи раводид бояд ҷониби Узбакистон тасмим бигирад, чун ҷониби давлати Тоҷикистон барои гуфтушунид дар ин масъала омода аст.
Миёни Узбакистону Тоҷикистон низоми равуои тариқи раводид соли 2000-ум муқаррар шуда буд ва мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз як соли пеш аз эҳтимоли бекор кардани низоми раводид хабар дода буданд. Вале таври маълум, ҷониби Узбакистон то ҳанӯз дар рӯшан кардани мавқеъи худ дар ин масъала таъхир мекунад.
XS
SM
MD
LG