Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Financial Express ва таъсиси Иттиҳодияи кишварҳои Осиёи Марказӣ


Нашрия меафзояд, ба ҷуз аз тоҷикон, ки ба форсӣ сӯҳбат мекунанд, забони соъир халқҳои Осиёи Марказӣ - қазоқҳову қирғизҳо, туркманҳову узбакҳо ва қароқалпоқҳо туркист ва таърихи ин мардумон низ ба ҳам хеле печида ва дар тӯли садсолаҳо муштарак будааст. Ва аммо ин суол,ки ин кишварҳо оё қобил ба бастани чунин як Иттиҳод ҳастанд ё на, посухҳои мухталиф доштааст. Муаллифи матлаби Файнешнал Экспресс менависад, ҳар яке аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар ин маврид далоили мувофиқ ва низ мухолиф доранд.


Тулеген Аскаров, иқтисодшиноси қазоқ ба рӯзномаи чопи Бангладеш гуфтааст, ҳамоиши наздиктари иқтисодиву сиёсии Қазоқистон бо кишварҳои ҳамсоя имтиёзҳои наверо барои ин кишвар фароҳам меорад. Қазоқистон як кишвари саршор аз манобеъи нафту газ аст ва ин дар ҳолест, ки Қирғизистону Тоҷикистон, масалан, дар масоили энержӣ танҳо ба нирӯгоҳҳои худ такя мекунанд. Оқои Аскаров гуфтааст, Қазоқистон тақрибан дар тамоми соҳоти иқтисодӣ пешрафтҳои қобили мулоҳиза дорад ва танҳо ниёзе, ки дорад, ба нирӯи кор аст. Нирӯе, ки дар кишварҳои ҳамсоя ба фарқ аз ҷойҳои корӣ фаровон аст.



Ҷалби нирӯи корӣ аз ҳамсоякишварҳо пайомадҳои нохуб низ доштааст, вале Тулеген Аскаров ба мардикорон аз кишварҳои ҳамсоя додани бозори кори Қазоқистонро назар ба ҷалби нирӯи корӣ аз Чин бартар медонад. Ва аммо як мониаи умда дар роҳи ташкили Иттиҳодияи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба назари Файнешнал Экпресс, деворҳои девонсолориву маъмурист, ки як намунаи барҷастааш фаъолияти бонкҳои Қазоқистон дар саҳнаи минтақа будааст. Хусусан дар Узбакистон бонкҳои қазоқӣ ба мушкилоти бузурге рӯ ба рӯянд. Метавон гуфт, ки ин бозор барои бонкҳои Қазоқистон баста аст, менависад, Файнешнл Экспресс.



Тулеген Аскаров ҳамин тавр деворҳои марзиву гумрукӣ ва фасодро аз дигар мониаҳо дар роҳи ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ медонад ва мегӯяд, ташкили иттиҳоди сиёсӣ метавонист хеле аз ин мушкилотро аз байн бардорад. Чизе, ки ба эътиқоди оқои Аскаров, Қазоқистон барояш омода аст. Дар Қирғизистон ҳузури сармояи қазоқӣ хеле маҳсус аст. Вале профессори қирғиз Зайниддин Қурмонов мегӯяд, узвияти кишвараш дар Иттиҳодияи кишварҳои Осиёи Марказӣ чизеро аз истиқлолияти он кам нахоҳад кард. Оқои Қурмонов созмони пешниҳодиро чизе монанд ба СММ ва ИА ном мебарад ва мегӯяд, ду мушкили дигар ҳаст, ки метавонад монеъи ташкили чунин иттиҳодияи минтақавӣ шавад. Яке, ба эътиқоди ӯ, наҳваи равобити байни ин кишварҳост, ки бархе аз онҳо ба кишварҳои ҳамсоя аз зовияи як бародари бузург ба бародари хурд бархӯрд мекунанд.



Мушкили дуввум, фарқи байни низомҳои сиёсист, чунки аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунон таҳти раҳбарии низомҳои худкома боқӣ мондаанд. Сӯҳроб Шарифов, раҳбари Маркази таҳқиқоти стротежии назди идораи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба Файнешнл Экспресс гуфтааст, фикр намекунад, ки омодагии ҳамаи кишварҳои минтақа барои ҳамкорӣ дар чунин сатҳ баробар бошад. Оқои Шарифов чунин сатҳи равобит байни Тоҷикистону Қазоқистонро аз лиҳози прагматикӣ сӯдманд хонда, аммо меафзояд, дар мавриди бархе кишварҳои дигар, масалан, Узбакистон суолҳои беҷавоб ҳанӯз зиёданд. Сӯҳроб Шарифов аз ҷумла ихтилофи назари байни Душанбеву Тошканд дар масоили обу энержӣ, убуру мурур, низоми раводид ва майнкории марзҳои байни ду кишвар аз сӯи Узбакистонро намуна меорад ва мегӯяд,ки баъид ба назар мерасад, ки созмони пешниҳодкардаи Нурсултон Назарбоев қобил ба ҳаллу фасли чунин ихтилофот бошад.



Ва аммо дар мавриди эҳтимоли ба ин созмон пайвастани Туркманистон коршиносон чандон хушбин нестанд. Таҳлилгари рус Андрей Грозин мегӯяд, Туркманистон дар аҳди раҳбари наваш Бердимуҳаммадов низ чандин бор эълон кард, ки мақоми бетарафиашро ҳифз мекунад. Оқои Грозин мегӯяд, ба фаҳми бартариҳои иттиҳодияи ҷадид рафтани Ишқобод фурсати тӯлоние металабад ва дар ҳоли ҳозир ҳатто Нурсултон Назарбоев ҳам ба Туркманистон ҳамчун шарики оянда дар роҳи истиқрори ҳамкориҳои минтақаӣ чандон ҳисоб намекунад. Таҳлилгари узбак Фарҳод Толибов мегӯяд, Тошканд дар марҳалаи кунунӣ барномаи такмили низоми давлатиашро бар ҳар навъ пешниҳоди ҳамоиши минтақавӣ бартарӣ медиҳад.




Ӯ мегӯяд, омилҳои зиёде монеъи ҳаракати Узбакистон ба сӯи чунин Иттиҳодияанд, вале ҳамагии онҳо субъективианд. Ба эътиқоди таҳлилгар, тоҷирони миёна ва хурд бештар моил ба эҷоди шароит барои табодули озоди молу коло ва сармояанд. Ва ин дар ҳолест, ки тоҷирони бузург мухолифи кушодани марзҳо буда, барои ҳифзи ин статус кво ва мақоми феълан пуримтиёз ва ҳаллкунандаи худ дар бозори Узбакистон мубориза хоҳанд бурд. Файнешнл Экспресс дар хулосаи матлабаш менависад, ҳеҷ кадоме аз коршиносонаш ба ташкили бозори умумӣ ва иттиҳоди наздиктари сиёсӣ майл доштани кишварҳои Осиёи Марказиро инкор намекунад, вале дар айни ҳол касе аз онон гуфта натавонистааст, ки оё ин кишварҳо кай метавонанд ихтилофоти мавҷудаи назарҳои худ дар масоили сиёсӣ ва иқтисодиро рафъ ва роҳро барои ташкили Иттиҳодияи Осиёи Марказӣ ҳамвор хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG