Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ иштибоҳоти сулҳро баррасӣ мекунад


Ахиран дар қароргоҳи марказии Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамоиши аъзои он ба муносибати 10-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор шуд.


Иштирокдорони ин нишаст изҳори нигаронӣ карданд, ки мақомот ва расонаҳои вобаста ба давлати Тоҷикистон солҳои ахир истиқрори сулҳро кори дасти танҳо раиси ҳукумати вақти ин кишвар Эмомалӣ Раҳмон унвон мекунанд.


Ҳамзамон дар ин ҳамоиш изҳори нигаронӣ шуд, ки заҳматҳои марҳум Саййид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари пешини Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон, дар истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон аз ҷониби бархе аз давлатмардон ва ВАО-и кишвар нодида гирифта мешавад.


Аъзои Ҳизби Наҳзати исломӣ дар пешорӯи таҷлили 10-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дубора аз мақомот дархост карданд, то ба раҳбари фақиди ин ҳизб Саййид Абдуллоҳи Нурӣ, ба мисли раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад.
XS
SM
MD
LG